ДРАМАИ “ДАЪВАТИ НОСИР” ЧОП ШУД
Нашриёти “ЭР-граф” драмаи “Даъвати Носир”-и Ато Мирхоҷаро дар шакли китоб ба чоп расонд. Он ба 1020-солагии нобиғаи Машриқзамин, шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ бахшида шудааст. Дар ин бора муаллиф ахиран дар саҳифаи худ дар Фейсбук хабар дод.
Драмаи “Даъвати Носир” аз 2 парда ва 6 намоиш иборат буда, соли 1994 ба муносибати 1000-солагии Носири Хусрав навишта шуда, худи ҳамон сол сазовори ҷоизаи Озмуни драматургони ҷумҳурӣ гардида буд. Айни замон он аз ҷониби муаллиф такмилу таҳрир ёфта, ба хонандагон пешниҳод мегардад.
Муҳаррири китоб доктори илмҳои фалсафа, шоир ва адабиётшиноси номвар Кароматулло Олимов мебошад.
Муаллиф дар ин асар зиддиятҳои дохилии давлати Салҷуқиён ва таъсири ногувори он ба сарнавишти Носири Хусрави равшанандешро ба риштаи тасвир кашидааст.