Боз ду собиқадори Китобхонаи миллӣ ба нафақа гусел шуданд: Бибикубрия Қурбонова ва Фирӯза Қаюмова
Субҳи имрӯз Китобхонаи миллӣ ду собиқадори худро ба нафақа гусел кард. Ду нафаре, ки яке беш аз як даҳсола ва дуюмӣ ҳудуди ҷиҳил сол китобдор буданд. Ду нафаре, ки миёни кормандон соҳибикрому соҳибобрӯ буданд. Ду нафаре, ки бидуни шак устодони касби худ буданду шуморе аз кормандон худро шогирдони онҳо медонанд. Яке Бибикубрия Қурбонова ва дуюмӣ Фирӯза Қаюмова мебошад.
Маросими гусели онҳо ба нафақа тантанавӣ сурат гирифт. Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Ҷумахон Файзализода дар бораи ҳар кадомашон суханҳои нек гуфт, аз хизматҳояшон дар рушди Китобхона ва умуман китобдорӣ ёдовар гашт. Вай гуфт ин ду нафар бешак касоне буданд, ки дар пешрафтҳои соҳа ва шуҳрати Китобхонаи миллӣ хидматҳои шоистае анҷом додаанд.
Директори Китобхонаи миллӣ ҳамчунин гуфт, ки масалан Бибикубрия Қурбонова бар замми он ки як китобдори ҳирфаӣ буд, боз дар таҳияи ва чопи чандин китобномаҳо, очеркҳои библиографии адибону олимони барҷаста ҳисса гузоштааст.
Ҷумахон Файзализода ҳиссаи Фирӯза Қаюмоваро дар тарбияи китобдорони ҷавон ва рушди соҳа созанда арзёбӣ кард ва гуфт ин бонуи донишманд ҳудуди чиҳил соли ҳаёти худро сарфи кори китобдорӣ кард ва ин чиҳил сол танҳо дар як муассиса фаъолият дошт.
Дар хотима ба бонувони заҳматкашида ва собиқадор Бибикубрия Қарбонова ва Фирӯза Қаюмова Ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Ҳамкоронамон Наргис Валиева ва Раҳима Аъзам дар бораи ҳар кадом чанд сатре навишта, ки дар шакли ҷудогона меорем.