Таҷлили ботантанаи 85-солагии Ҳошим Гадо дар синамохонаи «Зебуннисо»
Маро дар зиндагӣ набинед, маро дар зиндагӣ нашунавед, маро дар филмҳоям бинеду дар китобҳоям мутолиа кунед. Ин суханонро Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳошим Гадо зимни маҳфили эҷодияш бахшида ба 85 – солагияш иброз дошт. Ӯ ҳамчунин аз рӯзгори пурмашшақату азобҳои зиндагӣ ва синамову театр гуфт ва афзуд хулосаи умри ман ин аст, ки одам будан бисёр мушкил аст.
Маҳфил 10-уми майи соли 2022 дар синамохонаи «Зебуннисо» бо иҷрои оҳангҳои ҷаззобу дилнишини овозхони маъруфи кишвар Далер Назар шуруъ шуд ва ин сарояндаву оҳангсоз Ҳошим Гадоро табрик намуда, гуфт ў барои ман инсони бузург аст, зеро дар ҳақиқат ў озод аст ва зиндагии худро сохтаву дар дасти худ дорад.
Далер Назар беҳатрин чизро барои инсон доштани озодӣ номид ва афзуд касби мо садо аст, оҳанг аст, мусиқӣ аст, барои ҳамин суруду оҳангро ба шумо туҳфа менамоем.
Дар маҳфили эҷодии Дорандаи ситораи Президенти Тоҷикистон Ҳошим Гадо филми мустанади “Ман“, ки аз рӯзгори ин ҳунарманди нотакрор қисса мекунад, пешкаши бинандагони сершумор гардид.
Дар маҳфили мазкур муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолуддин Нурзода устоди ҳунари тоҷикро ба ифтихори 85- солагияш аз номи роҳбарияти Китобхона табрик намуда, иброз дошт, ки иштирок дар маҳфили Ҳошим Гадо бароям ифтихор аст. Нурзода табрикномаи директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Файзализода Ҷумъахон Холро ба Ҳошим Гадо тақдим намуда, аз номи роҳбарият ва кормандони Китобхона мавлуди ҳунарпешаро муборакбод кард ва ба ў орзуи хушбахтиву саодат намуд.
Ҳамзамон Ҷалолуддин Нурзода ин муждаро ҳам ба аҳли нишаст расонд,ки рӯзҳои наздик як маҳфили хубу дилнишин бахшида ба зодрӯзи ҳунарманди маъруф Ҳошим Гадо дар Китобхонаи миллӣ роҳандозӣ хоҳад шуд. Ӯ аз нақшҳои мондагори ҳунарманди маҳбуб дар саҳнаи театру синамо ёдрас шуда, шеъре қироат кард, ки дар васфи ӯ ба тозагӣ эҷод кардааст.
Инчунин ба табрики Ҳошим Гадо муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Давлат Сафар, муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шарифзода Наргис, аҳли зиёву ҳамкасбон ва шогирдонаш омаданд.
Ҳошим Гадо аз серунвонтарин ҳунарманди тоҷик ба шумор меравад. Ҳунарпешаи халқии СССР, барандаи Ҷоизаи давлатии СССР, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Доктори фахрии Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон аст, ки чанде аз унвонҳоро ҳанўз замони Шўравӣ сазовор гашта буд.
Ҳошим Гадо ба навиштани китобҳо низ машғул буда, метавон гуфт пурмаҳсултарин нависандаи муосир дар кишвар аст. Имрӯз шумори китобҳои ӯ ба 604 адад расидааст. Дар поёни маҳфили эҷодии Ҳошим Гадо китобҳои ӯ ба меҳмонон тӯҳфа гардид. Соли 2021 Вазорати фарҳанг 600 китоби ин ҳунарамандро ба маблаги 16 000 сомонӣ харидорӣ намуда буд.
Раҳима Аъзам, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.