Нависандаи халқии Тоҷикистон ӮРУН КӮҲЗОД 85-сола шуд
“…Замони Шӯравӣ, дар муқояса бо замонҳои пеш, давраи эҳёи давлати тоҷикон аст, ки ба ин халқ ба вуҷуди ноқисӣ, ҳудуди маъмурӣ дод. Ва дар ин ҳудуди ноқиси маъмурӣ ҳама нишонаҳои як давлати мустақил, аз қабили конститутсия, ливо, герб ва гимн мавҷуд буд. Сохтори давлатӣ низ вуҷуд дошт. Дар коғаз ва дар забон буд ин ҳама имтиёзҳои давлатдорӣ, вале, ба ҳар ҳол, фаъолият мекард. Дар оғози кор кадрҳои маҳаллӣ сари қудрат омаданд, лекин ин равиш дер давом накард – ҳамаашонро нобуд гардонидаанд, ки миллатгаро ҳастанд. Пас аз ин репресия аз тоҷикон роҳбари дараҷаи аввал таъин намекарданд. Ва агар таъин бикунанд ашхосеро меёфтанд, ки ятим монда дар мактабҳои русӣ тарбия гирифтаанд ва ё мардикороне, ки дар роҳи оҳан ё заводҳои рус коргар будаанд ва ё ҳеч набошад зани урус дошта бошанд. Дар ҳамон ҳолат ҳам ҷонишини якум ва прокурор, вазирони корҳои дохилӣ ва амният, ҳатто вазири ҳифзи сиҳат ва комиссариати ҳарбӣ аз боло то ба поён ва роҳбарони роҳҳо, алоқа, фабрику завод, ҳама аз дигарон буданд. Гандумнамову ҷавфурӯш ва авомфиреб буд ин сиёсат. Аз як тараф, барои хок пошидан ба чашми ҷомеа, ҷор меандохт, ки Тоҷикистон давлати мустақил аст, аз тарафи дигар, барои манфиатҳои мустамликадорӣ, сарвари ин давлати мустақил қудрате надошт, ки як фаррошро аз ҷояш беҷо кунад. Хеле маккорона буд, зинаҳои ин сиёсат ва авом ба адолати он бовар дошт ва касе ғайрат намекард, ки аз оқибатҳои он сухан гӯяд. Дуруст, ки овозҳое баланд мешуд, вале ин овозҳо ба гӯши кам касоне мерасид ва баъдан, онҳоро туҳмат ва дурӯғи маҳз медонистанд ва олимони «ҳамадон» раддия менавиштанд ва авом боз бовар мекард.
Вақтҳои охир як нафар аз одамони маҳаллӣ дар курсии сардори давлат менишаст ва монанди ӯ чандин нафари дигар садорату вазорат доштанд, ки ҳама дастнишонда буданд…”
Ин як пора аз суҳбати Нависандаи халқии Тоҷикистон Ӯрун Куҳзод аст, ки аз нашрияи “Тоҷикистон” иқтибос шуд. Ӯрун Куҳзод аз зумраи камтарин адибоне мебошад, ки бо андешаҳои солим ба ҳар рӯйдоди ҷамъият вокуниш нишон медиҳад. Диди амиқ ба зиндагӣ асарҳои ӯро хонотару худи ӯро маҳбубтар кардааст.
Адиби хушкалом, ки имрӯз 85-солагии мавлуди худро ҷашн мегирад, 15 марти соли 1937 дар деҳаи Fаззаи ноҳияи Панҷакент, дар хонадони деҳқон ба дунё омададааст. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, омўзишгоҳи омўзгории шаҳри Панҷакентро соли 1955 хатм кардааст. Соли 1959 Донишгоҳи давлатии омўзгории шаҳри Душанберо ба итмом расонд ва ба кори омўзгорӣ ва илмӣ-адабӣ пардохт. Лаборанти Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷик, ходими адабии маҷаллаи “Хорпуштак”, ҷонишини муҳаррири рўзномаи “Маориф ва маданият”, муҳаррири илмии қомуси тоҷик, мудири шуъбаи очерку публисистикаи маҷаллаи “Садои Шарқ”, мудири шуъбаи нашриёти “Адиб”, сардабири маҷаллаи “Садои Шарқ” буд. Ва дар тўли ин солҳо асарҳои зиёде эҷод кард. Ҳикояву қиссаву роман навишт. Нахусткитоби ў бо номи “Сареву савдое” соли 1971 ба табъ расид, ки таваҷҷўҳи мунаққӣдонро ба худ кашид.
Адабиётшиноси маъруф, профессор марҳум Худойназар Асозода дар бораи Ӯрун куҳзод дар китобаш “Адабиёти тоҷик дар садаи 20” менависад: “Ӯрун Кӯҳзод аз насли адибони солҳои шастум мебошад. Нахустин достонҳои кӯтоҳу (ҳикояву) очеркҳои ӯ оғози солҳои шаст чоп шудаанд. Тавре ки ишора рафт, муаллифи доимии маҷаллаҳои “Садои Шарқ” ва “Хорпуштак” будааст. Аввалин маҷмӯаи насрии ӯ соли 1972 таҳти унвони “Сареву савдое” чоп шуд, ки мундариҷаи онро асарҳои ҳаҷвиву мазҳакавӣ ташкил додаанд. Соли 1975 ду қисса бо номҳои “Роҳи ағба” ва “Писанддара” рӯи чопро диданд. Ин осор аз рӯзгори чӯпонҳо ва масъулиятмандии инсон дар назди ҷомеа ва бархе ҷиҳатҳои этнографии мардуми кӯҳистон баҳс менамояд. Баъд аз як сол қиссаи дигари ӯ – “Андешаҳо дар танҳоӣ” (“Кини Хумор”) дар мавзӯи ахлоқу маънавиёти инсонӣ тақдими алоқамандон мегардад. Соли 1978 нависанда дар паҳлӯи ин қисса чанде аз достонҳои кӯтоҳашро гузошта, таҳти унвони “Кини Хумор” маҷмӯае ба табъ расонд. Ҳамин солҳо ба муносибати ҷашни садсолагии устод Садриддин Айни дар “Садои Шарқ” қиссаи навашро бо номи “Як рӯзи дароз, рӯзи бисёр дароз” чоп кард, ки он дар мавриди рӯзгори Садриддин Айнӣ баҳс менамояд”.
Насри Кўҳзод омехта ва публистистика буда, нависанда ин риштаро чун аслиҳаи мубориза бар аҳриманҳо истифода мебарад. Ва дар ин роҳ ҳунари ҳаҷв мададгори ўст. Дар ҳикояҳои зиёди ў, қиссаҳо ва дар романи “Ҳам кўҳи баланд, ҳам шаҳри азим” ин нуқтаро дарёфт кардан душвор набувад. Романи андешаҳост ин асар ва романи муборизаи некӣ бар бадист. Ва арзандаву зебанда буд, ки шакли пурраи ин асар бо номи “Бандии озод” соли 1996 мукофоти Давлатии ба номи Рўдакиро дарёфт.
Ӯрун Куҳзод аввалин адиби тоҷик аст, ки Гариэл Гарсиа Маркес – нобиғаи адабиёти оламро ба хонандаи тоҷик ошно кард. Тарҷумаи аввалин повести ин нависандаи оламшумул “Хазони умри Одамхудо” ба қалами Ӯрун Куҳзод мутааллиқ аст.
Урун Кӯҳзод адиби пухтакору мушоҳидакор буда, дар давоми чанд соли охир қиссаву рисолаҳои публитсистии «Тоҷикони имрӯза» (2002), «Лоҳутӣ ва баъди ӯ» (2002), «Ҷамъи парешон» (2003), «Ахлоқи воло – дафъи бало» (2003), «Акашариф – Борбади асри бист» (2005) ва як силсила мақолаю ҳикоя ба табъ расонд, ки шоҳиди чунин даъвоянд.
Романи таърихии Урун Кӯҳзод «Ҳайҷо», ки солҳои 2005-2006 дар маҷаллаҳои «Сухан» ва «Садои Шарқ» ва соли 2014 дар шакли китоб ба табъ расид, ба таҳқиқи адабии мавзӯи хеле муҳим – аз тарафи Русияи подшоҳӣ ғасб намудани Осиёи Миёна, хосса Аморати Бухоро, бахшида шудааст, ки аз нигоҳи паҳнои тасвири воқеаҳо ва баррасию арзёбии онҳо хеле ҷолибу беназир аст.
Тарҷумаи бисёр асарҳои адибони маъруфи хориҷӣ, аз ҷумлаи К. Чандар, Ҳ. Ғулом, Л. Ленч, С. Хонзодян, В. Санги, қиссаи А.П. Чехов «Дашт», романи Г.Г. Маркес «Хазони умри Одамхудо», ҳикояҳои Азиз Несин «Мактубҳо аз он дунё», мунтахаби осори Р.Домонович «Бозгашти Шоҳзода Марко» ва ғ. ба қалами ӯ тааллуқ доранд, ки басо моҳирона анҷом ёфтаанд.
Иддае аз асарҳои Урун Кӯҳзод ба забонҳои русӣ, украинӣ, ӯзбекӣ ва дигар халқҳои шӯравӣ ба табъ расидаанд. (Сомонаи Ит.нав.)
Ӯрун Куҳзод соли 1996 унвони Нависандаи халқии Тоҷикистонро сазовор гардид.
Аз соли 1975 узви ИН Тоҷикистон мебошад.
Аз Ӯрун Куҳзод дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳоро метавонед бихонед:
Сареву савдое [Матн]: Ҳикояҳо / Муҳаррир О. Ҳамроев. – Душанбе: Ирфон, 1972. – 135 с.
Роҳи ағба [Матн]: Қисса. – Душанбе: Ирфон, 1975. – 200 с.
Кини Хумор [Матн]: Повест ва ҳикояҳо. – Душанбе: Ирфон, 1978. – 240 с.
Як рўзи дароз, рўзи бисёр дароз [Матн]: Порча аз повест ба пешвози 100 – солагии зодрўзи С. Айнӣ. – Душанбе: Ирфон, 1982. – 192 с.
Писанддара [Матн]: Повестҳо. – Душанбе: Маориф, 1984. – 208 с.
Як сару сад хаёл [Матн]: Ҳикояҳо. – Душанбе: Ирфон, 1983. – 256 с.
Саттори роҳбалад [Матн]: Ҳикоя. – Душанбе, 1984. – С.231-253.
Акашариф Борбади асри XX [Матн]. – Душанбе: Адиб, 2005. – 72 с.
Ҳайҷо [Матн]: Роман, Повест, Достон. Ҳикоя. – Душанбе: Адиб, 2007. – 596 с.
Адабиёт дар бораи Ўрун Кўҳзод:
Салимов, Н. Махсусияти инсони муосир [Матн]: Андешаи муллиф дар бораи Қаҳрамони марказии романи «Ҳам кўҳи баланд, ҳам шаҳри азим»-и Ўрун Кўҳзод // Адабиёт ва санъат. – 1987. – 30 июл.
Сорбон … Ҳам ҷони одам [Матн]: Ба ифтихори 50-солагии нависандаи халқии Тоҷикистон Ўрун Кўҳзод // Адабиёт ва санъат. – 1987. – 12 март.
Турсун, С. Тақвими роҳгум [Матн]: Андешаҳои муаллиф ба повести Ўрун Кўҳзод «Тақвими роҳгум» // Садои Шарқ. – 1987. – №5. – С. 3-4.
Зардон, С. Тиру сеҳр [Матн]: Барои мукофоти давлатии ба номи Рўдакӣ пешниҳоди нависандаи маъруф, Ўрун Кўҳзод // Комсамоли Тоҷикистон. – 1988. – 25 сентябр.
Кабиро, Ш., Хоҷаев, Д. Мувозинати камол ва андеша (забони модарии мо) [Матн]: Оид ба забони повести нависанда Ўрун Кўҳзод «Як ўзи дароз, рўзи бисёр дароз» // Адабиёт ва санъат. – 1988. – 29 декабр.
Сафарзода, Х. То дил накунад дард [Матн]: Андешаҳо перомуни эҷодиёти нависанда Ўрун Кўҳзод // Газетаи муаллимон. – 1989. – 18 апрел.
Тасвири Ҳамзамонан дар повестҳои Ўрун Кўҳзод [Матн]: Салимов, Н. Армуғон: Машъалҳои филологияи тоҷик, 1989. – С.80-86.
Шарифов, Х. Иқтидори ҷаҳолат [Матн]: Пешниҳодҳо ба асари Ўрун Кўҳзод «Тақвими роҳгум» ба ҷоизаи С. Айнӣ // Адабиёт ва санъат. – 1989. – 23 ноябр.
Солеҳ, Ш. Фоҷиаи инсон ва дарки бадеии он [Матн]: Таҳлили образҳои романи Ўрун Кўҳзод «Бандии озод» // Ҷумҳурият. – 1997. – 11 январ.
Ўрун Кўҳзод [Матн] / Муаллиф ва мураттиб Гулназар // Адибони Тоҷикистон. – Душанбе: Адиб, 2003. – С. 229-231.
Саъдуллоев, А. Дирўз ҳам имрўз аст [Матн]: Назаре ба се китоби Ўрун Кўҳзод «Ҷамъи парешон»; «Ахлоқи воло, дафъи бало»; «Акашариф. Борбади асри бист» // Садои Шарқ. – 2006. – №5. – С. 132-139.
Маҳмадалишоҳи Ҳайдаршо. Дар сухан болобаландӣ дар миёни носирон [Матн]: Шеър. Ба ифтихори 70-солагии Ўрун Кўҳзод // Хорпуштак. – 2007. – №2. – С. 8.
Қулапаймони сухан [Матн]: Ба муносибати 70–солагии нависандаи халқии Тоҷикистон Ўрун Қўҳзод / Мураттибон: А. Набавӣ, Ш. Солеҳов, Ш. Шуҷоъ; Муҳаррир А. Набавӣ. – Душанбе: Деваштич, 2009. – 178 с.
Шарифова, Г. Мавқеи зарбулмасалу мақол дар осори Ўрун Кўҳзод [Матн]: // Адабиёт ва санъат. – 2013. – 28 феврал.
Шуъбаи библиографияи миллӣ