МАШВАРАТҲОИ СОҲАВӢ ДАР НАВОҲИИ МИНТАҚАИ РАШТ

Аз 15 августи соли равон таҳти роҳбарии муовини директори Китобхонаи милии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов дар навоҳии минтақаи Рашт машваратҳои соҳавии рушди низоми китобдорӣ, феҳристнигорӣ, хизматрасонии электронӣ дар соҳаи китобдорӣ, таҳкими донишҳои соҳавӣ ва дигар масоили марбут ба соҳаи китобхонашиносӣ ҷараён дорад.

Ҳадафи ин  машврату омӯзишҳо такмили маҳорати кормандону мутахассисон ва ошно намудани онҳо ба дастовардҳои нави техникии соҳаи китобдорист.

Машваратҳои соҳавӣ дар минтақа дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, давоми ҳафтаи равон дар ноҳияҳои Тоҷикобод, Рахш ва Сангвор баргузор карда мешаванд.