САЛИМА РАҶАБЗОДА: Соҳибмаърифатӣ ва забондонии ҷавонон аз мавзӯҳои меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд
Дар Паёмашон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ муҳимтарин масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро матраҳ намуда, вазъи кунунӣ ва пешомадҳои соҳаҳои асосии ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор додан, ки масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар, соҳибмаърифатии аҳли ҷомеа махсусан ҷавонон аз мавзӯҳои меҳварии Паём буд. Дар ҳамин робита бо муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабзода суҳбат доштем, ки фишурдаи онро пешниҳоди хонандагони сомона менамоем.
– Нахуст андешаи Шуморо роҷеъ ба бахшҳои муҳими Паёми имсолаи Президенти мамлакат фаҳмида бошем, ки чӣ фарқияту бартариҳо дошт?
– Яке аз нуктаҳои калидии Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, дар баробарии зикри дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, пешравиҳои бахши инфрасохтори соҳаи маориф, рушди имкониятҳои сайёҳӣ, тадбирҳо ҷиҳати пешгирии омилҳои терроризму экстремизм ва ҳифзи суботу оромии кишвар, ин масоили марбут ба таҳкими маърифатнокии аҳли ҷомеа – рушди соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг мебошад, ки атрофашон таъкидҳо, масъалагузориҳои мушаххас сурат гирифт.
Албатта, агар ба Паёмҳои солҳои қаблӣ ва имрӯз назар андозем, фарқияту бартариҳо хеле зиёданд ва барои гуфтани ин ҳама як суҳбат фикр мекунам кифоят нест, аммо ин ҷо чанде аз онҳоро бо сухане фишурда ва кутоҳ баён медорам. Пеш аз ҳама бояд бигӯем, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ дар фазои ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид ва ин яке аз дастовардҳои беназир барои халқу миллати тоҷик аст.
Албатта, барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд.
Дигар аз дастовард дар ин Паём ба андешаи ин ҷониб бори дигар таъкид гардидани стратегияи рушди Тоҷикистон ва ҳадафҳои дар пеш гузоштаи Ҳукумати кишвар мебошад ва дар ин росто, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум бо роҳи таъмини рушди устувори иқтисодӣ, тақвияти неруи инсонӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳсозии фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат аз ҳадафҳои олии Ҳукумати ҷумҳурӣ дониста шуд. Бояд бигӯем, ки ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум, аз ҷумла бо роҳи мунтазам таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми даромади аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа ва стипендияҳо аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин дар Паёми имсола буд.
– Дар ҳамин Паём Президенти мамлакат ба соҳбимаърифатӣ ва забондонии ҷавонон таваҷҷуҳи хоса доштанд ва ба масъулони соҳа низ супоришҳои муҳим доданд. Китобхонаи миллии Тоҷикистон чӣ корҳоеро дар ин бахш анҷом медиҳад?
– Сарвари давлат, чун ҳамеша аз эътибори аввалиндараҷаи соҳаҳои илму маориф ва идомаи бомароми ислоҳот дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ёдовар шуда, бо қотеъият гуфтанд, ки мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф мекунем. Президенти кишвар ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъкид намуданд. Пешвои миллат аз вазъи забондонӣ дар ҷумҳурӣ сухан ронда, ҷиҳати такмили таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар кишвар, ки ҳар ду аз забонҳои кории СММ буда, нуфузи ҷаҳонӣ доранд, ба мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд ва аз падарону модарон даъват ба амал оварданд, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.
Дар ин самт роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон пайваста чораҳои мушаххас андешида, ҷиҳати амалисозии дастуру супоришҳои Пешви миллат иқдомҳои ҷиддиеро пешаи худ менамоянд. Аз ҷумла, бояд қайд шавад, ки имрӯзҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон забономӯзи аз ҳисоби забонҳои англисӣ, русӣ, чинӣ, куриёӣ ва олмонӣ ба роҳ монда шудааст ва хонандагону нафарони касбу кори гуногун метавонанд ба таври озод албата дар фазои бисёр олӣ аз ин курсҳо гузаранд.
– Китобхонаи миллӣ дар баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи донои китоб аст», ки ҳамасола дар Паёмҳои сарвари давлат матраҳ мегардаду имсол бори сеюм баргузор шуд, чӣ нақше дошт?
– Хушбахтона, тарғибу ташвиқи ҳамаҷонибаи маърифати китобхонӣ дар меҳвари сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, дар ин самт марҳила ба марҳила тадбирҳои судманд ва мантиқиву саривақтӣ андешида мешаванд, ки бунёд ва фаъолияти бинои азиму муҳташами Китобхонаи миллӣ бо шароити муосиру мусоиди хидматрасонӣ, таъмини сатҳи баланди хидматрасонии касбӣ худ нишони возеҳи ин аст, ки дар сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар марҳилаи навини давлатдориамон фарҳангпарварӣ, рушди илму хирад ва ҳифзу посдории мероси пурғановати миллати куҳанбунёди тоҷик ҷойгоҳи хос дорад. Баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки бевосита таҳти сарпарастии Президенти кишвар соли сеюм аст, ки баргузор шуд, ба фазои мутолиаву маърифати китобхонии ҷомеаи кишвар таҳаввули ҷиддие бахшид. Самараи иқдоми озмун ин аст, ки завқи мутолиаи асарҳои назмиву насрӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа, ба хусус мактаббачагону донишҷӯён ба маротиб афзуда, метавон гуфт, ки дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот мутолиаи асарҳои илмиву бадеӣ ҳамакнун дар ҳоли ривоҷ ёфтан аст. Дар ин замина, Китобхонаи миллии Тоҷикистон толори махсусеро таъсис дод, ки дар он адабиётҳои тамоми номинатсияҳои барои озмун пешбинишуда дар он гирд оварда шудааст. Ҳамзамон, шакли электронии китобҳои дар низомномаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” пешбинишуда, ба таври электронӣ дар сомонаи китобхонаи миллии электронӣ гузошта мешавад ва онҳое, ки имкони ба Китобхонаи миллӣ ташриф оварданро надоранд, аз он метавонанд истифода намоянд. Ҳамчунин, дар баргузории даври чаҳоруми ин озмун Китобхонаи миллӣ муваззаф аст, ки барои баргузории он роҳбарият ва кормандони муассиса ҳамеша кӯшиши дар сатҳи баланд гузаронидани он талош менамоянд.
Ин ташаббуси Пешвои миллат моро ба он умедвор месозад, ки баргузории ҳамасолаи озмуни мазкур аз ҷониби оммаи мардуми кишвар ба некӣ истиқбол гардида, суннати куҳани мутолиаи китоб ва ҳифзи асарҳои адибони гузаштаву муосир дар қалби хурду бузург эҳё мегардад.
– Дар Паёми қабли сарвари давлат аз вазъу мушкилоти норасоии мутахассисони соҳа аз ҷумла дар бахшҳои фарҳнаг аз қабили Китобдорӣ изҳори нигоранои карда буданд. Шумо роҷеъ ба вазъи мутахассисони соҳаи китобдорӣ чӣ назар доред ва барои ислоҳи вазъ Китобхонаи миллӣ тадбиреро рӯйи даст дорад?
– Айни замон дар Ҷумҳури 6084 -китобхонаҳо вуҷуд доранд, ки дар онҳо 9825- нафар корманд фаъолият менамояд, мутаасифона аксари онҳо дорои маълумоти ғайрисоҳвӣ мебошанд. Ва ба ин тартиб ба истифода додани китобхонаҳо дар назди муассисавву корхонаҳо яке аз масъалаҳоест, ки дар Паёми соли қаблӣ аз ҷониби Пешвои милат супориш дода шуд. Бинобар ин он муассисаҳои таълимие, ки ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи китобдорӣ машғуланд, дар назди онҳо вазифаҳои мушаххас гузошта мешавад то мутахассисони соҳаи китобдориро ба таври бояду шояд ва ба бозори меҳнат ҷавобгӯ омода намоянд.
Бале, вазъи имрӯзаи соҳаи китобдорӣ беҳбудиро талаб менамояд. Бо мақсади такмили ихтисос ва баланд бардоштани донишҳои муосири самти китобдории кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ дар Китобхонаи миллӣ Маркази такмили ихтисос фаъолият менамояд. Соли 2022 мо ният дорем, ки марҳила ба марҳила кормандони китобхонаҳои ҷумҳуриро, ки ғайри ихтисос фаъолият мекунанд ба он ҷалб намоем. Ҳамзамон ба мутахассисони соҳа таҷрибаи пешқадами китобхонаҳои ҷаҳон омӯзонида мешавад.
– Масъалаи ба вазифаҳои роҳбарикунанда ҷалб намудани бонувон аз дигар мавзӯъҳои меҳварии Паёми Президенти мамлакат буданд. Имрӯз фаъолияти бонувон дар Китобхонаи миллӣ чӣ гуна аст?
– Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 500 нафар корманд кору фаъолият мекунад, ки ҳудудан 80 дарсади онҳоро бонувону занон ташкил медиҳанд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии имсолаи хеш барои боз ҳам баланд бардоштани мавқеи занону бонувон дар ҷомеа таъкидҳои хеле муҳим намуданд. Имрӯз мо бо қаноатмандӣ метавонем гӯем, ки тайи сӣ соли истиқлоли давлатӣ занону бонувони мо дар ҳамаи соҳаҳо баробари мардон хизмат карда истодаанд. Ин гуфтаҳо худ гувоҳи онанд, ки таваҷҷуҳи роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати пешбурди сиёсати занон дар давлату миллат басо назаррас аст.
Чуноне ки боло ишора намудем, маъмурияти Китобхонаи миллӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои фарҳангпарваронаи Пешвои миллат ба тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занон таваҷҷуҳи зиёд менамояд. Имрӯз дар шуъбаҳои Китобхона сар карда аз мутахассиси одӣ то мудири шуъба ва муовини директор беш аз 300 нафар занону духтарон кору фаъолият менамоянд, ки ин ҳама аз ғамхорӣ ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат нисбат ба занону бонувон мебошад.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР