Китоби нав. “Равшангари чароғи маърифат»
Ин китоб, ки соле пеш чоп шудаву ба тозагӣ вориди Китобхонаи миллӣ шудааст, ба 85 – солагии мавлуди ду карат Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ордени «Шараф», омўзгори фанни физика ва мушовири директори Литсейи № 3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Тўрақул Ҷумъаев бахшида шудааст.
Тавре аз сархуан бармеояд, Тўрақул Ҷумъаев дар тўли умри пурбаракати хеш дар тарбия ва камолоти силсилаи зиёди омўзгорони физикаву математика саҳми бесазо дорад. Эшон дар пешбурди соҳаи методикаи таълими физика тавассути рисолаву дастурҳо ва мақолаҳои сершумори илмӣ ва илмӣ- методии худ ҳиссаи арзанда гузоштаст.
Мураттибони китоб мегӯянд Тўрақул Ҷумъаев дар пешрафти таълиму тарбия, камолоти омўзгорон ва шогирдон саҳми беандоза дорад. Имрўзҳо чандин шогирдонашон дар ривоҷу равнақи таълиму тарбияи насли наврас ҳиссагузорӣ намуда, кори устоди худро идома медиҳанд
Шарофат Мирзоева