Парчам ифтихори миллат
Тоҷикистон давлати мустақил дорои Конститутсия, рамзҳои давлатӣ, ки онҳоро дар якҷоягӣ муқаддасоти миллӣ мегўянд, мебошад. Ҳар он чизе ки пок, наҷиб бе нуқс бошад, муқаддас аст. Муқаддасоти давлат бошад ин шаъну шараф, обрў ва эътибори давлат ва халқу Ватан аст. Муқаддасоти давлатии мо рамзҳои муқаддасе мебошад, ки мардуми шарифи моро дар руҳияи ифтихори худшиносии миллӣ, ватанпарастӣ, шарафмандӣ ва далатдорӣ тарбия менамоянд. Мутобиқи моддаи 3 – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии давлат маҳсуб меёбанд. Парчами давлатии Чумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Тоҷикистон, ки дар Касри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, қабул карда шуд. Дар Парчам нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихи тайкардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи истиқлолияти давлатӣ инъикос меёбанд. Рангу аломатҳои парчам ифодагари воқеияти роҳи таърихии халқи бостонии мост.
Бори нахуст 24 ноябри соли 2009 рӯзи парчам таҷлил карда шуд. Бо ибтикор ва иқдоми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бузургтарин Парчами давлатиамон гузошта шуд ва он ба китоби Рекордҳои Гинес ворид гардид. Майдоне, ки дар он ҷо Парчами бузурги мо ҷойгир аст, Хиёбони Парчами миллӣ номгузорӣ шуд. Имрўз Парчами давлатии Чумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар мамламкати худамон ва дар давлатҳои дунё парафшон буда, аз мавҷудияти давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва озоду ягона дарак медиҳад.
Парчамро суханварон сари баланди халқ, шиносномаи он дар арсаи байналмиллалӣ меноманд. Воқеан чун парчам барафрохта шавад, мардуми кишвар бо сари баланд ба сўйи он менигаранд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ дучанд эҳсос мешавад. Парчами давлатии мо на танҳо аз лиҳози бузургӣ, балки интихоби мазмуни файласуфонаи рангҳои он, ки аз сурх, сафед ва сабз иборат аст, ифодакунандаи орзуву ормонҳои миллати тоҷик мебошанд. Нақши тоҷ ва ҳафт ахтар дар меҳвари он бозгўи миллати аз қадим соҳибдавлат ва тоҷдор будани онро нишон медиҳанд. Парчами давлатиро мо бояд на танҳо ба ҳайси як ливо, балки ҳамчун рамзи дили дар тапиши миллат саҷдагоҳ шинохта, дар ҳар партавафшонии он даъвату ҳидояте баҳри ҳифзи марзу бум, нангу номус, шаъну шараф, соҳибистиқлолӣ ва якпорачагию ваҳдати миллатро дидаю эҳсос карда тавонем. Нангу номуси ватандорӣ барои ҳар як инсони ватандўст, ифтихору ғурури баланди миллӣ доштан, волотар аз ҳама гуна сарватҳои моддӣ мебошад, чунки бидуни ин ҳама миллат озод ва соҳиби Ватан буда наметавонад. Бояд ҳар як тоҷикистонӣ дар дил муҳаббати Парчами сурху сафеду сабзи ватанамон Тоҷикистон парварад, парчаме, ки инъикосгари гузаштаи пурғановату ояндаи дурахшони мо мебошад. Бошад, ки Парчами Тоҷикистон ҳамеша баланду парафшон бошад ва тавре дар Суруди миллии мо ишора мешавад, ба зери он мо саф кашида бошем.
Сайрон Сафарова