Драмаи халқӣ чист?
Драмаи халқӣ, намоишномаҳои халқӣ, песаҳои анъанавӣ ё асарҳои намоишӣ, ки дар асоси эҷодиёти шифоҳии халқ ба вуҷуд омада, мазмуни ғоявии онҳо орзуву умед ва рўҳияи халқро ифода мекунанд. Драмаи халқӣ яке аз омилҳои асосии инкишофи санъати театрии халқӣ ба шумор меравад. Театри халқии тоҷик таърихи қадимӣ дорад. Унсурҳои онро бостоншиносон дар нақшҳои сангу деворҳо, мағора, сафолпораҳо ва ҳайкалчаҳову ниқобҳо дарёфт кардаанд.
Дар маъхазҳои қадимтарини хаттӣ (Авесто) ва осори паҳлавӣ («Дарахти Асурик») оид ба саҳнаҳои драмавӣ ишораҳо шудааст. Саҳнаҳои театри халқиро дар тасвирҳои минётурӣ низ мушоҳида кардан мумкин аст.
Решаҳои Драмаи халқӣ тоҷик ба асотир, тасаввуроти анимистию тотемистии ниёгон пайванд мегардад. Унсурҳои драмавӣ дар достонҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Вис ва Ромин»-и Гургонӣ, «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомӣ, «Бадоеъу-л-вақоеъ»-и Восифӣ ва ғайра дар қолабҳои назму наср тасвир шудаанд.
Заминаи драмаи халқӣ суруду рақс, ҳазлу шўхӣ ва ширинкорӣ, бозӣ, сайругашт ва ҷашну сур мебошад. Драмаи халқӣ мисли песаҳои аврупоӣ муаллиф надошт. Таҳиягарон ва иҷрокунандагони нақшҳои он асосан шаъбадабозон буданд.
Драмаи халқии тоҷикӣ бунёди фолклорӣ дошта, бо усули бадоҳатан сухан гуфтан иҷро мешуд. Иҷрои асарҳои саҳнавӣ на танҳо аз рўи сенарияи муайян сурат мегирифт, балки ҳангоми нақш бозидан аз тарафи ҳунармандони халқӣ, бадоҳатан бо ҳаракатҳои дасту по, қиёфабозӣ, ишоратҳои чашму абру, даҳон, тақлиду тағйири садо ва ҳолату рафтор, лаҳзаҳои ҷолиби тамошо ва хандаовар офаврида мешуданд.
Драмаи халқӣ матни тайёру устувор надошта, шаъбадабозон мазмун ва ба тарзи анъанавӣ сохтани онро аз худ карда, дар вақти иҷрои драма ба вуҷуд меоварданд ва хислатҳои анъанавии қаҳрамонони онро ба эътибор мегирифтанд. Онҳо суханони заруриро бадоҳатан гуфта, дар иҷрои нақш эҷодкорона рафтор мекарданд.
Дар драмаи халқӣ миёни ҳунарманд ва тамошобин иртибот вуҷуд дорад. Хислатҳои қаҳрамонони драмаҳо, чун афсонаҳои халқӣ типикӣ, анъанавӣ ва устувор буданд: қозӣ – порахўр ва ноодил, раис – танпарвар, нопок, ҳаромкор, доро – муфтхўр, баднафс, хасис, фиребгар, мулло – дурў, ҳарис, тарсу, баъзан аҳмақ, намояндагони табақаҳои меҳнатии ҷамъият: деҳқонон, косибон, меъморон меҳнатӣ, софдил, ҷафокаш ва мазлум тасвир мешуданд.
Навъҳои драмаи халқӣ:
а) намоиши шифоҳӣ (бидуни матн)-и ҳунарпешагони мардумӣ;
б) намоиши театри лўхтак;
в) намоишҳое, ки урфу одат ва расму оинҳои мардумиро инъикос мекунанд.
То ибтидои асри 20 байни мардум драмаҳои халқии «Раис», «Ҳаммол», «Ҷувоз», «Қассоббозӣ, «Арзанкорӣ», «Ғуломшоҳ», «Карбосбофӣ», «Девонабозӣ», «Духтари эшон», «Дуконбофӣ», «Мактаббозӣ», «Сўзанфурўш», «Сартарошбозӣ», «Хирсбозӣ», «Қозибозӣ», «Оббандак», «Бобопирак», «Муғулбозӣ» ва ғайра маъмул буданд. Асоси ҳар як Драмаи халқиро ягон ҳодисаи ҳаётӣ ташкил медиҳад. Мундариҷа (сужет)-и он тадриҷан инкишоф ёфта, бо усули содаву омиёна анҷом меёбад. Драмаи халқӣ бештар мазҳакавӣ хислати дошта, барои хурсандӣ ва истироҳати мардум офарида мешуд. Дар Драмаи халқӣ орзуву омол, рўҳияи мардум, муборизаи онҳо бар зидди беадолатиҳои иҷтимоӣ ва ахлоқӣ ифода меёбад. Бо рушди театрҳои замонавии касбӣ театри суннатии мардумӣ рў ба инқироз овард. Ҳоло баъзе унсурҳои он (лаҳзаҳои қолабии бадеӣ) дар ҷашнҳои арўсӣ ва нишастҳои мардуми кўҳистон боқӣ мондаанд.
Бозчоп аз «Энсиклопедияи миллии тоҷик». – 2017. – Ҷ. 6. – С. 192-193.
Муаллиф: Д. Раҳимов
Дар Китобхонаи миллӣ дар бораи драмаҳои халқӣ боз ин матолибро ҳам метавонед бихонед:
Нурджанов, Н. Таджикский народный театр. – Москва: Академии наук, 1956. – 340 с.
Амонов, Р. Очерки эҷодиёти даҳанакии Кўлоб. – Душанбе, 1963. – 346 с.
Нурҷонов, Н. Драммаи халқии тоҷик. – Душанбе: Дониш, 1985. – 280 с.
Нурджанов, Традиционный театр таджиков. – Душанбе, 2002. – 330 с.
Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти санъат. – Душанбе, 2003. – 272 с.
Шуъбаи библиографияи миллӣ