Китоби нав: “Даҳ бадеҳа”
Китобе, ки муаррифӣ мекунем, бо номи “Даҳ бадеҳа” ба тозагӣ бо дастгирии Институти “Ҷамъияти кушода” – Бунёди мадад дар Тоҷикисон чоп шудааст. Гирдоварандаи он Сорбон Норбадалов дар с арсухан менависад, ки бадеҳа яке аз жанрҳои мусиқии халқӣ буда, асосан аз ҷониби зан ва мард иҷро карда мешавад. Матни бадеҳа содаву равон асту характери мазҳакавӣ дорад. Бадеҳа ба тарзи саволу чавоб сурат гирифта, вақти иҷрои он, писар савол медиҳад, духтар ҷавоб ва ё баракси ҳол.
Дар “Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ” бадеҳаро чунин шарҳ додаанд: “Сухан ва ё шеъри шавқангез, ки бадоҳатан ва закитабъона гуфта мешавад. Суруди шўхест, ки ҳазлу мазоҳро дарбар гирифта, аз ҷониби зан ва мард иҷро мешавад. Бадеҳа фарогири мазўъҳои иҷтимоӣ, маишӣ, ишқӣ – лирикӣ ва ҳаҷвӣ мебошад”.
Фолклоршинос Раҷаб Амонов дар китоби “Лирикаи халқи тоҷик” рочеъ ба бадеҳа гуфтааст: “Дар гузашта, дар драмаҳои халқӣ, нақши занро марди бозингари ширинкор адо менамуд. Либоси занона пўшида, дар ҳаракат ва овоз ба занҳо тақлид намудани мардон хандаву ҳазлу шўхиро қувват медод”. Аз ин бармеояд, ки гоҳе нақши мардро дар бадеҳа занҳо низ ба уҳда мегирифтаанд.
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, аксари сарояндагони касбӣ ашъори шоиронро ба оҳангҳои бадеҳаи халқӣ суруданд ва дар нақарот аз бадеҳаҳои халқӣ истифода карданд. Дар натиҷа бадеҳа каме хусусияти фолклориаш гум карда, мавқеаш дар миёни жанрҳои халқӣ тангтар шуд. Дар саросари Тоҷикистон садҳо бадеҳаҳои халқӣ дар зеҳну забони мардум мечархад, ки хавфи аз байн рафтани онҳо аз назар дур нест. Танҳо бо роҳи ташкил намудани экспедисияҳо барои ҷамъоварӣ намудани бадеҳаҳо дар шакли асл аз забони калонсолон, метавонем онҳоро эҳё карда, ба нота гирифта, ба хазинаи гаронбаҳои фолклор ва мусиқии тоҷик бисупорем. Барои муаррифӣ намудани фарҳанги мардумии тоҷик ба оламиён, пас аз ҷамъоварӣ ва сабти сурудҳо, пеш аз он ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намоем, онҳоро бо забони англисӣ ҳам тарҷума намудем. Зеро чунон ки маълум аст, хориҷиён низ ба фарҳанги тоҷикон таваҷҷуҳи бештар доранд. Ба ин тартиб (аз бадеҳаи “Шоҳдухтар”):
Писар: Шоҳдухтар, шакар духтар, шоҳи духтарон,
O, princess, the sweetheart, the princess of all girl,
Абрўкат ба ман бинмо, шавам ба ту ғулом.
Show me your eyebrows and let me be your slave.
Духтар: Абрўкам чӣ мебинӣ, ёри бадгумон,
Why would you to see my eyebrows, o suspicious lover,
Дар бозор ўсма надидӣ, инам мисли ҳамон.
Haven’t you seen usma (eyebrow make-up) in the market , they
are almost the same…
Махсусан адабиёти шифоҳӣ, ки дар солҳои Ҳукумати Шўравӣ аз ҷониби як қатор этнограф ва мусиқишиносон ҷамъоварӣ шудаву дар шаклҳои гуногун ба мардум пешниҳод гардида буданд. Вақти ҷамъоварии бадеҳаҳо дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон таваҷҷуҳи моро баъзе чизҳо ҷалб кард, ки яке аз онҳо бадеҳаи “Гулпарӣ” буд. Дар нақороти он “Ҷон акаҷон, ҷангам макун !”-ро аксарият “Ҷонаки ҷон, ҷангам макун !”. Яъне мазмун ба матн дуруст меомад.
Дар маҷмўа, ки бо дастгирии Институти “Ҷамъияти кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон чоп шудааст, танҳо даҳ бадеҳаи халқӣ ба нота гирифта шудааст.
Хонандагони азиз метавонанд китоби “Даҳ бадеҳа”-ро дар шўъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар мутолеа намоянд.
Саодат Набиева.