Сарсухани профессор  Эмомалӣ Насриддинзода ба китоби “Пешвои миллат ва сиёсати давлатии забон”

Шоҳасари муаррифкунандаи забони миллат

 Ин нукта мусаллам аст, ки муаррифкунандаи ҳар қавму миллат, қабл аз ҳама, фарҳангу маданият ва дастовардҳои маънавии ӯст. Зеро фарҳанг ва маънавиёт гаронбаҳотарин мероси миллат ва тамаддун маҳсуб меёбад. Ҳанӯз дар ибтидои асарҳои миёна, ки давраи ташаккулёбии забони адабии тоҷикӣ буд, Одамушшуаро, устод Рӯдакӣ оид ба мақому манзалати илму фарҳанг ва маънавиёт чунин ишора менамояд:

Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,

То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ

Фарҳанг дастоварди фитрии ҷовидонист ва миллате, ки бофарҳанг аст, ҳеч гоҳ намемирад ва маънавиёташ ӯро абадан зинда медорад.

Халқи тоҷик аз қадимтарин мардумони бумии тамаддунофар ва фарҳангпарвари башарӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, дар дарозои таърих фарҳанги моддию маънавии тоҷикон ва забони тоҷикӣ, ки бебаҳотарин забони илму фарҳанги оламгир аст, аз байн нарафт. Ин халқу миллати тамаддунофар ва фарҳангпарварро маҳз маънавиёти воло ва забони шевояш аз газанди рӯзгор эмин нигоҳ дошт.

Дар даврони миёнаи таърихии забонҳои ҳиндуориёӣ, дар марзҳои Порс, Суғду Бохтар, Хоразм, Порт ва ғайра фарҳангу маънавиёт ва забони ақвоми ориёӣ, порт, суғдӣ, хоразмӣ сакоӣ, марғиёнӣ, бохтарӣ ва дарии тоҷикӣ хеле рушд кардаанд, ки осори хатии безаволи он давра то кунун муште аз хирвор боқӣ мондаанд

Дар замони Сомониён забон, фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон дар тамоми Шарқу Ғарби қадим машҳур гардида, осори беназири фарҳанги маънавӣ ба забони тоҷикӣ ба вуҷуд омад. Забонҳое, ки имрӯз дар чаҳони муосир нуфузи бештар доранд (аз нуқтаи назари сиёсӣ ва иқтисодӣ) дар оғози асарҳои миёна забони гуфтугӯӣ ва муоширати марзии худ будаанд, аммо забони тоҷикӣ забони давлатӣ ва байналмилалии Шарқи қадим, дар давлатдории Сомониён буд, ки марзҳояш аз Ғарб ба Шарқ дарозо дошт.

Забони тоҷикӣ дар тӯли сад соли давлатдории Сомониён ба ҳадде рушд кард, ки ба ин забон гаронбаҳотарин осори хаттӣ ба вуҷуд омад ва ҳамчун забони илму маърифат ва давлату давлатдорӣ рушду тавсеа ёфт, ки дар таърих назир надорад.

Баъди аз байн рафтани давлатдории Сомониёни тамаддунофар ва фарҳангпарвар ҳам то нимаи аввали асри 20, яъне зиёда аз 900 сол забони тоҷикӣ забони расмии давлатӣ, забони дипломатия ва давлату давлатдорӣ, забони муоширати байни халқҳои гуногун ва забони байналмилалӣ дар тамоми минтақаи Шарқ буд.

Дар оғози даврони шуравӣ абармардони дилогоҳи миллати куҳанбунёди фарҳангпарвари тоҷик, ба мисли устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон зиракии сиёсӣ ва қавмдориву ватанпарвариро аз даст надода, баҳри дифои фарҳанги оламгир ва тамаддуни беназири хеш, таъриху ташкилёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳо кардаанд.

Аз ҷониби устод Садриддин Айнӣ нашр гардидани асари “Намунаи адабиёти тоҷик” ва баъдтар аз ҷониби академик Бобоҷон Ғафуров таълиф гардидани китоби “Тоҷикон”инқилоби зеҳнӣ ва номуси ватандорӣ буд ва ҳамаи ин собит намуданд, ки ин фарҳанги моддиву маънавии ин миллат дар дунё назир надорад ва тоҷикон аз қадимтарин мардумони бумии Осиёи Марказӣ, алалхусус, Мовароуннаҳру Хуросони Бузург маҳбус меёбанд, ки ин ҳақиқати таърихиро бо доман пӯшонидан ғайриимкон аст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз бо саъю кӯшишҳои абармарди беназири фарҳанг ва сиёсати ҷаҳони муосир Пешвои муаззами миллати тоҷикони тамоми ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон шукӯҳ ва азамати тоза пайдо кард. Ин буд, ки забони тоҷикӣ имрӯзҳо ба сифати забони расмии давлатӣ аз баландтарин минбарҳои бонуфузи ҷаҳон, аз ҷумла, дар Созмони Милалии Мутаҳҳид садо медиҳад.

Ин неъматҳоро шукр мебояд кард. Яке аз бузургони адабиёти классикиамон Шайх Фариддуни Аттор мегӯяд:

Шукр гӯӣ неъматат афзун шавад,

В-ар нагӯӣ аз кафат берун шавад.

Бо ибтикор ва кӯшишҳои пайгиронаву бевоситаи Пешвои муаззамии миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки беҳтарин хидмат барои будушоб ва инкишофи минбаъдаи забони модарии мо – забони тоҷикӣ мебошад.

Дар баробари он ҳама ташвишҳо ва заҳматҳои кори давлату давлатдорӣ ва сиёсатмадории даврони муосир кардаистодаи хеш, Пешвои муаззами миллат ва Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи силсиласарҳояшон дар арсаи сиёсат ва дипломатияи ҷаҳонӣ навиштаи худ дасти ҳиммату матонат ва мардонагиву меҳандорӣ дароз намуда, асари  мондагору ҷовидоние бо номи “Забони миллат– ҳастии миллат”-ро таълиф намуданд, ки дар ду ҷилд ба чоп расид.

Китоби якуми бузургқомуси миллии тамаддунсози асрҳо ва замонҳо “Забони миллат– ҳастии миллат” вазъи забони тоҷикиро аз оғози таърихи тоҷикон то давраи ҳуҷуми муғулҳо дар бар мегирад, ки беҳтарин асари мукаммалу муфассал оид ба таърихи забони тоҷикӣ, таъриху фарҳанг ва тамаддуни беш аз 3500-солаи тоҷикон мебошад. Санадҳои таърихӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ва далелҳои илмие, ки дар ҳар ду ҷилди ин асари мондагори Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон – “Забони миллат– ҳастии миллат” оварда шудаанд, ки комилан нав буда, дар риштаи таърихи забони тоҷикӣ арзишмандтарин асари илмии таҳқиқотӣ ба шумор меравад, ки бо далелу бурҳони таърихан илмию назариявӣ асосноккардашуда таҳия шудааст.

Ҷилди дуюми асари мазкур, ки соли 2020 нашр гардид, таърихи густариш ва таҳаввули 700- солаи забони тоҷикиро аз асри 13 то охири асри 20 дар бар мегирад. Дар даврони ҷаҳоншавӣ нашри чунин як асари хеле пурқимату мондагор ва ҷовидонӣ, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин хидмат барои Ватан ва нодиртарин асар оид ба забони модарӣ ва таъриху фарҳанг ва адаби тоҷик мебошад. Хидмати барои рушду тавсеаи минбаъда ва ҷовидонае, ки Сарвари давлату Ҳукумат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба забони тоҷикӣ карданд, назир надорад ва шукргузор бояд бошем, ки Худованд чунин як шахсияти донову фозил, донишманду дурандеш, миллатдӯсту меҳанпарвар, ғамхори халқу миллат ва сиёсатмадори оламшумулро ба мо додааст.

Китоби “Пешвои миллат ва сиёсати давлатии забон” асари тозанашрест, ки ба ифтихори 30-юмин солгарди ҷашни Истиқлол ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикситон таҳия ва нашр мегардад. Дар он фикру андешаҳои муҳаққиқону донишмандони варзидаи ҷумҳурӣ, нисбат ба асари лозавол ва бузургқомуси  миллии тамаддунсози асрҳо ва замонҳо – “Забони миллат – ҳастии миллат”, ки бо қалами Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мансуб аст, гирд оварда шудаанд. Муҳтавои навиштаҳои илмии муҳаққиқони риштаи забоншиносӣ, адабиётшиносӣ ва таъриху фарҳанги ҷумҳурӣ, яъне аҳли зиёӣ ҷумҳурӣ, худ далели он сат, ки асари тозанашри дуҷилдаи мазкур дар ҳавзаи илмии муҳаққиқон ва дар доираи аҳли зиё мақому манзалати беназирро касб намудааст.

Асари Забони миллат – ҳастии миллат” дар баробари “Намунаи адабиёти тоҷик”-и  устод Садриддин Айнӣ ва китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Гуфуров асари нодири таҳқиқотӣ, бузургтарин сарчашмаи муътамад ва оинаи тамомнамоест, ки дар он таърихи зиёда аз 3500- солаи забон, адабиёт таърих, фарҳангу тамаддуни тоҷикон мавриди таҳқиқ ва барррасӣ қарор гирифтанд, ки дастагулест муаттар ба тамоми аҳли зиё, бедордилони кишвару посдорандагони забони модарӣ, фарзандони асили Ватани азизамон ба муносибати 30- юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи забони давлатии кишварамон.

 

НАСРИДДИНЗОДА ЭМОМАЛӢ

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, доктори

илми ҳуқуқшиносӣ, профессор

 

Китоби “Пешвои миллат ва сиёсати давлатии забон”-ро шумо хонандагони азиз, метавонед дар Китобхонаи миллӣ пайдо ва мутолиа намоед.