Таҷлили ҷашни Меҳргон дар Китобхонаи миллӣ
Бахшида ба ҷашни Меҳргон шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллӣ мизи гирд доир намуд, ки дар он мутахассисону кормандон ва намояндагони ВАО ширкат намуданд.
Мизи гирдро муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода оғоз намуда, аз нақши ҷашнҳои таърихӣ, бавижа Меҳргон дар фарҳангу там аддуни миллат сухан гуфт. Ў гуфт, ки Ҷашни Меҳргон яке аз идҳои қадимтарини мардумони форсу тоҷик мебошад, ки ҳамчун иди меҳру муҳҳабат, дўстию рафоқати одамон ба якдигар, наккорӣ, тантанаи ранҷи кашидаи барзгаронаст, ки ниёкони мо баъди ҷамъоварии ҳосил таҷлил мекардаанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои сегонаи машҳуру маъруфи мардуми тоҷику форс мебошад ва пайдоишу такомул ва таҳаввули минбаъдааш асосан бо шуғли кишоварзӣ ва рўзгори аҳли фарҳангу гоҳ шуморӣ марбутаст, бо дастури Асосугзори Сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ин иди бостонӣ ҳар сол моҳи октябр чун иди миллии давлатӣ бошукўҳу шаҳомат таҷлил мегардад.
Профессор Аскаралӣ Раҷабов фарорасии ҷашни Меҳргонро ба ҷомеаи Тоҷикистон, аз ҷумла кормандони кохи хирад-Китобхонаи миллӣ табрик гуфт ва таманно намуд, ки ҳар рўзи шумо рўзи меҳр ва афзояндагӣ бошад. Ў изҳор намуд, ки мо дар таърихи тамаддуни башарӣ ҳамчун мардуми фарҳангофар муаррифӣ шудем ва бо арзишҳои фарҳангиямон на танҳо барои ҷомеаи худамон, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як падидаи муассир дар маҷрои тамаддуни ҷаҳонӣ ворид шудаем. Яке аз арзишҳои бузурге, ки мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод кардем, силсилаҷашнҳои мо: Сада, Наврўз, Тиргон ва Меҳргон аст, ки хуш қабул карданд.
Ҳаргиз ин ҷашнҳо аз хотираи мардуми мо зудуда нашудааст. Дар ҳар давраи таърихӣ вобаста ба вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳукуматҳое, ки ба сари қудрат омаданд, ин ҷашнҳо оинҳо таҷлил мешуд.
Фармон Давлатов, мудири шуъбаи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг гуфт: Ҷашнҳои Наврўз, Меҳргон, Тиргон ва Сада, ки аз ниёгон барои мо мерос мондаанд, дар радифи осори созандаву зиндагиафрўзи бузургони илму адаби тоҷик, бозгўйи миллати фарҳангӣ будани мо аз даврони бостон то имрўз аст. Ҷашни Меҳргон, ки ҷашни баракат ва фаровонии анвои неъматҳо рўйи хони мост. Ҷашне, ки шукўҳу шаҳоматаш на камтар аз ҷашни Наврўз аст ва яке аз маъноҳои Меҳр офтоб аст, яъне мазҳари нуру рушноӣ ва гармӣ, ки бидуни он бақои одаму оламро тасаввур кардан имконнопазир аст.
З. Юсуфбекова ва М. Шовалиева, кормандони шуъбаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардушиносии Академияи илмҳо зимни суханронии худ аз тақвим ҳарф заданд ва гуфтанд, ки иди Меҳргон аз давраҳои қадим ҳамчун иди ҷамъоварии ҳосилот таҷлил мешуд. Аз рўи ҳисоби тақвими офтобии ориёиҳои қадим, моҳи ҳафтуми сол, ки Меҳр-Офтоб номида мешуд, тақрибан аз 22-юми сентябр то 22-юми октябри дома меёфт, барои гузарондани Иди Меҳргон мувофиқат мекард. Ин идро гузаштагони мо монанди иди Наврўз ботантана ҷашн гирифта, дар ин рўз хонаҳо ва ҳавлиҳоро тоза мекарданд, либоси идона ба бар мекарданд, дастурхони идонаро аз маҳсулоти нав ҷамъоварда меоростонд.
Дар мизи гирд мутахассисон аз китоби фолклоршинос Дилшод Раҳимӣ, бо номи «Меҳргон-ҷашни баракату фаровонӣ» мисолҳо оварданд.
Гуфта шуд, ки пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашнҳои бостонӣ, ба монанди Наврўз, Меҳргон ва Сада таваҷҷуҳ намуда, барои эҳёи дубораи онҳо бо қарор фармонҳои расмии давлатӣ заминаву шароити мусоиде муҳайё сохтаанд. Ҳамин муҳабббат ба миллат ва давлат буд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат ҷашни Меҳргон умри дубора ёфт.
Да поёни маҳфил миёни ширкаткунандагон дар бораи Меҳргон ва оинҳои ҷашну оинҳои дигари миллӣ табодули афкор сурат гирифт.
Раҳима Бобоева,
шуъбаи тарғиб ва баргузории
чорабиниҳои фарҳангӣ.