Абдулмаҷид Бен Ҷаллун (адиби Марокаш). Ойиша. Ҳикоя
Хабари даҳшатангезе деҳаи дар миёни теппаҳо ҷой гирифтаро ниҳоят ба ҳайрат андохт: ба Марокаш қӯшунҳои франсавиён зада даромадаанд, дар кӯчаҳои пойтахт муҳорибаҳои хунин сар шудааст. Мардуми дар ғафлатмонда ба душмани саропо мусаллаҳ муқовимат карда наметавонистааст.
Деҳае, ки дар борааш сухан меравад, солҳои дароз на ҷангро медонист, на муҳорибаро. Ин деҳаи калон буда, заминаҳои босаховат, дарахтони соядор, чарогоҳҳои сералаф дошт. Аҳолиаш аҷаб мардуми самимӣ буда, чӣ будани макру ҳиларо намедонист. Инак, ба сари онҳо хатар таҳдид мекард ва ҳама як тан шуда, ба мудофиаи хоки муқаддаси худ бархостанд. Одамони аз ҳама беқарори он мусаллаҳ шуда ва истилогаронро лаънату нафринкунон ба дарбандҳои кӯҳи Атлас баромада рафтанд. Дигарон маҷлис оростанд, то якҷоя нақшаи мудофиаи деҳаро кашанд. Дар як тепа, қариб дар худи мобайни деҳа қалъаи кӯҳна- шоҳиди безабони таърихи гузашта қад афрохта буд, ки дар паси деворҳои баланди он паноҳ бурда, муддати мадиде ба ҳамлаи душман тоб овардан мумкин буд. Вале деҳотиёни дар кори ҷанг бетаҷриба мудофиаи қалъаро вазифаи муқаддасу арзандатарини ҳар як ҷанговар меҳисобиданд.
Ҳокими деҳа, марди тақрибан панҷоҳсолаи нуронӣ садри маҷлис буд. Вай барои гул-гулшукуфии деҳа кӯшишу меҳнати зиёде мекард. Завҷаи ҳоким кайҳо аз олам даргузашта ва ӯ ҳамроҳи духтараш Ойшаи соҳибҷамоли ҳабдаҳсола мезист. Чашмони духтар мисли шафақи субҳ дурахшида, назокати беҳамтоеро ифода мекарданд. Чанде пеш аз омадани душман Ойша ба ҷавони паҳлавонҷуссаву ҷасуре фотиҳа шуда буд.
Ҳуҷуми франсавиён ба сарзамини Марокаш Ойшаро маъюс гардонд. «Ҷанг!- аз дил гузаронд ӯ. – Наҳри хун ҷорӣ мешавад, рӯи заминро ҷасадҳои одамӣ мепӯшонад. Духтаронро аз барои дилхушии солдатҳои душман ба асирӣ мегиранд. Орзуҳои духтарӣ дигар ҳаргиз ба рӯи об намебароянд».
Падар нисфишабӣ баргашт, ҳамроҳаш шавҳаршавандаи Ойша низ омад. Ҳар ду ҳам хафа менамуданд.
– Маҷлис ба чӣ қарор омад? – пурсид Ойша.
– То нафаси вопасин мубориза мебарем ва худро муҳофизат мекунем. – Падар баланд-баланд, ҳар як суханро таъкид карда, гап мезад. –Занҳо дар қалъа паноҳ мебаранд, мо, мардон, ба пешвози адӯ мебароем. Барои лаққидан вақт нест, бояд тайёр шуд!
Он шаб дар деҳа касе мижа таҳ назад ва чун шафақ дамид, мардон ба тарафи шимол раҳсипор гаштанд, то аз камин бар сари франсавиён ҳамла оранд. Занҳо дар қалъа паноҳ бурданд. Дар ҳавлиҳои бесоҳибмонда сукунати ногуворе ҳукмфармо гашта буд.
Ва инак дар дуродур садои тиру туфанг баланд гашт, тирпарронии тарафайн шунида шуд. Муҳориба оғоз ёфт. Марокашиён ба франсавиён хуб мусаллаҳшуда тирпарронӣ карда, худро мудофиакунон ақиб менишастанд. Баъди соате чанде онҳо дар даромадгоҳи деҳа меҷангиданд. Азм карданд, ки дар қалъа паноҳ набаранд, зеро дар он ҷо ба занон ва кӯдакон аз тири душман осеб мерасид. Қарор доданд дар кӯчаҳо корзор кунанд. Дигар ҷои ақибнишинӣ набуд.
Ҷанги даст ба гиребон ба вуқӯъ пайваст: бо қундоқу найзаи милтиқ, хуллас ҳар чи рост ояд, бо ҳамон меҷангиданд. Дар қалъа ошуфтагӣ сар шуд, зеро дар он ҷо будагон манзараи мудҳишеро мушоҳида мекарданд: тир одамони наздики онҳо – падарон, бародарон ва шавҳаршавандагонашонро аз по меафтонд. Занҳо доду фарёд бароварда, яке аз паи дигаре ба майдон мебаромаданд ва ҳадафи тири душман гардида, дар назди азизони худ ба замин меафтиданд.
Шаб фаро расид. Франсавиён қафо баргаштанд, то дам гиранд, кушташудагонро гӯру чӯб кунанд ва ба ҳуҷуми навбатӣ тайёр шаванд. Субҳ, баробари тулӯи офтоб оташи ҷанг баланд шуд. Деҳотиён суботкорона муқобилат нишон медоданд, бе ҷанг ягон тангкӯча. Ягон ҳавлиро аз даст намедоданд. Кӯчаҳое, ки дар он ҷо задухӯрдҳои сахт ба вуқӯъ мепайваст, аз ҷасади мақтулон пур шуда буд. Дар назди ҳар як араби тирхӯрда ва ё шамшерхӯрда ҷасади зане низ мехобид. Сафи мудофиён тез кам мешуд. Ба деҳа марг таҳдид мекард. Вай ҳанӯз нафас мегирифт, вале ин нафасҳои вопасини он буд.
Дастаи на он қадар калоне, ки истилогарон ба мақсади посбонии деҳаи торуморгашта гузошта буданд, дар таҳти мусиқии тантананок ба майдон даромад. Пешопеш дар даст парчам офитсер мерафт. Нақора садо медод, суруди зафар ба атроф танинандоз гашта буд. Дар ҳама ҷо: дар кӯча, дар назди харобаҳои ҳавлиҳо ҷасадҳои беҷон ғелида мехобиданд. Ба назар чунин менамуд, ки дар деҳа ягон кас ҷон ба саломат набурдааст. Вале банохост дар сӯрохии оташфишонии девори қалъа милтиқ дурахшид. Камандир ба нишон гирифта шуда буд. Якбора садои тир баланд шуд. Офитсери парчамбардор ба замин афтид. Тири дигар паронда шуд, дигаре аз по афтид, саввумаш… як солдат пешпо хӯрд, дигаре пуштнокӣ афтод.
Ойша дида буд, ки чӣ хел падарашро куштанд, чӣ хел пайкари наҳифи ӯро қима-қима карданд, вале аз қалъа берун набаромад. Ӯ дида буд, ки чӣ сон марг маҳбубашро аз по дарафтонд. «Сабр кунед, гургони чашмгурусна, ман барои падарам, барои маҳбубам интиқом хоҳам гирифт!» -зери лаб мегуфт Ойша…
Марги командир франсавиёнро саргаранг сохт. Пиндоштанд, ки ба дом афтидаанд ва аз ҳамин сабаб тез дар харобаҳои хонаҳо паноҳ шуданд. Ⱪалъа боз хомӯш гашт.. солдатҳо аз паи иҷрои амр дар хусуси ишғолкунӣ ба пеш хазиданд. Акнун суруди онҳо шунида намешуд, ба даст парчам ҳам надоштанд. Чунон ба оҳистагӣ мехазиданд, ки гӯё дар паси ҳар як санг арабе камин гирифта бошад.
Аз сӯрохии қалъа ҳар як ҳаракати душман барало намоён буд. Ойша ба майдони карздор бо диққати том менигарист. Вай тирпаронӣ мекард, нигарон буд, ки франсавиён наздиктар хазида оянд.
Франсавиён гирдогирди қалъа пеш рафтанӣ шуда, ду нафар ба тарафи шимолӣ ва ду нафари дигар ба тарафи ҷануби қалъа раҳсипор гаштанд. Тири бехатои Ойша он чор нафарро ба замин хобонд.
Аз ин пеш Ойша дар тирандозӣ ҳунари казоӣ надошт, вале ҳисси нафрат нисбат ба душман ба ӯ қувва бахшид, маҳорат омӯхт. Ҳоло вай бехато тир мепаронд. Чанде нагузашта дар лашкаргоҳи душман танҳо як солдат монду халос. Ин ҷанговари куҳансолу таҷрибадоре буд, ки паноҳгоҳи боэътимоде интихоб намуда, фурсати муносиби тирпаррониро нигарон менишаст. Духтар хеле эҳтиёткор буда, сар аз сӯрохӣ намебаровард. Франсавӣ мефаҳмид, ки ба ӯ тир задан кори чандон осон нест. Он гоҳ роҳи ҳиларо пеш гирифт: чунин вонамуд кард, ки ақиб нишаста истодааст ва ба сӯи харобаҳо хазида, аз деҳа баромада, дар пастхамие пинҳон шуд. Ойша инро дида, ба чашмони худ бовар намекард. «Меравад! Меравад! Ғалаба!»- ба ваҷд омад ӯ.
Духтар ба саҳни қалъа фуромад ва милтиқро зери бағал гирифта, аз байни ҷасадҳои мурдаҳо роҳ гирифт. Чашмонаш аз ҳайрат калон кушода, мӯйҳо парешон ва мушакҳо таранг кашида шуданд. Вай дар ҳамин ҳолат то охири деҳа расиду ба аспи зинкардашудаи офитсери франсавӣ ҷаҳида савор шуд ва додгӯён аз паси гуреза дарафтод.
Ⱪиссаи корнамои Ойша номаълум бо кадом роҳҳо дар сар то сари кишвар овоза шуд. Дар Марокаш касе бовар намекунад, ки ӯ ҳалок гардидааст. Даҳмардаҳо ҳоло ҳам мегӯянд, ки онҳо тез-тез савораи далереро мебинанд, ки чорхез тохта, шитобон аз марғзорҳо гузашта меравад. Гоҳ ин ва гоҳ он мусофири таърихкардае ба хона омада, аз ғояти ҳаяҷон нафастанг шуда, нақл мекунад, ки ӯ савораи ба қуллаҳои кӯҳи Атлас баромада истодаро дидааст.
«Ӯ зинда аст! – мегӯянд одамон. – барои хуни наздикон, барои деҳа интиқом мегирад!»
Аз эҳтимол дур нест, ки ин гапҳо рост бошанд, вале Ойша дигар ба деҳа барнагашт. Ӯ ҳалок шуд? На! Ойша барҳаёт аст! Мешунавед, аз чакалакзорҳо садои тир баланд мешавад? Ин садои тири Ойша аст! Мабодо мисли франсавиён кулоҳ пӯшида дар канораи беша пайдо нашавад!
Вале баъзе шабҳо аз фазо садои тир шунида намешавад. Он гоҳ, ҳамин ки ситорагон мебароянду дар рӯи замин торикӣ хайма мезанад, дар гӯшаву канори Марокаш суруде, ки ба ҳуррият даъват мекунад, танинандоз мегардад.
Ин сурудро Ойша мехонад.
Тарҷумаи Уктам Холиқов (марҳум Уктами Холиқназар).
Аз маҷаллаи “Занони Тоҷикистон” соли 1973, №7.
Таҳияи Малика Абдуллоева.