Ёдҳо, ёдҳои тиллоӣ…

Чун аз  устод Ширин Бунёд ёд мекунем, солҳои 70-уми асри  пешин пеши назар меоянд. Маҳз дар ҳамин солҳо устод  маҳфили «Адибони Бадахшон»-ро таъсис дода буду аз пайи дарёфт ва тарбияи ҷавонони соҳибзавқу шоирпеша деҳа ба деҳаи Бадахшон давр мезад.

Чун ба Сағирдашт расид, маро наздаш даъват карданд. Дар идораи раиси ҷамоат Сағирдашт вохӯрии нахустини ман бо устод баргузор гардид. Ҳаяҷони аҷибе вуҷудамро ба изтироб оварда буд. Баъди салому алайк устод бо як шеваи ширину самимӣ ва назокати баланди гуфтор афзуд:

-Ҷумъаҷон, шеърҳоятро бо як ҷаҳон орзуҳо хондам, аз болои  онҳо кор кардан лозим, ҳоло каме хоманд, барои пухта шуданашон садҳо шабҳои бехобиро паси сар кардан лозим,  навиштану хат задан, хат задану навиштан, шеъри зиёде аз бар кардан, луғати зиёд донистан бояд машғулияти ҳаррӯзаи ту бошад. Хоҳӣ, ки мисраъи рангине гуфта тавонӣ, ҷавониатро сарфи шеър кун. Акнун ҳисоб кун, ки аз ҳамин лаҳза узви маҳфили «Адибони Бадахшон» ҳастӣ.  Оғози ҳунарнамоии шоириро табрикат мегӯям.

Садои гулхантобаш фурӯғи ҷонамро меафзуду ба дунёи пурғановату пурнакҳати шеър бо дили  гарм воридам месохт. Худи ҳамон рӯз вохӯрии устод ва гурӯҳи ҳунарпешагон, ки ӯро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекарданд, бо мардум баргузор гардид. Ба назар чунин мерасид, ки мардум сӯҳбаташро дер боз пазмонанд. Чун базми шеър тасфид, таклиф шуд, ки  Ширин Бунёд суруд хонад. Устод  рубоб ба даст гирифту панҷа болои торҳои он бурд. Садои сеҳрангезаш чун замзамаи оҳанги чашмасорон ва шаршараҳои қуллаҳои  баланд фазои Сағирдаштро бипечид ва аз завқ чӯпони номии ҷумҳурӣ, дорандаи орденҳои Ленин ва Револютсияи Октябр Раҷаб Саид бо завҷааш ба майдони рақс баромаданд. Ин лаҳзаи ёдгору дилнишин то имрӯз хотираамро менавозад.

Бо як самимияти хосса сӯҳбатҳо ташкил мекарду ормон мешикаст. Устод Ширин Бунёд мегуфт:

-Шоирам, хонаам дили мардум.

Солҳо пайи ҳам мегузаштанду ман аз рӯи панди устод дар пайроҳаи мақсуд, бо  яъсу шодмониҳо дар ҷустуҷӯи мисраъи рангин будам, гоҳо ба шаҳри Хоруғ сафар мекардаму аз устод шеваи баён меомӯхтам. Нигоштаҳоямро таҳлил мекарду барои оянда супоришҳои нав медод. Сахтгир, аммо меҳрубон буд.

Рӯзе устод ба ман аз шаҳри Хоруғ  занг заду баъди пурсупос илова намуд:

– Ҷуъмаҷон, вақти он расидааст, ки китобатро чоп кунем, худи ҳамин рӯз ҳамаи навиштаҳоятро ҷамъ карда ба ман фирист, ягона маслиҳат ҳамин, ки номи китобат «Афсонаи мавҷ» нею «Афсонаи гулмоҳӣ» мешавад, охир гулмоҳии Сағирдашт дар тамоми дунё машҳур аст.

Солҳои охир, ҳар вақте, ки устод ба Душанбе меомад, ба зиёраташон мешитофтам. Дунёи андешаи устод пур аз ганҷҳои ниҳон буд.

Боре ҳини сӯхбат илтимос кард, ки барояш як духтури дандонсоз пайдо намоям. Чун кор ба осонӣ иҷро шуд, субҳидам барвақт ба  зиёрати устод шитофтам. Ғайри чашмдошт ӯро ба рангу рӯи парида дидам. Салом додаму саросема аз он касс пурсон шудам:

-Устод, ба Шумо чӣ шуд?

Гуфт:

– Ман бояд   ба хона баргардам. Саломатиам он қадар хуб нест. Достонро тезтар  ба анҷом расону ба ман фирист, аз хотир набарор,  ки вақт ғанимат аст.

Ман дар ҳолати ғамгинӣ бо устод хайру хуш намудам, дар дил гапҳои ногуфта бисёр буд, аммо ҷуръати пурсидан надоштам, ҳатто ба гӯшаи хотир намеомад, ки ин лаҳза бо устод видоъ карда истодам.

Баъди чанд моҳ аз маргаш хабар доданд. Ғамбемор шудаму ашкрезон ҷониби дарёчаи деҳа равон гардидам. Дар соҳили он, дар ҷойе, ки шеъри аввалинамро ба устод хонда будам, нишастам. Мавҷҳо бо садои пасту таскиномез, чун ошнои дерин, бо ман ҳамдард буданд, ба оғушам мегирифтанду хаёлам равшан мешуд. Оҳиста – оҳиста болои мавҷе гӯӣё акси устод падидор шуд ва ба шеърхонӣ даромад:

Ҷилваҳои лолазорон бо ман аст,

Бӯи гулҳои  баҳорон бо ман аст.

Ширро аз синаи кӯҳ хӯрдаам,

Шӯхиву нози ғизолон бо ман аст.

 Оҳ, сӯҳбатҳои ширини устодро чунон ёд кардам, ки … Рӯҳашон шод боду манзилати охираташон обод!

Ҷумъа Махшул, шоир.

 Аз “Адабиёт ва санъат”, соли 2011, 15-уми декабр.

Таҳияи Малика Абдуллоева

 Даҳҳову садҳо  ин гуна ёдномаҳо дар саҳифаҳои нашрияҳои кишвар чоп шудаанд, ки мутолиаи онҳо дар қалбҳо нисбат ба гузаштагон оташи муҳаббати самимиро фурӯзон мекунад.

Ин гуна ёдномаҳоро шумо метавонед дар толори хониши Матбуоти даврӣ бо варақ задани саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо бихонед.