МАТОЛИБИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН
Охири соли гузашта бахши бонувони Китобхонаи миллӣ ба муносибати 10-умин солгарди ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ миёни бонувон озмун эълон кард. Шарти ин озмун он буд, ки худи кормандон ба даҳ соли ахири фаъолияти Китобхонаи баҳо диҳанд. Маводҳо дар шакли мақола, очерк, лавҳа пешниҳод шуданд. Дар остонаи Наврӯз, ки ҷашни фархундаи солгарди ифтитоҳи бинои нави Китобхона ба он рост меояд, ин озмун ҷамъбаст гардид. Аз миёни ҳудудан 20 маводи пешниҳодшуда панҷ нафар соҳиби Сипосномаҳои Китобхонаи миллӣ шуданд.
Матлаби зер аз ҷумлаи ҳамин панҷ пирӯзи озмуни ёдшуда.
Сумая Аҳмадиву Зоҳири Ҷаҳиш. Таассурот аз ду шаҳрванди Афғонистон аз Китобхонаи милливу мазори Рӯдакӣ
Ҳар рӯзе, ки аз хона барои кор ба сӯи китобхона меоям, бо як иштиёқи хос орзу дорам то ба ин макони муқаддас, таълим, ва макони оромиш хидмат кунам. Ва яқинан кор кардан ва дар хидмати ҷомеаи ҳунар ва илмдўсту фарҳангдўсти мо будан ҷойгоҳи вижае дорад. Аз ин рӯ ҳамеша дар садади ин ҳастам то беҳтарин корҳоро ба ҷомеаи илмдўст анҷом диҳам. Вақте дохили китобхона мешавам, вуҷудамро оромиш ва виҷдонамро таскин фаро мегирад. Баъд аз расидан ба утоқи кориям мунтазир мемона, ки кадом меҳмон ба китобхона муроҷиат мекунад, то барояш хидмат бикунам. То ҳол, ки дар китобхона кор мекунам, бо мардон ва занони аҳли ҳунар, ки ба китобхона муроҷиа карданд, хотироти дилнишин дорам.
Аз ҷумлаи муроҷиинам барои натиҷаи мушаххас аз ду нафар, ки муштоқи ошноӣ бо илм ва ҳунари Тоҷикистони азизи мо ҳастанд, сухан мегўям.
- Сумая Аҳмадӣ.
Як духтари афғон баҳри сайёҳат меҳмони Китобхонаи миллӣ шуд ва бо иштиёқу алоқаи шадид ба фарҳангу забону таърихи муштаракамон суҳбат кард. Ба бахшҳои мухталифи китобхона бурдамаш ва мусаввараи бузурги Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзалӣ Шарифиро низ нишон додам. Вақте таърихи панҷҳазорсолаи миллати тоҷикро дар ин мусаввара дид, ҳаяҷонзада шуд ва эҳсосоташро идора карда натавонист.
Роҷеъ ба мусаввара ва мардуми тоҷик пайваста савол медод. Масалан мепурсид, ки ин кист, рассом ҳаёт аст (зинда аст?), дар чанд муддат ин наққошӣ рўи кор омад, муаллиф чанд сол дораду куҷост. Бо дидани шоҳони гузаштаву шаҳрҳои таърихии тоҷикон, шахсиятҳои таърихиву сиёсӣ, ҳунармандону аҳли фарҳангу адабу илм ҳолати пурнишоте ба ў даст дод. Вақте ба сурати Аҳмадшоҳи Масъуд таваҷуҳ кард омар соҳиб, гуфт ва аз чашмонаш барқ мепарид, хурсанд шуд, мисли ин ки гумшудаашро пайдо карда бошад. Ин ҳолат бароям ошно буд, чун зиёд меомаданд афғонҳо ва бо ҳисси саршор аз ҳаяҷону ифтихор ва ғурури миллӣ дар бораи қаҳрамони миллӣ гап мезаданду аксу видео мегирифтанд.
Пурсид: -Ўро мешиносед? Гуфтам чӣ тавр нашиносам? Ў маҳбубиятеро, ки дар кишвари мо дорад, шояд дар Афғонистон надошта бошад. Акси ў хонаҳои ҳар тоҷики Тоҷикистонро оро медиҳад. Ҳанўз хурд будем, ки қиссаҳои ўро шунидем. Аксаш дар компутару телефонҳои мобили ҳар тоҷикистонӣ ҳаст. Ў ҳамватани мост, аз Даҳбеди Самарқанд аст. Дар сулҳи тоҷикон низ саҳми арзандае дорад.
Вақте шунид, ки Аҳмадшоҳи Масъудро тоҷикон дўст медоранду эҳтироми беандоза қоиланд, хушнуд шуд.
Гуфтам дар Тоҷикистон ду Аҳмаде ҳаст, ки тоҷикон мепарастандаш: Аҳмад Зоҳир ва Аҳмадшоҳи Масъуд.
Мусаввараи бузурги Сабзалӣ Шарифиро барояш шарҳ додаму гуфтам ин рассом таърихи панҷҳазорсолаи миллати тоҷикро рўи ин тасвири бузург овардааст. Дар ин мусаввара рассом таърихи миллатро дар се давра: замони Сомониён, Шуравӣ ва истиқлол ба қалам дода аст. Дар давраи истиқлол аҳли фарҳангу ҳунар ва сиёсат, ки барои миллат хидмате боарзиш кардаанд, наққошӣ шуда аст. Ин қадар ба расм таваҷҷуҳ кард, ки якоякашро бо хурдтарин ҷузъиёт пурсон мешуд. Вақте навбат ба нависандаи номдору шаҳид Сайф Раҳимзод расид, пурсид:
-Ин оқо кист? Ба Толстой монанд аст. Чеҳраи файласуфона дорад.
Он вақт аз корам ба сифати роҳбалад чанд моҳ мегузашт ва иттилои дақиқ доир ба ин мусаввара надоштам. Хушбахтона дар бораи он шахсиятҳо ва шаҳрҳову тасвирҳои дигар шунидаву хонда ё дида будам, ки корамро осон кард. Масалан аз Сайф Раҳимзод «Ситораҳои сари танур» ва «Дуруғи сафед»-ро хонда будам ва доир ба зиндагияш навиштаи Абдулҳамид Самадро бо номи «Дунё ва пайроҳаи Сайф». Ҳамчунин раиси Кумитаи телевизион ва радио буд, радиои «Садои Душанбе»-ро таъсис дод. Соли 2000 дар даромадгоҳи хонааш паронда шуд.
Сурати Маҳмудҷон Воҳидовро нишон додаму гуфтам ҳунарманд ва наттоқи маъруфи тоҷик, ки мутаасифона дар айни авҷи шуҳраташ ҷавонмарг шуд. Ў дар қироати шеърҳо ҳамто надошт, мо театре дорем ба номи ў, ин театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов аст.
Ҳарфамро буррид: Ин теотр дар куҷост? Бояд бибинамаш.
Пас аз сайёҳат дар Китобхона барои сомонаи китобхона ҳамроҳаш мусоҳиба анҷом додам, ки баъдан бахшида ба рўзи бонувон ин мусоҳибаро Бузургмеҳри Баҳодур дар рўзномаи «Ҷумҳурият» нашр кард.
Ў, ки ба гуфти модараш маризи китоб аст, ба ҳар кишвар, ки меравад, аввал аз китобхонааш дидан мекунад. Вақте ба Тоҷикистон омад, ҳамин корро кард. Пас аз сайёҳат рафт Театри давлатии ҷавонон ва Донишгоҳи милливу Донишгоҳи омўзгорӣ.
Натиҷаи муаррифии Сумая Аҳмадӣ бо Китобхонаи миллӣ ин шуд, ки як рўз тамос гирифт, ки мехоҳам шаҳри Панҷакент биравам, нишониро барояш додам ва ба тавсияи дусти панҷакентям ўро хуб роҳбаладӣ карданд.
Пас аз бозгашташ аз шаҳри Панҷакент суҳбати дигаре доштем пур аз дард, муҳаббат, гуфтаниҳо, паёмҳо, ифтихорот аз таърихи ҳамдигар, забони ҳамдигар, фарҳанги ҳамдигар, муштаракоте, ки дорем, чизҳои гумшуда…
Ҳинни суҳбат вақте аз устод Рўдакӣ гап мезад, зор-зор мегирист. Миёни гиря гуфт:
Рудакӣ ин қадар қариб буда ба зеҳни ман, ки аз ватани ман буда. Фикр намекунам хеле ҷудо аз Ирону Афғонистон ҳастам. Худамро хеле ҷудо аз ин ҷо фикр намекунам, пайванди амиқе дорем. Дар мусоҳибаи аввалам ҳам ин боварро доштам, ин бовар қавитар шуд. Хеле чизҳо дар Душанбе бароям арзиш дошт, дар Панҷакент низ, вале ба андозаи мазори Рӯдакӣ на.
Ҳисси бисёр ғарибе доштам вақте рафтам дидани Рудакӣ. Гуфтанаш каме сахт аст, (гиря гулугираш кард ва ҳарф зада натавонист). Пас аз ором шудан идома дод: Рудаки падари шеъри форсист, форсие, ки ман суҳбат мекунам, форсие, ки ман мефаҳмам, форсие, ки забони падар ва модарам аст. Он қадар қариб буда, ки ҳатто тасаввур намекунам дар он тарафи марз монда ё ин тараф. Қабл аз Мавлоно ва қабл аз Ҳофиз шеър суруда ва гуфта.
Буи ҷуи Мулиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Ман намефаҳмам, ки мо инсонҳо чаро ин қадар номеҳрубон шудем.» Дар ҳоле, ки сели ашк рухсораҳояшро мешуст, давом дод: «Мо хеле пайвандҳои амиқе дорем. Шумо фарз кунед як хона вуҷуд дорад, ки падару модар ва фарзандон зиндагӣ мекунанд ва падару модар мемирад ва фарзандон тақсим мешаванд.
Ин қадар ин пайвандҳои таърихиву забониву устураҳои мо қавӣ дар ҳам танида, ки аслан намешавад ҷудо кард. Чизе, ки феълан ҷудо ҳастем масъалаи паспорт аст ва масоили сиёсии мост, аммо дар масоили дигар ин гап нест. Сафари фавқуллода буд барои ман.
Вақте, ки ба мазори Рўдакӣ ворид шудам, гиря кардам. Хиҷолат кашидам, чун як устод аз донишгоҳи омўзгорӣ бо ман буд. Гуфт ту ин ҷо роҳбалад нестӣ, ман бояд туро роҳбаладӣ кунаму саҳеҳу саломат бирасонам.»
Сумайя Аҳмадӣ натавонист гиряи худро бигирад. Худоҳофизӣ воқеан барояш сахт буд, эҳсос мекард як пораи қалбашро дар Панҷакент гузошта аст. Ў мисли фарзанде ба дидори падараш омад, то ин андоза ширин буд.
Ў гуфт кош мо одамҳо ёд мегирифтем, ки:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Эҳсоси хушҳолӣ мекард, ки мақбараи падари шеъри форсӣ Рудакӣ дар Тоҷикистон аст, аз ў хуб нигоҳдорӣ мешавад ва як амонат пеши як амонатдори хуб аст.
Сумайя тааҷуб мекунад, ки як одам метавонад бимирад, як куза метавонад 3000 сол умр бинад. Панҷакенти кўҳан барояш бисёр ҷолиб буд, махсусан нигораҳои рўи девор ва кузаҳо, зеро ба осори бостонӣ алоқаи зиёд дорад, чун достони марги моро ба ёдамон меорад. Ниҳояташ дар беҳтарин ҳолати мумкин васоили мо дар осорхона мемонад, агар хеле хушбахт бошем. Яъне одами фониро барои мо нишон медиҳад, одам метавонад бимирад, кўза, санг ва тир метавонад се ҳазор, чор ҳазор ё панҷ ҳазор сол умр бинад. Қисмати зиёди ашкҳои ў ба хотири ватанаш буд, ки солҳост абарқудратҳо намегузоранд мардум зиндагӣ кунанд ва думболи манфиатҳои худанд. Дарди ў барои орзуҳои милёнҳо ҳамватанаш аст, рўзи хуше надоранд, барои орзуҳое, ки тифл буданду надиданд, фикр карданд шояд дар ҷавонӣ вазъ ором шаваду орзуҳояшон амалӣ шаванд, нашуд, боз ҳам умед бастанд худашон надиданд, шояд фарзандҳояшон бубинанд. Ин ҳам нашуд. Дигар умеде аз он ҷо надоранд. Он ҷо ки рафта наметавонанд, Тоҷикистон меоянд. Зеро агар як ҷое ҷанг бошад, фақат масъали ҳаёт зиндагӣ бошад, расидагӣ ба фарҳанг, адабиёт, ҳунар дар марҳилаҳои баъдӣ мебошанд. Сумайя Аҳмадӣ, хушҳол ҳаст, ки баъзе доштаҳои боарзиши таърихӣ пеши амонатдори хуб, яъне дар Тоҷикистон аст ва тавассути тоҷиктаборон муҳофизат мешаванд.
-Тоҷи сафар ман дидани мазори Рудакӣ буд. Хеле чизҳои дигар дар Душанбе хуш гузашт, дар Панҷакент хуш гузашт, вале Рудакӣ қобили дидан буд, барои ман достон буд.
Тамоми чиз бо мо бо ду забон ҳарф мезананд, яке бо калом, дигаре бо сукут ҳарфҳои сеҳазор, чор ҳазор, панҷ ҳазор солро ба мо мегўяд. Маънии «хок хиёнат намекунад», дар ин ҷо бароям ташбеҳ шуд. Осорҳоеро берун мекунанд, акс мегиранд, дубора зери хок мекунанд, ки хароб нашавад, ҳамон тавр ки се ҳазор сол пеш барои мо ҳифозат карданд.
Саразм рафт, хеле барояш ҷолиб буд. Маркази Бохтар ба ў гуфта аст у замоне, ки кишваре бо номи Афғонистон набуд, он замон ҳамаи мо зери як парчам зиндагӣ мекардем. Як хонавода будем. Падарони мо як ҷо зиндагӣ мекарданд. Шояд падари садуми ман дар он ҷо буд, санги осиё ҷур мекард, шояд модари ман дар сад насл қабл се ҳазор сол пеш ё панҷ ҳазор сол пеш либос медўхта. Саразм ин чизҳоро ба ман мегуфт. Дар Саразм ҳам бисёр гиряам омад. Ба онҳо ду-се бор гуфтам шумо бояд хеле раҳбаратонро дўст дошта бошед. Шумо хеле хушбахтед, ки як хидмате мекунед ба ватанатон ва ин ҷоро мебинед.
Чун аз Душанбе Панҷакент рафт, ҳаяҷон дошт, аз он ҷо ки омад дилтангӣ дошт. Хеле гиря кард. Гуфт дўст дорам як рўзи дигар биёям ин ҷоро бубинам.
Нафари дуввуме, ки ошнойии ў бо китобхона ба шиносойии ў бо мардуми фарҳангии мо пайванд гирифт ва натиҷаҳои болотар аз инро низ дошт, Зоҳир Ҷаҳиш аст.
Рӯзе ки ба китобхона омад ва ман ӯро барои ошноӣ бо китобхона роҳбалад шудам, дар гуфтораш гуфтори китоб буд, дар симояш хотироти фарҳанги тоҷикони Афғонистон буд. Вақте, ки ба бахшҳои гуногуни китобхона мерафтем, ӯ бо ошноии комил ва маълумоти мушобеҳи таърихии тоҷикон сӯхан мегуфт. Аз иртиботи қуллаҳои таърихи Балхи Афғонистон то қуллаҳои Ҳисори Тоҷикистон, аз наҳви маданияти тоҷикони Панҷшер, Кописо, Парвон, Балх ва Ҳирот бо фарҳанги муштараки тоҷикони Тоҷикистон мегуфт. Билохира, ӯ ки алоқаи хос ба ҳунармандону фарҳангиёни Тоҷикистонро дошт, бо ошнойи ман ва китобхона бо фарҳангиёни кишвар шинос шуд.
Зоҳир Ҷаҳиш дар озмуни «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории миллӣ», ки рўзномаи «Ҷумҳурият» бахшида ба 30-солагии истиқлолияти кишвар доир намуд, ширкат ва ҷоизаи махсуси озмунро сазовор шуд. Ў дар ин озмун бо пуштикор ва алоқамандии хос, ки ба пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дошт, мақолаи «Эмомалӣ Раҳмон ёри дерин ва собитқадами Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд»-ро навишт.
Ва маҳфиле ки дар ноҳияи Данғара баргузор шуда буд, мавриди ташвиқи хос ва бинобар суханроние, ки карда буд, дар муҳаббатҳои гарми мардуми мо истиқбол шуд.
Ӯ ҳамеша ба ман ташаккур мегўяд ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон боис шуд,то ман ин ҷо аз маданияти китоб ва ҳунар, ки дар рагу пуди ман аст, дур намонам. Ӯ ки дар чандин маҳфили рӯнамоии китобҳо дар толори китобхона ширкат карда буд, дар суханрониҳояш аз тамҷиди фаъолиятҳои китобхонаи миллӣ бо дилгармии хос ёд кард.
Раҳима Азам, сармутахассиси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.