Маҳфили «Хандарез» дар остонаи Соли нав

 Соли нав ҳам фаро мерасад. Соли куҳан бо ҳама хубу бадаш меравад. Қудуми Соли нав хуҷаста бод! Соле, ки интизориҳои зиёд дорем, соле, ки мехоҳем гулҳои орзуҳомон бишкуфанд, хушиҳо оянд ва доғҳои гузаштаро борони раҳмати сол бишӯяд.

   Чун анъана дар Китобхонаи миллӣ дар остонаи нав шудани сол чорабиниҳову маҳфилҳо доир мешаванд. Ва яке аз ин маҳфилҳо “Хандарез” ном дорад, ки дар шуъбаи хизматрасонӣ ба  маъюбони Китобхона мегузарад. Тавре аз номаш ҳам пайдост, меҳмони ҳамешагии ин  маҳфил ҳаҷвнигоронанд.

Ҳадаф лаҳзаҳои хушӣ эҳдо намудан ба касонест, ки имкониятҳои маҳдуд доранд. Хандаву хурсандӣ касро болидарӯҳ мекунад.

Дар маҳфил аъзои шуъба Раҳматуллоҳи Раҳим суханронӣ кард ва барои ҳамаи аъзоёни шуъба ва иштирокчиён дар арафаи Соли нав  сиҳату зиндагии осоишта ва дар соли нав тамоми хўшиҳои зиндагиро таманно намуд.

Дар ин чорабинӣ ҳунарнамоии ҳаҷвнигорон бо роҳбарии Зафари Зарифӣ хотири ҳозиринро бо  ҳаҷвҳои намакини хеш шод намуданд.

Инчунин аз тарафи сарпарастон ба ҳамаи аъзоёни шуъба туҳфаҳои солинавӣ такдим гардид.

Шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбон.