Бо бачаҳо. Порча аз китоби Люис Кэролл “Алиса дар олами муъҷизаҳо”. Давомаш
Алиса, ки аз сўрохии ҷойи калид ба тарафи дигари дарича гузашта буд, баногоҳ пойҳояш лағжида, ба даруни шиша даромад. Гарчанде дар он ҷо ҷонаш аз хатар дур бошад ҳам, аз сабаби он ки дохили шиша буғ ва намнок буд: «Кош, ин қадар бисёр гиря намекардам», – гуфта фикр мекард. Дар ҳамин асно як овози пурқуввате ба гўшаш омад, ки гўё ба фикраш ҷавоб мегуфт: «Ман як шиноварам, дарё ҳаёти ман аст. Ҳавою замин лозим нест маро, ба ман дарё хуш аст. Дарё ҳаёти ман аст».
Вақте Алиса аз дохили шишаи буғолуд нигоҳ кард, як гурўҳи аҷиби сегонаеро дид. Як уқоб, як доркўб ва боз як парандае, ки ҳатто дар китобҳо низ дучор намеоянд, якҷоя суруд мехонданд.
Баъд ҳамон парандаи аҷоиб дасташро дурбин карда, ба атрофаш назар кард ва шишаро пай бурд.
– Соҳил намоён шуд, – гўён фарёд кард ў.
Уқоб:
– Дар кадом тараф, Додо, –гуфта пурсид.
Алиса ҳарчанд «илтимос, ҷаноби Додо, ба ман кумак расонед», – гўён зора карда бошад ҳам, се рафиқ ба духтарак назар накарда, аз он ҷо парида рафтанд.
Баъд аз оне ки онҳо аз назди Алиса дур шуданд, ў боз як гурўҳи иборат аз се парандаи дигареро вохўрд. Инҳо як мурғи саққо, як тўтӣ ва як бум буданд. Духтарак ба онҳо низ:
–Илтимос, ба ман ёрӣ диҳед, –гуфта нидо кард.
Каме дертар харчангҳои зиёде шишаро гирд карданд.
Алиса:
–Ёрӣ диҳед,– гўён фарёд бардошт.
Харчангҳо ба ў аҳмияте надода, ўро ба зери об мебурданд. Баногоҳ шиша аз дасти онҳо раҳо ёфта, ба рўи об баромад. Даҳонаш кушода шуд ва Алиса аз даруни шиша баромад.
Он гоҳ дар болои як харсанге Додоро дид. Бо парандаҳои дигаре, ки дар атрофаш буданд, якҷоя беист суруд мехонданд. Баногоҳ чашми Алисаба харгўши Сафед афтид. Ба шаст медавид. Харгўш чатрашро пўшида:
–Вой, Худоҷон! Дер мондам! Боз дер мондам! – гуфт.
Алиса илтиҷокунон:
– Ҷаноби Харгўш, илтимос, наравед, – гуфт.
Дар ин асно доркўб Алисаро бо нулаш дошта, ба ҳаво баланд шуд. Алисаи хўрдакак ба ақибаш нигоҳ карда:
–Ҷаноби харгўш, ман камтар баъд бозмегардам, – гуфт. Ҳангоми аз болои ҷангал гузаштани Алиса, овози харгўше, ки «Дер мондам» мегуфт, меомад. Ҳамин ки Алиса ба замин фаромад, пушти дарахтонро аз назар гузаронда, худ ба худ «шояд харгўши Сафед дар ин ҷо пинҳон шуда бошад», – гуфта дар баробари ин фарёд мекард. Баногоҳ Алиса ба дугоникҳои хурдакаке вохўрд ва «инҳоро бинед–а, чӣ хел аҷоибанд»,– гуфта ҳайрон нигоҳ мекард.
Ин ҷонварони доирашакл ба гарданашон гарданпечҳои калони кабудранг баста буданд.
Чашмонашон мисли табақчаҳои чой гирд, биниҳояшон бошад, мисли тугмачаҳо хурдакак буданд. Шимҳои калони сурх ва куртаҳои зард доштанд.
Пойҳои кўтоҳашон дар даруни шимҳояшон буду, дастҳои борикашон аз дохили остинҳои калонашон овезон буд. Дар сарашон кулоҳҳои норинҷӣ пўшида буданд. Алиса хам шуда, номҳои дар гиребонҳояшон навишташударо хонд: Алул ва Булул… Ин ҷонварони аҷоиб дар гирди Алиса ба рақс даромаданд, вале фикру хаёли Алиса ба харгўши Сафед банд буд.
–Худатро ба мо муаррифӣ намекунӣ? – гуфтанд Алул ва Булул.
Алиса:
– Номам Алиса. Як харгўши Сафедро меҷўям, – гуфта, ба тарафи ҷангал равон шуд.
Алул ва Булул ўро дошта:
–Не, ба ин хел зуд рафтанат иҷозат намедиҳам, нав шинос шудем. Бо мо чашмпушакбозӣ мекунӣ?
Ҳарчанде Алиса ба онҳо ташаккур гуфта, аз он ҷо гурехтанӣ бошад ҳам, паканаҳо ба ў иҷозат намедоданд.
–Агар боз каме бо мо бимонӣ, ба ту як намоише нишон хоҳем дод.
–Ташаккур, лекин рафтанам лозим.
–Чаро ?
–Як харгўши Сафедро меҷўям.
–Чаро ?
– Вай… ба куҷо рафтанашро фаҳмидан мехоҳам.
Вақте Алиса ин суханҳоро мегуфт, худаш низ намефаҳмид, ки харгўшро чаро ҷустуҷў мекунад. Алул ва Булул ба гуфтугўи байни худ сар карданд.
– Инро бинед–а, хонуми хурдакак бениҳоят кунҷкоб будааст.
– Садафакҳо ҳам бисёр кунҷкоб буданд!
–Ҳа, рост мегўӣ…
– Баъд ба сарашон чиҳо омада буд, медонӣ ?
– Бечораҳо, – гуфта аз чашмони ҳардуяшон ашк ҷорӣ шуд.
Алиса низ онҳоро дида, ғамгин шуд.
– Чӣ шуд? Ба сарашон чиҳо омад? – гуфта пурсид ў.
– Ин гуна чизҳо диққати туро бисёр ҷалб намекунанд–ку?!
– Аа, ҷалб мекунанд…
– Не ҷонакам ! Ғайр аз ин, ту бисёр саросема ҳастӣ.
–Ҳеч гап не, барои шунидани нақли шумо як чанд дақиқа ҷудо карда метавонам…
Алул ва Булул бисёр интизор нашуда, аз дастони Алиса дошта, ўро ба болои як кундае шинонданд. Баъд, як –ду қадам қафотар истода, номи ҳикояашонро гуфтанд: «Қиссаи садафакҳои кунҷкоб…»
Аз китоби Люис Кэролл “АЛИСА дар олами муъҷизаҳо”.
(Идома дорад).
Таҳияи Шабнами Мустафо