Ҳамоиши ҳузурӣ ва онлайн бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Рӯзи 24-уми июн дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи собиқадорони интернатсионалисти Тоҷикистон   пули телевизионии онлайни Лоиҳаи байналмилалии иҷтимоӣ-маърифатии «Ғалабаи Бузург халқҳоро ба ҳам меорад» бахшида ба  25-умин солрўзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон-27 июни соли 1997 зери унвониВаҳдати миллии тоҷикон-намунаи дурахшони оштии халқҳои дар ҳоли низоъ ” баргузор гардид.

 Муовини аввали директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабзода дар оғоз дар бораи аҳамияти ин рўзи таърихӣ барои миллат сухан ронда, иброз дошт, ки тарбияи наврасону ҷавонон дар рўҳияи ватандўстонаву ватанпаварона як шарти муҳими пойдории ваҳдати миллӣ ва ҳифзи истиқлоли кишвра аст. Вай гуфт, рамзист, ки имсол мардуми шарифи кишвар 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро ҳамчун рӯзи пирӯзии миллати куҳанбунёди тоҷик бар қувваҳои аҳриманӣ, ҳамчун рӯзе, ки ба фоҷеаи миллат нуқта гузошт ва ҳамчун рӯзи аз имтиҳони сахту сангини таърих гузаштани давлати тоҷикон таҳлил мекунанд.

Муовини аввали Директори Китобхонаи миллӣ дар бахши дигар аз суханрониаш иброз дошт, ки имрӯз сулҳу оромӣ имкон дод, ки мо нақшаҳои созандаи худро дар доираи сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ намоем, баҳри ободонии Ватан ва зина ба зина беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардум амалӣ созем.

 Дар ҳамоиши онлайн ҳамчунин намояндаи Иттифоқи собиқадорони интернатсионалисти Тоҷикистон   Шавкат Мирзоев, иштирокчии гуфтугўи раванди сулҳи тоҷикон Кароматулло Олимов, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон ва ровии барномаи «Хоки Ватан» Абдурашид Хуҷамқулов, намояндаи Сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, намояндагони пойгоҳи ҳарбии 201 Вазорати мудофиаи Русия дар Тоҷикистон, Россотрудничество, муовини раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Мушаррафа Шарифова, намояндагони Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни Иттиҳоди Марказӣ ва фаъолони Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори ҶТ, намояндагони Донишгоҳи славянии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.