Намоиши китоб дар ҳошияи Конфронси байналмилалии “Мавлоно – муршиди ваҳдат ва гуфтугӯи тамаддунҳо”

Даҳҳо китоб аз Мавлонои Балх ва дар бораи ӯ бахшида ба Конфронси байналмилалии “Мавлоно – муршиди ваҳдат ва гуфтугӯи тамаддунҳо” ба намоиш гузошта шуд. Ин конфронси илмӣ-амалӣ субҳи имрӯз, 27-уми сентябр дар Китобхонаи миллӣ бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, адабиётшиносони ватаниву хориҷӣ, намояндагони вазорату идораҳои кишвар ва дипломатҳои хориҷӣ ҳузурӣ ва онлайн оғоз ба кор кард.

Аксари китобҳое, ки то кунун дар Тоҷикистон аз Мавлоно нашр шудаанд ва китобҳои дастрасшуда аз кишварҳои хориҷ, аз ҷумла аз Эрон, Покистон, Ҳиндустон бо забонҳои тоҷикӣ-форсӣ, русӣ, инглисӣ, туркӣ ва ғайра ба намоиш гузошта шудаанд.

Як бахши муҳими ин намоишро китобҳои нодири фонди дастхатҳо ташкил медиҳанд.

 

Раҳима Бобоева