Баҳси сӯхтор дар маҳфили «Беҳтар аз дўст»  

20-уми сентябри соли равон дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки адиби кӯдакнависи кишвар Азизи Азиз маҳфили навбатии «Беҳтар аз дӯст» аз рӯйи китоби «Сӯхтор»-и нависандаи кӯдакон Болта Ортиқов дар мавзӯи сӯхтор баргузор гардид.

Дар маҳфил хонандагони фаъол аз муассисаҳои таълимии миёнаи умумии №5, №6, №10, №13, №24, №71 ва №96-и шаҳри Ҳисор иштирок намуда, бо садри маҳфил доир ба мазмун ва муҳтавои асари «Сӯхтор»-и Болта Ортиқов суҳбат ва баҳсу мунозира намуданд.

 Дар анҷоми барнома иштирокчиён дар бораи ёрии аввалин ҳангоми сӯхтор ва дигар ҳодисаҳои фавқулода нақл карданд ва аз ҳодисаҳои сӯхтор, ки ба чашм дидаанд, ҳикоят намуданд.

Шаҳдатхон Давлатова.