Сарҳанг-китобдор. Шахсе, ки ҳам низомии муваффақ буд ва ҳам олими комёб
Дар остонаи Наврӯз аз як нафар устодони китобдору китобшинос Маҳмадшарий Каримов ёд мекунем. Ӯ ҳамагӣ 64 сол умр дид ва агар зинда мебуд, имсол ба синни мубораки 65 қадам мегузошт. Вале аҷал тирамоҳи соли гузашта риштаи умри ӯро бурид ва ёрону пайвандону шогирдонашро дар мотам нишонд.
Каримов Маҳмадшариф дар остонаи Наврӯзи ҷаҳоноро, рӯзи 17 марти соли 1957 дар деҳаи Сомони ноҳияи Рўдакӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Баъди ба итмом расонидани муассиаи таҳсилоти миёнаи №46 ноҳияи Ленин, ҳуҷатҳояшро соли 1974 ба факултети китобдории Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикстон ба номи Мирзо Турсунзода бо ихтисоси китобдор-китобшинос супорида, онро бо сарбаландӣ хатм намудааст.
Баъди хатми донишкада соли 1978 фаъолияти кориашро ба ҳайси методисти калони шуъбаи илмӣ-методии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ оғоз намуда, то соли 1984 дар ин муассиса фаъолият намудааст. Баъдан соли 1984 масъулияти кориро дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода, дар он ҷо то соли 2008 адои вазифа намудааст. Баъд аз фаъолияти тўлонӣ дар вазорат, ў бори дигар бар Китобхона баргашта, ба сифати дастурдиҳандаи мудофиаи граждании Китобхонаи давлатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ то соли 2011 адои вазифа менамояд. Аз соли 2012 бошад, ҳамчун сармутахассиси шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба фаъолият шурўъ намуда, то 2017 дар ин вазифа фаъолият менамояд.
Дар муддати ин солҳо Каримов Махмадшариф бо навиштани мақолаву дастурҳои библиографӣ ва методӣ шурўъ намуда, чандин мақолаи илмӣ низ навиштааст, ки онҳо дар сомонаи Китобхонаи миллӣ ва рўзномаву маҷаллаҳои илмӣ-адбии кишвар рўйи чоп омадаанд.
Дастурҳои методии зиёди эшон бо унвонҳои «Китобхонаи электронӣ ва дастёбӣ ба он», «Нақшаи тахминии плани солонаи корӣ ва ҳисоботи китобхонаҳои системаи марказонидашуда», «Тарғиби донишҳои ҳуқуқшиносӣ дар байни наврасон», «Централизованные библиотечные системы Таджикистана в 1978 – 1979 годах», «Асосҳои технологияи корҳои муқовабандии дастӣ ва таъмиру тармими китобу ҳуҷҷатҳо» ва ғайраҳои таҳия шудаву ба чоп расидаанд.
Мақолаҳои Каримов Маҳмадшариф бо номҳои «Бинавис, дило, ба ёр қоғаз…», «Дастовардҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон», «100 шахсияти машҳури тоҷик, кистанд онҳо?», «Чеҳраҳои дурахшони тиб, фарҳанг ва ҳунари тоҷик», «Мақоми китоб дар фарҳанги мардуми тоҷик», «Коршиносони Китобхонаи миллӣ», «5-соли фаъолияти Маркази такмили ихтисос», «Китоб ва нақши маънави он», «Колыбель судьбы – публицистика, очерки, стихи, пословицы и афоризмы» низ ба чоп расидаанд.
Соли 2017 бошад, ў ҳамчун сардори шуъбаи таъмир ва тармими Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз менамояд. Солҳои 2017- 2020 роҳбари Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва аз соли 2020 дар охири солҳои умри хеш дар вазифаи мудири шуъбаи фаъолияти китобдории Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст.
Каримов Маҳмадшариф инчунин дар Артиши Шўравӣ ва сохторҳои қудратӣ хидмат карда, дорандаи рудбаи ҳарбии полковники хизмати дохилӣ буд.
Хизматҳои ў дар солҳои гуногун бо чандин ифтихорномаҳову сипосномаҳо қадрдонӣ шудааст.
Заҳматҳои Каримов Маҳмадшарифро ба инобат гирифта, ўро бо нишони «Аълочии фарҳанг ва матбуот»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ гардидааст.
Каримов Маҳмадшариф санаи 17-уми ноябри соли 2021 аз олам даргузашт.
Ёди дӯст, ҳамкор ва мурабии азизи ҷавонон гиромӣ бод!
Сулҳия ИБРОҲИМОВА,
корманди шуъбаи илмӣ ва таҳқиқотӣ.