Қорун ва ганҷи ӯ. Дар ин бора чӣ медонем?
Ганҷи Қорун тибқи ривоиёт сарвати беандоза азиме аз симу зар, ки Қорун ба василаи ҳунари кимиёгарӣ гирд оварда буд. Аз рўи баъзе қиссаву ривоятҳо Ганҷи Қорун фарогири 440 ҳазор набон (халта) тиллову нуқра буда, калидҳои дари хазинаҳои Қорунро 40 шутур мекашиданд. Тибқи дигар қиссаву ривоятҳо, Ганҷи Қорун иборат аз 70 ҳазор деги рўйини пур аз зар буд, ки дар хонаҳо ниҳода, ҳар хонаро бо як калиди аз як мисқол тилло сохташуда қуфлкарда буданд, нуҳ марди паҳлавон мебоист, то он калидҳоро аз ҷой бардоранд.
Мусо пайғамбар ба Қорун пешниҳод кард, ки миқдоре аз сарваташро дар умури матлуб ва дар роҳи хайру савоб сарфу харҷ намояд, аммо Қорун бухлу ҳасад варзида, аз пардохти ҳар гуна молиёт ва хароҷот саркашӣ намуд. Гузашта аз ин, ў Мусоро бо зино бо фоҳишае туҳмат кард. Мусо аз кирдору рафтори Қорун дар ғазаб шуда, даст ба дуо бардошт ва Қорунро нафрин кард. Худованд заминро мутеи Мусо сохт, то ў ҳар амале бихоҳад, дар ҳақи Қорун анҷом диҳад. Бо дастури Мусо замин даҳон боз карда, Қорунро нахуст то буҷулаки по, сипас то зону, баъд то камараш фурў бурд. Қорун ба зориву илтиҷо даромада, гуфт: «Эй Мусо! Маро раҳоӣ бахш, то ҳамеша дар амру фармони ту бошам ва тамоми анволу сарватамро дар ихтиёри ту қарор диҳам». Аммо замин бо дастури дигари Мусо Қорунро бо тамоми молу сарваташ ба коми худ фурў бурд. Ба қавле ҳамроҳи Қорун 14700 нафар ба қаъри замин фурў рафтанд. Онҳое, ки қаблан ба молу сарвати Қорун рашку ҳасад мебурданд, пас аз ин воқеа донистанд, ки дурусту шоиста истифода накардани дороӣ оқибат боиси ҳалокат ва зиёнкорӣ мегардад.
Дар адабиёти классики форс – тоҷик Қорун маҷозан касест, ки дар андўхтани молу сарват ифрот ва кибру уҷб варзида, хасису бахил аст. Ганҷи Қорун киноя аз анволи беандоза зиёд аст, ки дар бештари мавридҳо аз роҳи носавоб ба даст омада ба соҳибаш вафо намекунад:
Шабе, к – ў ганҷбахширо диҳад дод,
Кулоҳи ганҷи Қорунро барад бод
(Низомӣ)
Ганҷи Қорун, ки фурў меравад аз қаър ҳануз,
Хонда бошӣ, ки ҳам аз ғайрати дарвешон аст.
(Ҳофиз)
Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2015. – Ҷ.4. – С.197.
Шуъбаи библиографияи миллӣ.