Кайҳон ва каҳонавард дар маҳфили “Дастони моҳир”

61 сол пеш, аниқтараш субҳи рӯзи 12 уми апрели соли 1961, дақиқан соати 9 бо вақти Москав кайҳонаварди Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ Юрий Алексеевич Гагарин аз космодроми “Байконур” аввалин маротиба гирди сайёраи Замин парвоз кард. Аз ҳамон рӯз то кунун 12-уми апрел ҳамасола чун рӯзи кайҳонвардон таҷлил мешавад.

Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ низ ҳамасола бо хонандагони худ аз ин рӯз ёд мекунад. Имрӯз ҳам дар маҳфили “Дастони моҳир” мавзӯи суҳбат Рӯзи кайҳонавардон буд. 

Сараввал муаллима дар бораи кайҳон то чи андоза тасаввурот доштани хонандагонро донистан хост ва бо онҳо сари ин мавзӯъ суолу ҷавоб кард. Баъдан супориш дод, ки ҳар кас бо истифода аз маводҳои дафтардорӣ, аз ҷумла коғазу қалам тасаввуроти худро дар бораи кайҳон ва кайҳонавард наққошӣ кунад.

Дар натиҷа баъзеҳо киштии кайҳониро сохтанд, баъзеи дигар фазои кайҳонро рӯи коғаз оварданд.

 Кайҳоннавардӣ  – тадқиқоти фазои кайҳонӣ бо ёрии дастгоҳҳои кайҳон аст, ки аз тарафи инсон идора мешавад. Аввалин маротиба азхудкунии кайҳон 4 октябри соли 1957 аз тарафи олимони Иттиҳоди Шӯравӣ ба роҳ монда шуда буд, дар ин рӯз ба кайҳон сафинаи фазоиро фиристоданд.

Ҳамчуноне ишора кардем, аввалин парвози кайҳонӣ мудати як соату 108 дақиқа давом кард. Дар ин муддат Юрий Гагарин ҳам мушоҳида кард, ҳам ғизо хӯрд.  Юрий Гагарин аввалин шахсест, ки бо чашми худ дидааст, ки Замин доирашакл аст. Манзарае, ки ӯ дар кайҳон дид, хеле зебо буд. «Офтоб дар кайҳон нисбат ба Замин бештар дурахшон аст. Ситораҳо дурахшонтар ва равшантар будаанд», – гуфта буд Юрий Гагарин.

Ҳукумати Шӯравӣ баъди ин парвозе, ки ҷаҳонро дар шигифт овард, ба Юрий Гагарин унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва рутбаи ғайринавбатии ҳарбии майор дода буд.

Исмоил Саййидзода