ҚИССАИ ФИРОҚИ КАБКИ ДАР ҚАФАС БУДАРО КӢ ШЕЪР МЕКУНАД?

(Чанд мулоҳизаи сарсарӣ оид ба шеър бо баҳонаи зодрӯзи устод Низом Қосим)

Хабари хуши зодрӯзи устод Низом Қосимро дидаму ғайриихтиёр ҳамин навиштор ҳосил шуд. Ибтидо, ин марди ҳунар ва ба қавли пешиниён, маликушшуарои Тоҷикистонро бо ин рӯзи муборакашон табрик мегӯям ва саодати рӯзгорро таманно мекунам.

Ва баъдан:

Парадокси шеър ҳамин аст, ки гуфтанаш душвор, ниҳоят душвор, аммо фаҳму даркаш чандон мушкил нест, агар дониши кофӣ аз шинохти сухан ва меъёрҳои баёни он, бахусус сувари хиёл ва мантиқи гуфтор дар чаҳорчӯби шеър дар мағзи кас бошад… Агар чунин дониш набошад, пас, фаҳмидани ҳар навъ шеър “осон” мешавад… Барои бисёр касон будани радифу қофияву вазн кофист, то даъвӣ кунанд: шеъри хуб аст, маъно дорад, лабу даҳонаш дуруст, боз чӣ лозим?

Ҳамин дина банда ду навъи ангур хӯрда будам: яке сафеди хушмазза ва дигаре сиёҳи турш. Дар хона, не, албатта, дар як маҳфил. Барои хона, ба ҳеч ваҷҳ ангури турш намеорам, чун боиси нороҳатӣ дар ҷисм ва баъдан хулосаи ногувор аз самараи заҳмати ангурпарвар мешавад. Дар кори шеър ҳам чунин аст: яке рӯҳро меболад, ташнагиашро мешиканад, тора-тораҳои қалбро таҳрик медиҳад, касро мебарад ба шебу фарози андеша, хуллас, сидқу самимияти гӯяндаи шеър ноаён “сироят” мекунад ба хонандаи он…

Ҳолати дувум бисёр бад аст: шеъри хому носара касро асабӣ мекунад, осоиши рӯҳиву равонии касро барҳам мезанад, зиёда аз инҳо, шеъри сусту хому ҳатто нимпаз касро озори ҷисмӣ ҳам мерасонад, мисли он ки бетамизе ногаҳ туро пешпо дода бошад… Як меафтиву боз бармехезӣ, аммо асари он уфтодан мемонад-ку…

Таассуфи зиёд, ки аз ҳолати якум дида бештар вазъияти дувум дар ҳоли ҳозир бештар аст: аз мутолиаи ҷилд-ҷилд маҷмуаҳо ва даста-даста ашъор уфтоданҳо бештар аз бархостанҳост… Ба суоли он ки “чаро чунин аст ва илоҷи дармон чист?”, мутаассифона, посух надорам, чун на даъвии муҳаққиқӣ дорам, на ислоҳгарӣ… Мисли фарди одие мегӯям, ки аз тамошои боғи шеър баҳраҳо мегирад, як тамошогари одӣ…

Устод Зарринкӯб мегуфт, ки нақди шеър дар Ирон беморгуна аст, агар дар он кишваре, ки аз занҷираи анъаноту расмиёту меъёрҳои шеър ҳалқае ҳам канда нашудааст, ин гуна бошад, пас, дар қиёс нақди мо дар чӣ ҳоле бошад? Магар аз ноқидони “бемор” ҳарфи солим интизор шудан мумкин аст? На, чунки аксиома аст, ки рӯҳи солим дар тани солим аст. Фазову муҳит ҳамин қадар имкон медиҳад, ки дар хусуси шеъри чанд навсафар ба вилояти шеър чизе гуфта шавад, на аз ин беш, на аз ин кам. Аз ин беш худро ба ҷангали сӯзон андохтан аст, аз ин кам – хатти бутлон кашидан ба виҷдони илмӣ…

Дар маҳфиле шоир Анвариро “мекӯфтанд”, ки як шоири маддоҳ буд. Амма касе намегуфт, ки ҳатто дар мадҳи ӯ чӣ миқдор ҳунар аст, маърифат аст, ба қавли Артур Рембо, “кимиёгарӣ дар корбурди вожаҳост”… Ӯ бо ҳамин “кимиёгарӣ” машҳуру маъруф шуд ва дар гӯшаи хиёле намеояд, ки мамдӯҳи ӯ чӣ касе буд ва чӣ андоза фазлу одамият дошт… Бештар аз ин, моро ҳамон шӯру шааф ва шавқу иштиёқи бо вожаҳо ба рақс кашидани маъниҳо зиёдтар ҷалб мекунад. Он чизе, ки ҳамон “рақс”-ро тамошобобу муассир мекунад ғояи ҷадиде ҳаст, ки на заминиву одист, балки аз осмони фикр, маънавият ва рӯҳиёт аст. Пафоси одие, ки танҳо ба қавли Белинский, “раг-раги хунро биҷунбонаду системаи асабро такон бидиҳад”, кам аст, боистӣ андешае ҳамроҳ дошта бошад, ки нақши раҳнишондиҳанда ба қуллаҳои баланди маънавиятро иҷро кунад… Дар эҷоди ҳатто шуарои баркамоли мо ҳамин навъ раҳнамоиҳо ҳаст, аммо примитив, ё зӯри шоир намерасад, ки ҳамон маъниҳои садҳо бор баёншударо либоси наве пӯшонад, ё ба гунае ба намоиш гузорад, ки таҷаллии тозаи он маъно ба мағз бирасад…

Таҳқиқи чуну чароҳои фалсафӣ кори шоир нест, ҳунари асил на силлогизму догматҳо (ончунон ки ин равия дар мо хеле афзун шудааст), балки шавқу шӯри “зинда”-ро мехоҳад… Собит кардани ин ё он идея кори илм аст, на кори шоир, кори ҳунар мисли саҳнаи театр нишон додан аст, ки мутаассифона, дар мо манзараи баръакс аст…

…Мардуми Шарқ (чи хосу чи авомуннос) кабкро дар қафас меандозанд ва қақраи бадарди онро гӯш карда, ҳай роҳат мекунанд… Хониши бонизому якнавохти кабк ба аксарият писанд аст, қафасро одатан дар ҷойе мегузоранд, ки барои шунидани садои кабки маҳбус мувофиқ бошад. Кабки бечора аз чӣ менолад, фарқе надорад барои сомеъон. Ӯ аз дарди фироқ шикоят мекунад ва одамон лаззату ҳаловат мегиранд… Ӯ мегиряду одамон механданд, ӯ аз ҷудоӣ зи ёру гулу раёҳин ва дашту саҳрои сарсабз, муҳити табиии ҳастиаш шиква мекунад, одамон умуман ба ин диққат надода, аз чунин хониш ба ваҷд меоянд… Тазоде, ки таҳаммулаш басо вазнину ногувор аст…

Дар шоирӣ ҳам айнан ҳамин аҳвол аст: шеъре, ки агар маҳсули сӯзу дарди ҷонгудози шоир бошад, ба тора-тораҳои асаби инсонҳо нохун мезанад, ба андешаи бардавом вомедорад, ба риққати том меоварад, ҳушу ёду эҳсосро машғул медорад… Албатта, мо ҳаргиз гуфтанӣ нестем, ки барои эҷоди чунин ашъори эҳсосбарангез шоирро ҳам дар қафас бояд шинонд ва дар кунҷи ҳавлӣ биовехт, на чунин иддао нест. Ҳарчанд идаои бад ҳам нест: як назари иҷмолӣ ба ашъори Масъуди Саъди Салмон кофист, ки хулоса кунем: неруи комили қалами ин шоири озурданафас маҳз дар ҳасратномаҳояш ошкор шудааст…

Ҷонам дар нӯги бинӣ омадаасту дилам чун барги сафедор меларзад”.. Ин гуфтори як одами дар ҳеҷ ҷо нахондаи аёлманд аст, ки аз фишори рӯзгор ба танг омадааст. Ин ҷумларо дар посухи банда “чӣ ҳол дорӣ?”, он марди камбизоат гуфт. Бовар дорам, ки агар каме иттилоъ аз тариқи корбурди сухан ва арӯзу қофия медошт, беҳтарин шеърро мегуфт, чун яке аз тақозоҳои ҳунар – рост омадан ё мутобиқати комили эҳсоси реаливу гуфтори гӯянда ва андешаи гӯянда ин ҷо риоят шудааст… Ва ҳам ҷазба, ки онро уламои ҳунаршиноси ғарбӣ “экстаз” ҳам мегӯянд… Онро муқаддимаи илҳоми шоирона ҳам меноманд…

Ба як сухан, он чизе ҳаст, ки “шуур ва виҷдони ҳар фардеро фурӯ мерезад ва инсон вуҷуди хешро дар вуҷуди олитар маҳвшуда дармеёбад ва билохира эҳсоси саодат мекунад”… Ин иқтибос аз Зарринкӯб буд ва даҳҳо таърифоти дигаре ҳам ҳаст. Ин ҳолат аҳли қаламро ба ду роҳ мебарад: яке ба ҷамоли зоҳир мегараванд, дигаре ба баёни камоли мутлақ…

Арабҳои ҷоҳили замони қадим инро маҳсули талқини ҷину шаётин дар тинати шуаро мегуфтанд, яъне ҳар қадар шайтони дар вуҷуди шоир буда шайтонии бештар кунад, ҳамон андоза шеъри хуб ҳосил мешавад… Гарчи як гуфтори хандадор аст, аммо ҳикмате дорад: бигзор ҳар шоире шайтони вуҷуди худро беҳтар саробонӣ кунад, то шеъри хуб зода шавад… Бе ин ҳам, мардум ҳар кори баде кунанд, ба дӯши шайтон вомегузоранд, мегӯянд фалониро “шайтон аз раҳ баровард”, ҳол он ки шайтони бечора аз нияту аъмоли ӯ ҳатто дарак надорад…

Ва ниҳоят унсури дигар – машаққат аст, дард аст, ранҷ аст, ки маҳсулаш шеъри хуб мешавад. Дар боло аз Анварӣ гуфтем, ки ӯро дар маҳфиле ба маддоҳӣ гунаҳкор карданд… Ҳамин Анварӣ ҷойе аз азияти хеш чунин менависад:

То ман ба раҳи сухан фароз оям,

Хоҳам, ки қасидае биороям.

Эзид донад, ки ҷони мискинро

То чанд аною ранҷ фармоям.

Сад бор ба уқда дар шавам то ман,

Аз уҳдаи як сухан бурун оям…

 Диққат кунед: сад бор дар уқда мондан, то як сухани хуб ҳосил бишавад… Боз ҳам парадокс: ситоишномаи шоиронро мехонем, ки фалонӣ дар як сол як маҷмуа, гоҳо ду маҷмуа нашр кард… Дигаронро намедонам, аммо ин дурӯғи маҳз аст: ҳеч имкон надорад, ки ҳатто шоирони умрдидаву донишманди мо дар як сол як китоби шеър нашр кунанд, чун ин кор хилофи илми шеър, хиради сухангустарӣ ва умуман рисолати шоирист… Ин таҳқири ҳамон шоирест, ки “ситоишаш” кардаанд…

Хуб, сухан дар мавриди шеър мисли худи маънову мантиқи шеър дароз аст. Ҳоло бояд сари ин масъала фикр кунем, ки пеши роҳи ҳарзагӯйиҳо (бо номи бузургу мубораку муқаддаси шеър) гирифта шавад, хоҳ бо тариқи маъмурӣ (ҷазо додани нашрияҳо) ва хоҳ бо солим кардани нақди ба қавли Зарринкӯб “беморгуна”… Ин ду роҳ, албатта, хатар ба ҷони ноқиду маъмур дорад, чун одилонаву оқилона сухан гуфтан дар мавриди эҷодкор дар шароити фарҳангии кунунӣ имкон надорад. Ҳанӯз дунимҳазор сол қабл Эпиктет гуфта буд, ки “дар замони мо як сухани рост боиси пайдо шудани даҳ душман мешавад”… Ин сухани файласуф дар соҳаи эҷоди бадеии ҳунарӣ ба замони мо ҳам дахл дорад… Пас, роҳи савумро бояд ҷуст: он кадом аст, намедонам, даҳҳо доктору профессору академикҳое дорем, ки бино ба он ки ҳам маоши баланд мегиранд ва ҳам ба қавле, гапашон “мегузарад”, бояд андеша кунанд… Бояд ин байти Низомӣ дар ҳар дару дарвозаи муассисоти фарҳангӣ, аз Иттиҳодияи адибон сар карда, то донишгоҳҳо чун шиор навишта шавад:

Сухан гуфтани бикр ҷон суфтан аст,

На ҳар кас сазои сухан гуфтан аст.

Ман чунин фикр мекунам…

ҲАФИЗ РАҲМОН,

16.09.2022