Меҳр асту вафо – оини ман
Бонуи саропо меҳру латофат ва вафодориву садоқат – Ойҷонбӣ Азизова, ки ҳамакнун шарафи корманди боргоҳи хираду маърифат – Китобхонаи миллии Тоҷикистонро дорад, ҳамеша ҳарф аз дӯстиву меҳрубонӣ ва инсоният мезанаду асолати инсониро низ дар рафтору гуфтор ва пиндори нек мебинад.
Ойҷонбӣ Азизова зодаи куҳистон аст ва ҳамин аст, ки сабру шикебоияш куҳро монаду азму иродааш ҳамин гуна устувор. Маҳзи хотири ин як бонуи деҳотӣ пас аз касби илму дониш солҳо барои тарбияи насли наврас ва танвири афкори ҷомеа камари ҳиммат баст. Ӯ дар баробари модари хонадон будану вазифаи пурмасъулияти бонуи хонаро адо карданаш, ҳеҷ гоҳ аз омӯхтан худро канор нагирифт. Бо он ки ба донишомӯзон даср меомӯхт худ низ пайваста дар ҳоли такмили дониш буду ҳаст.
Ойҷонбӣ Азизова соли 1968 дар деҳаи Момандиёни ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон дида ба ҷаҳон кушодааст. Пас аз хатми мактаби миёна шомили коллеҷи омӯзгорӣ шуду баъди хатми он дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб низ таҳсил кард. Ӯ чандин сол ҳамчун омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ба мактаббачагон сабақ омӯхту дар чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ ва вилоятӣ борҳо иштирок ва соҳиби сипосномаву мукофоти гуногун гардид.
Бонуи мавриди ҳарфи мо аз неъмате ҳамчун илҳом ва ҳунари шеъргӯӣ бенасиб нест ва ҳар аз гоҳ қаламро муниси қалби хеш медонаду аз рӯзгори ҳамвору ноҳамвор қисса мекунад. Чакидаҳои хомаи ӯ борҳо дар рӯзномаву ҳафтаномаҳо пешкаши алоқамандони каломи манзум гардидааст. Эҷоди ашъор бо мазомини мухталифи иҷтимоӣ ва ишқиву зебоипарастона аз вижагиҳои қаламронии ӯ мебошад.
Ҳамин аст, ки заҳматҳои шабонарӯзиаш самар доданду бо нишони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардидааст.
Айни замон корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон буда, шукргузор аз фазои ором ва пешрафту шукуфоии ватани азизамон – Тоҷикистон мебошад. Неъмати бузург ва сарманшаи саодати миллат будани ваҳдату истиқлолиятро бо тамоми ҳастӣ дарк мекунад ва расидан ба қадри доштаҳояшро мароми зиндагии худ медонад.
Дар воқеъ маврди зикри хос аст, ки ба кор гирифтани чунин инсонҳои донишманду сарсупурдаи касби худ ва дастгирии ҳамешагии онҳо аз вижагиҳои роҳбарии директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Файзализода Ҷумахон Хол мебошад, ки ба кадрҳои болаёқат ва соҳибистеъдод таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Тавре гуфта шуд Ойҷонбӣ Азизова қаламу дафтарро ҷузъи зиндагии худ медонад ва пайваста васфи Ватан, модар, табиат ва зиндагӣ менамояд. Ашъори ӯ мазмунҳои гуногуни иҷтимоиро дар бар мегиранд. Аввалмаҷмӯаи шеърии ӯ зери унвони “Шарораи меҳр” соли 2019 аз чоп баромадааст, ки шеърҳои тӯли солҳои зиёд эҷод кардаи Ойҷонбиро фаро мегирад.
Инак дӯстони азиз барои муаррифии бештари ӯ чанд намуна аз ашъори ӯро пешкаши шумо мегардонем.
ДОРУЛАМОН
Тоҷикистонам, биҳишти ин ҷаҳон,
Оташи меҳри туро дорам ба ҷон.
Ҷумла тоҷик аз ту дорад ифтихор,
Иди ту болои ид аст ҳар замон.
Кӯҳҳои ту сари болои мост,
Ишқи ту моро намуда пуртавон.
Силаи меҳрӣ ту бар фарзанди худ,
То ҷаҳон бошад, ту дорӣ қаҳрамон.
Осмонат софу халқат якдил аст,
Номи ту гардидааст “Доруламон”.
БУРДБОР
Ту зеби хонадонӣ, модари ҷон,
Ато аз осмонӣ, модари ҷон.
Ту инсонофаринӣ, ай бузурго,
Биҳишти ҷовидонӣ, модари ҷон.
Манам мафтуни ҳарфу хандаҳоят,
Баҳои олам аст меҳру вафоят.
Ту “бачам” гӯиву дил об гардад,
Ҷаҳон равшан бидидам аз сафоят.
БОЗ МЕСОЗӢ СУРОҒАМ
Бар сарат борони ҳасрат дарди ҳиҷрон оварад,
Дар дилам сад ларзаву эҳсоси армон оварад.
Кардаӣ ношукрӣ аз меҳру навозишҳои ман,
Нокасо, бар тинати ту ҳайф Яздон оварад.
Ин дили пурмеҳри ман аз сардиҳоят шуд хазон,
Бар дили шӯридаам он кист, дармон оварад.
Хору зорам кардаӣ, хори фалак бар пойи ту,
Ончунон ранҷам ки додӣ, номусулмон оварад.
Сӯхтам ман аз ғамат, як тӯда хокистар шудам,
Бар сарат Қавси само як тири пайкон оварад.
Рӯ ба рӯ бо ғам ту кардӣ ҷисми ғилболи маро,
Кош, кишти кардаат пӯсидагӣ дон оварад.
Боз меоӣ ту, эй саргашта, охир пеши ман,
Чарх гардон аст, шояд боз меҳмон оварад.
Фалак зӯру фалак зӯру фалак зӯр,
Намегардад касе бо ин фалак ҷӯр.
Бубардорад гаҳе болои боло,
Гаҳи дигар занад бар тангии гӯр.
Зи ту меноламу аз кори дунё,
Зи ту сархам шудам в-аз бори дунё.
Магар озори ту кам буд бар ман,
Ки зам кардӣ ба он озори дунё?!
Шуъбаи котибот