Рӯ ба илм. ГЛОБУЛАҲО
Глобулаҳо абрҳои зичи ношаффофи газу чангӣ дар муҳити байниситоравӣ, ки дар фазои равшан чун доғи тира намудоранд. Глобулаҳо калон ва хурд мешаванд. Глобулаҳои калон шакли доираҳои тираро дошта, андозаи қутрашон аз 1 пк кам мебошад. Глобулаҳои хурд ба мисли холчаҳои тира дар туманоти газии равшан ба назар расида, массаашон аз 0,1 М кам аст.
Зичии газу чанги глобулаҳо нисбат ба муҳити байниситоравӣ ҳазорҳо баробар зиёд буда, массаи умумии онҳо аз 20 то 300 М – ро ташкил медиҳад. Нури ситораҳо аз онҳо намегузарад ва дар осмони ситоразор ҳамчун «сўрохҳо» дида мешаванд.
Тақрибан 200 глобулаҳои калон мушоҳида шудаанд, ки аз Офтоб дар масофаҳои то 500 пк ҷой гирфтаанд. Тахмин меравад, ки миқдори онҳо дар Галактика даҳҳо ҳазор аст.
Ҳарорати глобулаҳо назди 10 К буда, дар чунин шароит атомҳои ҳитрогени байниситоравӣ ба молекулаҳо табдил меёбанд. Аз ин сабаб массаи асосии глобулаҳоро молекулаи ҳидрогени сард ташкил медиҳад.
Дар таркиби глобулаҳо инчунин ҳелий, оксиди карбон ва миқдори ками силитсий мавҷуд аст. Глобулаҳои хурд аз махлутҳои газучангии байниситоравӣ иборатанд, ки бо гузашти вақт аз таъсири муҳити беруна (ҳарорат, фишор, афканишот) пароканда мегарданд. Глобулаҳои калон аз таъсири майдони ҷозибаи худ фишор меёбанд ва эҳтимол марҳалаи охири таҳаввули онҳо тавлидшавии гурўҳи ситораҳо бошад.
Муаллиф: А. Раҳмонов
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2015. – Ҷ.4. – С. 381.
Таҳияи Бибишарифа Содиқзода
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.