БО БАЧАҲО. Распе Рудолф Эрих. Қиссаҳои Барон Мюнҳаузен. Бахши охир

Кист Барон Мюнҳаузен? Шахсияти достонӣ ва ашрофзодаи Олмон аст, ки соли 1785 тавассути нависандаи олмонӣ Рудолф Эрих китоби ривоятҳои ӯ аз сафари шигифтангези худ ва муборизаҳо дар Русия таҳияи шудааст. Номи ӯ баъдан дар саросари олам чун шахсе, ки аз ҳаводиси боварнакарданӣ қиссаҳои ҷолиб мебофад, машҳур шуд.

Қисми дуюми китоби “Қиссаҳои Барон Мюнҳаузен” дар тарҷумаи адиби маъруф Азизи Азиз  соли 2020 чоп шудаву ҳоло онро метавон дар толори хониши кӯдакон ва наврасон пайдо ва мутолиа намуд.

 

САЁҲАТИ ДУЮМ БА МОҲ

Ба Англия баргашта, қавл додам, ки дигар ҳаргиз ба саёҳат нахоҳам баромад. Аммо як ҳафта нагузашта, лозим омад, ки дубора ба роҳ бароям.

Гап дар сари он, ки як хеши дурам – одами миёнсоли сарватманд, гумон мекард, ки дар олам кишварест бо одамони азимҷусса. Вай хоҳиш кард, ки ман ҳатман ин кишварро ҷустуҷў кунам ва ба ў хабар диҳам. Ба ивази ин хизмат ў нисфи сарваташро инъом кардан мехост. Ў орзуи дидани одамони азимҷуссаро дошт.

Розӣ шудам ва киштиеро киро карда, ба тарафи уқёнуси Ҷануб шино кардем.

Дар роҳ ба ҷуз чанд занак, ки мисли парвона дар фазо бол афшонда парвоз мекарданд, ягон аҷоиботи дигар надидем. Ҳаво софу беғубор буд.

Аммо рўзи ҳаждаҳуми саёҳат  тўфони сахт бархост.

Шамол чунон тунду сахт мевазид, ки киштии моро боло бурд ва мисли пари гунҷишк дар фазо ба бозӣ даровард. Мо боло рафтему боло рафтем. Шаш  ҳафта дар оғуши абрҳои баланд саргардон шудем.

Ниҳоят, як ҷазирачаи даврашкли дурахшон намудор шуд.

Албатта, ин ҷазира Моҳ буд.

Як бандари мувофиқ пайдо карда, ба соҳили Моҳ баромадем. Дар поин – дар дуриҳои дур, сайёраи дигар ба чашм мерасид, ки шаҳру ҷангал ва баҳру дарёҳояш намудор буд. Албатта, ин сайёра Замини мо буд, ки чанде қабл тарк кардем.

Дар Моҳ моро махлуқҳои бузургҷуссаи булаҷаб иҳота намуданд. Онҳо ба ҷойи асп савори уқобҳои сесара буданд.

Ҳамон шабу рўз подшоҳи Моҳ бо императори Офтоб дар набард будааст.

Вай хоҳиш кард, ки сарлашкараш бошам ва аскаронашро ба ҷанг бубарам. Албатта, ман розӣ нашудам.

Дар Моҳ ҳама чиз назар ба ашёи замин бузургтар аст.

Магасҳо баробари гўсфанданд, себ аз тарбуз хуртар нест.

Яроқи машҳурашон шалғам будааст. Шалғамро ба ҷойи найза ба сари якдигар ҳаво медиҳанд. Агар шалғам набошад, тухми кабўтар гирифта, ҳамдигарро мезананд. Дар ҷанг сипар надоштаанд, аз шалғами душман онҳоро занбўруғи марги магас ҳифз менамуд.

Он ҷо чанд сокини як ситораи дурро вохўрдам, ки бору бун оварда мефурўхтанд. Афташон шакли сагро мемонд, чашмашон ё дар нўги биниашон ҷо гирифта буд, ё дар поини сўрохҳои бинӣ. Аммо пилку мижа надоштанд, вақти хоб забони худро бароварда, чашмонашонро мепўшиданд.

Бошандагони Моҳ барои хўрду хўрок ҳаргиз вақт сарф намекарданд. Дар тарафи чапи шиками онҳо як даричаи махсус буд: ҳамонро во карда, ғизо мегузоштанд. Баъд даричаро то дубора гурусна мондан, яъне як моҳи расо, намекушоданд. Дар як сол онҳо ҳамагӣ дувоздаҳ бор хўрок мехўрдаанд.

Ин басо хуб аст, аммо гушначашмону пурхўрони замин ба ин тарзи истеъмоли ғизо ҳаргиз розӣ намешаванд…

Бачаҳои Моҳ дар дарахт мерўиданд.

Шохаҳои ин дарахтон лоларанг ва аз ин сабаб басо зебо буданд. Дар ҳар шоха чанд чормағзи басо бузург ба назар мерасид, ки пучоқаш сахт буд. Чун чормағз пухта мерасид, боғбон бо эҳтиёт чида мегирифт ва ба анбор мебурд.

Ҳар гоҳ подшоҳи Моҳро одам даркор мешуд, амр мекард, ки чанд чормағзро ба оби ҷўш партоянд. Баъди як соат чормағз дукафон мешуд  ва аз дарунаш одами нави моҳтобӣ берун меомад. Одамони нав мактаб намерафтанд ва китоб намехонданд. Онҳо якбора калонсол, босавод ва доно таваллуд шуда, аз ҳама касбу кори олам бохабар буданд.

Дар ин ҷо як дарахт – мўрирўб, дуюмаш – шарманпанавоз, сеюмаш – яхмоспаз, чорумаш – аскар, – дигараш ошпаз, шашумаш дўзанда ҳосил медиҳад.

Ҳар кас дарҳол аз пайи кор мешавад. Мўрирўб ба бом мебарояд, шарманпанавоз нағмапардозӣ мекунад, яхмоспаз фарёд мезанад: «Яхмоси сўзон! » (зеро дар Моҳ ях аз оташ сўзонтар аст), ошпаз ҷониби ошхона медавид, аскар ба қисми ҳарбиаш меравад.

Пирамардони Моҳ намемиранд, онҳо мисли дуд  бухор шуда, дар фазо нопадид мегарданд.

Дар дасти одамони он ҷо фақат як ангушт ба назар мерасад, вале бо як ангушт чунон моҳирона кор мекунанд, ки мо бо панҷ ангушт.

Аммо сари худро зери бағал гирифта мегарданд ва агар ба сафару саёҳат бароянд, сарашонро дар хона мегузоранд, ки дар роҳ осеб набинанд. Аҷиб, ки ҳар куҷо бшанд, бо сари худ, ки дар хона гузоштанд, бемалол гуфтугў мекунанд. Агар подшоҳ хоҳад, ки бидонад, дар ҳаққи ў чӣ мегўянд, аз хона берун намеравад.      Дар кат баҳазур каҷпаҳлу мезанад, вале сари ў номаълум ба хонаи мардум даробаро карда, гап мечинад.

Ангури Моҳ аз ангури мо фарқе надорад. Шубҳа надорам, ки жолаи мо аслан ангури Моҳ аст ва онро шамол аз токзорон канда, ба замин мерезад.

Агар ангури Моҳро чашидан хоҳед, чанд донаи ҳамин жоларо бичинед. Баъд сабр кунед, то нағзакак об шавад.

Шиками одамони Моҳ аслан ҷомадон будааст. Онҳо ин шикамҷомадонро ҳар вақт хоҳанд, кушода мепўшанд ва ҳама гуна ашёро ба он мегузоранд. Меъда ва дилу ҷигар надоранд, яъне дарунашон холист. Чашмонашонро гоҳо мегиранд ва дубора ба ҷояш мегузоранд.  Чашмонашон дар дасташон бошад ҳам, бемалол дида метавонанд.

Агар чашм осеб бинад ё гум шавад, ба бозор рафта чашми нав мехаранд. Аз ин сабаб  дар бозор сари ҳар қадам чашмфурўшонро мебинед. Дар эълонҳо навишта шудааст: «Чашми арзон. Чашми норинҷӣ, сурх, бунафш, кабуд мефурўшем».

Дар Моҳ ҳар сол  як ранги нави чашм мўд мешавад. Ҳамон сол, ки мо ба Моҳ афтидем, чашмони сабз мўд, яъне расм шуда буд.

Барои чӣ механдед?  Гумон кардед, ки дурўғ гуфтам? Наход?! Не, ҳар  ҳарфи ман ҳақиқат аст. Агар бовар накунед, худ ба Моҳ рафта, бинед. Он гоҳ бовар хоҳед кард, ки суханонам сохтаю бофта нестанд.

 

ҶАЗИРАИ ПАНИРӢ

 

Албатта, гуноҳи ман нест, ки ин гуна ҳодисаҳои аҷоибу ғароиб аз сари дигарон намузарад. Охир, саёҳат кардан пешаи писандидаи ман аст ва худро ба ҳар тараф мезанам. Аммо шумо дар хона мешинед ва ҷуз чаҳор девори он чизи дигарро намебинед.

Масалан, боре савори киштии бузурги ҳолландӣ ба уқёнус баромадам. Нохост тўфон бархост ва дар як лаҳза ҳама бодбону сутунҳои киштиро дариду шикаст. Як сутун ба қутбнамо (компас) афтид қутбнамо маҷақ шуд. Шумо медонед, ки бе қутбнамо киштиро идора кардан душвор аст.

Мо раҳгум задем, ба кадом тараф шино карданамон маълум набуд. Мавҷҳои уқёнус моро се моҳ ба ҳар тараф бурданд. Баъд, як субҳидам, ки фазо софу бе ғубор буд, дигаргунӣ ҳис кардем. Яъне, уқёнуси каб-кабуд ранги сап-сафед гирифт. Шамолак ба димоғамон накҳати форам оварду иштиҳо кушода шуд. Димоғамон хушу таъбамон болида гашт.

Ба зудӣ бандаре намудор шуд ва пас аз як соат ба он ворид шудем. Дар соҳил об не, шир мавҷ мезад. Саросема ба соҳил фуромада, ҳарисонаю шикамсерӣ шир нўшидем.

Дар миёни мо як маллоҳ буд, ки тобу тоқати шамидани бўйи панирро надошт. Ҳар гоҳ чашмаш ба панир афтад, дилаш беҳазур мешуд. Чун ба соҳил фуромадем, ин маллоҳ худро хеле бад ҳис кард.

– Аз пеши пойи ман ин панирро гиред! – фиғон бардошт вай. – намехоҳам бубинам, наметавонам аз болояш гузарам.

Ман хам шудам ва ҳамоно фаҳмидам, ки гап дар сари чист: ҷазирае, ки лангар партофтем, аз панири олиҷаноби ҳолландӣ сохта шуда будааст. Аҷоиботро бинед, ки хўроки бошандагони ин ҷазира фақат панир будааст.

Аммо панир кам намешудааст, ҳар рўз мардум чӣ қадар панир истеъмол кунанд, шабона ҳамон қадар панир месабзидааст.

Ҷазира токзорони нопайдоканор дошт, вале ангураш махсус будааст: хушаеро ба даст гирифта, ғиҷим кунед, аз он шарбат нею шир метаровид.

Одамони ҷазира қоматбаланду зебо менамуданд ва ҳар касс

соҳиби се пой буд. Аз ин сабаб онҳо дар рўйи шир бемалол қадам мезаданд, яъне ғарқ намешуданд. Онҳо нон намепухтанд, зеро нони таёр аз замин месабзид. Ягон кас замин шудгор карда, дона намекошт.

Дар шоху навдаҳои дарахтон кулчаҳои ширини асалӣ пухта расида, ба қавле «маро гирифта хўред» мегуфтанд.

Мо ҷазираи аҷоибро тамошо карда, аз ҳафт дарё шир ва ду дарё шарбат нўшидем. Албатта, шир бомаза буд, аммо шарбат лаззати беҳтар дошт. Хулоса, дар ҷазира чиҳое надидем.

Махсусан, лонаи парандаҳо маро зиёдтар мафтун кард. Онҳо басо бузург буданд. Масалан, як лонаи уқоб аз бинои баландошёна ҳам баландтару бузургтар менамуд. Уқоб лонаашро аз ходаю сутунҳои дарозу ғафси дарахти булут сохта буд. Дар он панҷсад тухм шумордем ва ҳар тухм ба сатил ё хум баробар меомад. Як тухмро шикастем. Аз он як чўҷа берун номад, ки ба бист уқоби замин баробар буд. Чўҷа ҳиррос зад. Аз куҷое очааш пайдо шуд. Вай чангол зада киштибони моро гирифт, то абрҳо боло бурд ва аз он ҷо ба баҳр афканд. Хушбахтона, вай шиновари моҳир буд – як соат пас боз ба Ҷазираи Панир баргашт.

Дар канори як беша шоҳиди воқеаи аҷиб шудем. Мардум се ҳамшаҳриашонро ҷазо медоданд.

Гунаҳкорон фиғон кашида, зораю тавалло мекарданд. Ман пурсидам, ки гуноҳашон чист. Як марди чўббадаст ҷавоб дод: инҳо ба саёҳат рафта буданд, баргашта бисёр дурўғ гуфтанд, аз худ ҳар хел қисса бофтанд.

Ин кори мардуми ҷазира ба ман хуш омад, хуб мекунанд, ки дурўғгўёнро ҷазо медиҳанд. Охир, ман ҳам тобу тоқати шунидани дўрўғро надорам ва ҳамеша рост мегўям, фақат рост!

Албатта, шумо худ шоҳид ҳастед, ки ман дар ягон саргузаштам дурўғ нагуфтаам. Ба дурўғгў ва гапи дурўғ сахт нафрат дорам. Ҳамнишину ҳамсуҳбатонам маро ҳамеша одами ростгў мешиносанд.

Боз ба киштиамон баргаштем ва лангарро бардошта, ҷазираи аҷоибро тарк кардем. Тамоми дарахти соҳил, гўё кадоме амр ё ишора карда бошад, таъзим карданд ва дубора рост шуданд.

Аз лутфу меҳрубонии дарахтон дар ҳайрат афтода, ман ҳам кулоҳамро аз сар гирифта, ҷониби онҳо афшонда, хайр гуфтам.

Дарахтони аҷоиби бисёр меҳмондўст . Чӣ гуфтед?

Таҳияи Шабнами Мустафо

             МАТОЛИБИ ҲАМСОН: