Ҳайдаршо Пирумшоев: Таърихнигоре аз Боми ҷаҳон
Барои ин олими пухтакор таърих афсонаи ширин нест, балки саропо илм аст, дирўз, имрўз ва фардои инсонҳост, бо ҳазорон мушкилот саҳифаҳои норавшани таърихи меҳану миллаташро омўхта, афзалияту кўтоҳиҳояшонро муайян месозад, бо ҳавсалаи тамом ва масъулият корро анҷом медиҳад, ба ҳар ҳодисоту далели таърихӣ аз нуқтаи назари ҳамон давра ва арзишҳои муосири илмӣ баҳо мегузорад. Яке аз ҷиҳатҳои фарқкунандаи пажўҳишаш сабку услуби хоси нигориш мебошад, вай масоили илмиро бо маҳорати баланд мавриди таҳқиқу таҳлил қарор дода, дар сурати лузум ба он обу ранги бадеӣ медиҳад, ба хонанда наздику шавқовар менамояд.
Ҳайдаршо Пирумшоев 30 декабри соли 1944 дар ноҳияи Ванҷ чашм ба олами равшан кушодааст. Хатмкардаи омўзишгоҳи педагогии шаҳраки Навободи ноҳияи Ғарм (1963) ва Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (1970) мебошад. Фаъолияташ дар ҳамин баргоҳи илму маърифат гузаштааст, зинаҳои коромўз (ассистент), муаллими калон, дотсент, декани факултаи таърих, мудири кафедраи таърихи Тоҷикистонро тай кардааст. Аз соли 1996 баробари омўзгорӣ мудирии шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нави Пажўҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ Тоҷикистонро ба зимма дорад. Инчунин, зиёда аз 17 сол ба ҳайси профессори кафедраи таърихи ватании Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба муҳассилин дарс медиҳад.
Самту паҳлўҳои фаъолияти илмию таҳқиқотии профессор Ҳайдаршо Пирумшоев хеле фарох аст, вале ҷавҳари онро масоили таърихнигорӣ ташкил медиҳад. Дар бобати омўзиши муносибати Русия ва Осиёи Миёна замони то инқилоби соли 1917 ковиши илмияш шоистаи ҳама гуна ситоиш аст, аз баракати заҳматаш ба илм маъхазҳои нав ворид гаштанд.
Соли 1979 дар мавзўи «Инъикоси шаҳрҳо ва ҳаёти шаҳри Бухорои шарқӣ охири асри XIX – ибтидои асри XX дар асарҳои тадқиқотчиёни тоинқилобии рус» рисолаи номзади илми таърих ва соли 1996 оид ба «Муносибатҳои Русия ва Осиёи Миёна асрҳои XVI – миёнаи асри XIX дар таърихнигории рус» рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст. Ў ба бисёр ҷанбаҳои торики равобити Русия ва Осиёи Миёна равшанӣ андохтааст.
Барои ин олими пухтакор таърих афсонаи ширин нест, балки саропо илм аст, дирўз, имрўз ва фардои инсонҳост, бо ҳазорон мушкилот саҳифаҳои норавшани таърихи меҳану миллаташро омўхта, афзалияту кўтоҳиҳояшонро муайян месозад, бо ҳавсалаи тамом ва масъулият корро анҷом медиҳад, ба ҳар ҳодисоту далели таърихӣ аз нуқтаи назари ҳамон давра ва арзишҳои муосири илмӣ баҳо мегузорад. Яке аз ҷиҳатҳои фарқкунандаи пажўҳишаш сабку услуби хоси нигориш мебошад, вай масоили илмиро бо маҳорати баланд мавриди таҳқиқу таҳлил қарор дода, дар сурати лузум ба он обу ранги бадеӣ медиҳад, ба хонанда наздику шавқовар менамояд. Муҳаққиқ ҳамзамон дар пажўҳиши фаъолияти ашхоси таърихӣ, арбобони давлатӣ, олимон аз қабили С. Айнӣ, Б. Ғафуров, А. Семёнов, З. Раҷабов, Б. Искандаров, М. Эркаев, А. Мухторов ва дигарон матолиб интишор намуда, таърихнигории миллиро ғанитар гардонидааст, дар эҷоди мақолаҳои назариявии таърих истеъдодашро нишон додааст. Ҳиссааш дар бунёди мактаби хоси таҳқиқотӣ, омўзишу парвариши мутахассисони соҳа, танзиму такмили васоити таълимию китобҳои дарсӣ ва ғайра калон аст.
Умуман, ба ин қалами ин паҳлавони илми таърихи тоҷик зиёда аз 300 асару мақолаи илмӣ, илмӣ-методӣ ва илмӣ-оммавӣ мансубанд, таълифоташ ба бисёр забонҳо чоп шудааст. Ў иштирокдори чандин симпозиуму конфронсҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалии таърихшиносон мебошад.
Аз профессор Пирумшоев ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро метавонед бихонед:
Таърихи омўзиши шўриши Восеъ. – Душанбе: Ирфон, 1992. – 36 с.
История изучения восстания Восе. – Душанбе: Маориф, 1998. – 140 с.
Ҷовидон дар ёдҳо: Бахшида ба 90-солагии академик Мулло Эркаев. – Душанбе, 2000. – 165 с.
Замини мардхез: Қисса ва анъанаҳои мардуми Ванҷ. – Душанбе: Шарқи озод, 2000. – 131 с.
Кашшофи нақди таърих. – Душанбе: Деваштич, 2004. – 162 с.
Бозсозӣ: сохтем ё бохтем?. – Душанбе: Шарқи озод, 2008. – 112 с.
Таърихи Дарвоз: Аз қадим то замони муосир. – Душанбе: Ирфон, 2008. – 704 с.
Файзи истиқлол дар «Боми ҷаҳон» / Раҳим Масов, Ҳайдаршо Пирумшоев. – Душанбе: Дониш, 2011. – 412 с.
Пирумшоев, Ҳ. ва диг. Донишгоҳи омўзгорӣ дар масири таърихи миллат. – Душанбе: Ирфон, 2011. – 488 с.
Ванҷи ману ганҷи ман: Очерки таърихӣ. – Душанбе: Ирфон, 2013. – 608 с.
Концептуальные вопросы истории и историографии таджикского народа. – Душанбе, 2014. – 528 с.
Таърихи халқи тоҷик дар тарозуи таърихнигорӣ. – Хуҷанд, 2014. – 369 с.
Табли озодӣ дар аҳди бедодӣ. – Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2018. – 354 с.
Пирумшо, Ҳ., Аламшо Қ. Шириншоҳ Шоҳтемур. – Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2018. – 214 с.
Мактаби бузурги мубориза: Ба муносибати 80-солагии револютсияи солҳои 1905-1907 дар Россия // Тоҷикистони Советӣ. – 1985. – 6 феврал.
Дар хотири халқ: Ёдбуди Восеъ // Агитатори Тоҷикистон. – 1988. – №9. – С. 7-10.
Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва маданият: Ёдгориҳои бебаҳои таърихӣ дар осорхонаҳои ҷумҳурӣ // Ҷумҳурият. – 2001. – 17 июл.
Тадқиқи минётуршиносӣ: Андешаҳо перомуни асари тадқиқотии яке аз олими шинохтаи тоҷик Сайдалӣ Муҳиддинов бо номи «Минётурҳои форсӣ-тоҷикӣ ва принсипҳои библиографисозии он» // Илм ва ҳаёт. – 2002. – №10-12. – С. 11.
Пирумшоев, Ҳ., Раҷабов, А., Ғафуров, А. Умри пурбаракат: Таърихшинос Раҳим Масов // Садои мардум. – 2004. – 18 ноябр.
Масов, Р., Пирумшоев, Х., Додохонов, М. Вся жизнь – в творчестве: О журналисте, публицисте Владимире Фролове // Курьер Таджикистана. – 2005. – 23 июня.
Помир ё Бадахшон: Баҳсу мунозираҳо // Ҷумҳурият. – 2005. – 21 июл.
Шиносномаи таърихи миллат: Соли 2006 соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ // Ҷумҳурият. – 2006. – 14 январ.
Призвание: педагог, организатор, учёный: К 60-летию со дня рождения декана факультета истории и международных отношений ТГНУ // Бизнес и политика. – 2007. – 4 января.
Пирумшоев, Х., Шарипов, А., Гафуров, А. Науке преданной: К 70-летию учёного историка Р. А. Абулхаева // Народная газета. – 2008. – 5 марта.
Бузургмарди майдони таърих: Муаррих Раҳим Масов бо ордени Ситораи Президентӣ сарфароз гардонида шуд // Садои мардум. – 2010. – 3 феврал.
Рыцарь науки и образования: Историк, доктор исторических наук, профессор М. Шукуров // Asia-plus. – 2010. – 2 июня.
Город Гиссар в конце XIX-начале XX вв. // Мероси ниёгон. – 2015. – №17. – С. 23-37.
Нақши устод Садриддин Айнӣ дар ташаккули таърихшиносии илмии миллӣ // Мероси ниёгон. – 2016. – №18. – С. 23-27.
Дар бораи профессор Пирумшоев
Таърихнигор: Маҷмўа ба 60-солагии муаррихи намоёни тоҷик, доктори илмҳои таърих, профессор Ҳ. Пирумшоев бахшида шудааст. – Душанбе: Шарқи озод, 2004. – 176 с.
Пирумшоев Ҳайдаршо: Китобномаи шарҳиҳолӣ. – Душанбе: Истеъдод, 2014. – 88 с.
Фролов, В. Дружба проверенная временем: К 60-летию профессора Хайдаршо Пирумшоева // Народная газета. – 2004. – 29 декабря.
Фролов, В. Профессор с доброй улыбкой: О профессоре Х. Пирумшоеве // Курьер Таджикистана. – 2005. – 30 декабря.
Фролов, В. Историк с беспристрастным взглядом: Учёный, историк Х. Пирумшоев // Курьер Таджикистана. – 2008. – 31 января.
Гадоев, Ғ., Раҷабов, С., Роҳатов, Ғ. Муҳаққиқи таърихи куҳистониён: Доктори илмҳои таърих, профессор, узви пайвастаи Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Русия Ҳайдаршо Пирумшоев // Тоҷикистон. – 2008. – 31 январ.
Шоҳқосимов, Ш. Тахайюли эҷодӣ аз зодгоҳаш оғоз ёфтааст: Роҷеъ ба фаъолияти кории олими намоёни тоҷик, доктори илмҳои таърих, профессор Ҳайдаршо Пирумшоев // Садои мардум. – 2014. – 3 июн.
Худойдодов, А. Таърихнигоре аз Боми ҷаҳон: Дар бораи таърихнигор, олим, номзади илм Ҳайдаршо Пирумшоев // Ҷумҳурият. – 2015. – 2 июн.
Собиров, Н. Мактабдори варзида: Оиди эҷодиёти академики илмҳои таърих Ҳайдаршо Пирумшоев // Маорифи Тоҷикистон. – 2017. – №4. – С. 39-41.
Шуъбаи библиографияи миллӣ