БО БАЧАҲО. Бародарон Гримм. “Тангаҳои осмонӣ”. БАХШИ II  

Бародарон Якоб ва Вилгелм Гримм забоншинос ва адиби олмонӣ мебошанд. Ҳарду ҳам профессор ва узви Академияи фанҳо буданд. Муҳимтарин хидмати онҳо ба табъ расондани маҷмӯаи “Афсонаҳои бачагона ва оилавӣ” ва “Ривоятҳои олмонӣ” буд. Ин ду асар чун шаҳкори адабиёти ҷаҳонӣ дониста мешаванд ва бародаронро машҳур карданд.

Қиссаву афсонаҳои бародарон Гримм ба забонҳои зиёди олам, аз ҷумла ба тоҷикӣ низ тарҷума шудаанд. Китобчаи “Тангаҳои осмонӣ” –ро, ки соли 2019 дар “Дунёи Дониш” нашр шудааст, Қодирҷон Ғафуров тарҷума ва ба чоп ҳозир кардааст.

Ҳоло чанд ҳикояи дигар аз ин китобчаро ба шумо пешкаш мекунем.

                                      ПИСАРИ НОШУКР

 Марде бо занаш дар хона нишаста буд. Онҳо мехостанд мурғи бирёнеро, ки дар пеши худ гузошта буданд, бихӯранд. Мард дид, ки падари пираш меояд. Зуд мурғи бирёнро гирифту пинҳон кард, зеро марди хасис буду луқмаеро аз падараш дареғ медошт.

  Падараш ба хона даромада нишаст ва як даҳон нонро нахўрда, хесту баромада рафт. Писари пирамард мурғи пинҳонкардаашро бароварду хост, ки бо занаш хўрад. Вале мурғ ногаҳон ба қурбоққаи бадҳайбату бадшакле табдил ёфту хез зада ба рўйи мард часпид. Агар касе онро гирифта канданӣ шавад, чунон даҳшатовар нигоҳ мекард, ки ҳеҷ кас ҷуръати наздик шудан намекард.

  Он марди хасис маҷбур буд , ки ҳар рўз ба он қурбоққаи бадҳайбат хўрок диҳад, вагарна қурбоққа рўйи вайро мехўрад.

  Ҳамин тавр, ин марди хасиси ношукр ҳеҷ қарор намеёфту ором нишаста наметавонист ва ба чор тараф давида, овораи ҷаҳон гашт.

                                     ТАНГАҲОИ ОСМОНӢ

Буд, набуд духтараки хурдакаке буд. Падару модари ў мурда буданд. Ин духтарак чунон бечора буд, ки манзиле барои зиндагӣ, кат барои хобидан надошт. Чизе, ки дошт, ҳамин куртаи танааш ва пораи ноне дар дасташ буд.

  Ин духтарак бисёр меҳрубон ва хоксор буд. Азбаски духтарак ҳеҷ кас надошту яккаю танҳо буд, ба умеди Худо гуфта, роҳи саҳроро пеш гирифт. Дар роҳ ба марди камбағале дучор омад. Он мард гуфт:

  – Ман хеле гуруснаам, ягон чиз деҳ ки бихўрам.

  Духтарак ба он мард пораи нонашро доду гуфт:

  – Ош шавад.

  Сипас, ў ба роҳаш давом дод.

  Дар роҳ кўдакеро дид, ки гиря мекунад.

  – Сарам хунук мехўрад. Ягон чиз деҳ, ки ба сарам пўшам,– гуфт кўдак.

  Духтарак кулоҳашро кашиду ба кўдак дод. Каме роҳ рафта буд, ки писараки дигареро дид. Писарак палто надошт, аз хунукӣ меларзид. Духтарак ба ў палтоашро дод.

  Духтарак ба ҷангал расид, ки ҳаво торик шуд.

  Ҳамин тавр духтарак истода буду дигар ҳеҷ чиз надошт. Ногаҳон аз осмон ба сари духтарак ситора борид. Онҳо на ситора, балки тангаҳои дурахшон буданд. Дар тани духтарак либосҳои нави зебо пайдо шуданд. Вай тангаҳоро чида гирифт ва тамоми умр хушбахтона зиндагӣ кард.

РЎБОҲ ВА ГУРБА

 Боре гурбае дар ҷангале рўбоҳеро вохўрд. Гурба фикр кард, ки «Рўбоҳ хеле доно ва ботаҷриба аст, бинобар ин ўро ҳама ҳурмат мекунанд» ва ба рўбоҳ гуфт:

  – Салом, Рўбоҳхонум, зиндагиат чӣ тавр? Дар ин замонаи вазнин чи тавр рўз мегузаронӣ? Охир, нарху навои бозорро бинед, чи хел қиматӣ шудааст?

  Рўбоҳ бо ғурур ва кару фар сар то пойи гурбаро аз назар гузаронд ва лаҳзае хомўш истоду баъд нописандона гуфт:

  – Э ту, гурбачаи ошолуди бадбахт, чашмгуруснаи мушхўр. Ту худат кистӣ, ки аҳволи маро мепурсӣ? Ту дар куҷо хондаӣ? Кадом фанҳоро омўхтаӣ?

  Гурба хоксорона ҷавоб дод:

  – Ман фақат як фанро омўхтаам.

  Рўбоҳ пурсид:

  – Он кадом фан аст?

  Гурба гуфт:

  – Агар маро сагҳо таъқиб кунанд, ман метавонам ба дарахт хез зада бароям ва аз сагҳо ҷонамро халос кунам.

  Рўбоҳ гуфт:

  – Ҳамааш ҳамин? Ман устои сад фан ҳастам, боз як халтаи пур аз макру фиреб дорам. Дилам ба ту, бечора, месўзад. Биё, ҳамроҳи ман рав. Ба ту чӣ хел аз сагҳо гурехтанро ёд медиҳам.

  Иттифоқан, ҳамин вақт шикорчие бо чор сагаш пайдо шуд. Гурба чолокона ба болои дарахт баромаду дар байни шоху баргҳо пинҳон шуд ва аз ҳамон ҷо ба рўбоҳ гўфт:

  Тезтар даҳони халтаатро кушо, Рўбоҳхонум. Халтаро кушо!

  Вале сагҳо аллакай рўбоҳро дошта гирифта бурданду он дар зери дандони  сагҳо ба таҳлука афтода буд.

  – Эҳ, Рўбоҳхонум,– гуфт гурба. – Ту бо доштани сад фан ва макру фиреб ба даҳони сагон афтодӣ. Агар мисли ман ба болои дарахт баромада метавонистӣ, аз ҳётат маҳрум намешудӣ.

Таҳияи Шабнами Мустафо,

мутахассиси пешбари шуъбаи кудакон ва наврасон.