Парчам ифодагари ҳадафу ормонҳои миллӣ
Рамзҳои давлатии Тоҷикистон – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ нишонаҳои асоси давлат буда, муҳимтарин идеалҳои сиёсӣ ба шумор рафта воситаи тарғибу ташвиқи мақсад ва нишонаи соҳибистиқлолии давлату миллатамон мебошанд. Дар замони Истиқлол Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ моро ба сўи ягонагию ваҳдат сулҳу субот ва созандагию бунёдкорӣ ҳидоят намуда, омили муҳими ваҳдату худшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад.
Эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон масъалаи тағийр ва қабули рамзҳои давлатӣ: Парчам, Нишон ва Суруди миллиро ба миён овард. Ҳанўз 12-ноябри соли 1991 Президуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти Эъломияи истиқлолияти давлатии кишвар озмун барои беҳтарин матну оҳанги Суруди миллӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ қарор қабул намуд.
Бо назардошти талаботи озмун комиссияи босалоҳият аз ҳисоби олимону донишмандон ташкил карда шуд. Дар ин озмун тарҳи Парчаме ҷойи аввалро соҳиб гардид, ки сарварии гурўҳи кории онро рассом Зуҳур Ҳабибуллоев ба уҳда дошт ва муаллифи бевоситаи Парчам Маҳмадулло Сайдалиев ба ҳисоб мерафт.
Ҳамин тавр дар асоси озмун Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол аввалин маротиба дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 қабул карда шуд, ки он яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзўву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
Дар замони баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба чашми худ молиданд ва аз дунболи эшон намояндагони тарафҳои даргир низ он амалро пайравӣ намуда, дар назди Парчами миллӣ таъзим намуданд. Ин амал барои тамоми миллат ва барои ҳамаи ононе, ки дар ин Иҷлосия ҳузур доштанд, беҳтарин савганд буд ва маҳз ҳамин иқдоми шахси аввали кишвар бар он далолат мекард, ки дар Тоҷикистони азизи мо сулҳи пойдор барқарор хоҳад шуд. Дар даврони минбаъдаи Истиқлол ин савганд ҳифз гардиду аз он пайравӣ карданд, зеро Парчам барои мардуми мо рамзи муҳаббату садоқат ба ватан, ба мардум ва ба ормонҳои миллии мо дониста мешавад.
Воқеан имрӯз миллати тоҷик муқаддасоти миллии худро дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба монанди Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ арҷгузорӣ ва эҳтиром менамояд.
Бо назардошти ин, дар таърихи 29 октябри соли 2009 дар конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба таҷлили 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоме пешниҳод гардид, ки 24 ноябр рўзи Парчами давлатӣ эълон карда шавад ва ҳамасола ҳамчун рўзи Парчами миллӣ ҷашн гирифта шавад.
Бо мақсади амалӣ намудану асоси ҳуқуқӣ бахшидан 3 ноябри соли 2009 ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон лоиҳаи қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи ворид намудани илова ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид ва 19 ноябри ҳамон сол Парламенти Тоҷикистон онро тасдиқ кард.
Вобаста ба ин, бо мақсади арҷ гузоштан ба фарҳанги куҳани кишвари азизамон ва тарбия намудани насли наврас ҳамасола 24 ноябр – Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса бо баргузории чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ дар сатҳи ҷумҳуриявию минтақавӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин рўз собитгари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқаддасоти миллат, аз ҷумла Парчами давлатӣ мебошад.
Дар баробари ин, дар замони Истиқлол ба хотири қадршиносӣ нисбат ба рамзҳои давлатӣ бо ташаббуси Асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баландии 165 метр партавафшон намудани Парчами миллиамон шаҳодат аз он аст, ки халқи азизамон ба арзишҳои миллиамон арҷ мегузоранд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва он давлати мустақил будани Тоҷикистонро дар сатҳи байналмиллалӣ муаррифӣ менамояд.
Ҷашни Парчами давлатӣ ҳар фарди баномуси кишварро бори дигар ба ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва саъю талоши ҳамешагӣ барои ободию озодии кишвар ҳидоят менамояд.
Ҷашни бошукӯҳи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи ҳамватанон муборак бошад!
Маҳбуба Алиева – мутахассиси
шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон.