Омадӣ, дар синаи мо дил шавӣ…
Зодрӯзи академик Муҳаммадҷон Шакурист. Устоди донишманд агар зинда мебуд, ба синни мубораки 96 қадам мегузошт. Дардо, ки даҳ сол муқаддам риштаи умраш бурида шуд ва ин ситораи тобноки илму адаб аз миёни мо рахти сафар барбаст.
Ду сол баъд аз реҳлати ҷонгудози ин донишманди пуркору устоди садҳо олимони шинохта ҳамсари меҳрубонаш Дилафрӯз Икромӣ бештар аз 8 азор нусха китоби китобхонаи шахсии устодро ба Китобхонаи миллӣ тақдим намуд. Аксари ин китобҳо китобҳои нодире мебошанд, ки солҳои гуногун дар Душанбеву Хуҷанду Эрону Афғонистон чоп шудаанд. Як ҳисса аз он китобҳо навиштаҳои солҳои мухталифи олими маъруфаннд, ки чун ганҷина барои наслҳо хидмат хоҳанд кард.
Ин китобҳо дар рафҳои алоҳида ва гӯшаи китобҳои академик Муҳаммадҷон Шакурӣ гузошта шудаву дар хидмати толибони илм қарор дода шудаанд.
Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ донишманди сатҳи байналмилалӣ буд. Ў ба сифати узви Созмони байналмилалии ноқидони адабӣ, узви Шўрои танқиду адабиётшиносии Иттифоқи нависандагони СССР, узви Шўрои илмии академияи илмҳои СССР, узви ҳайати таҳририяи «Таърихи тамаддуни Осиёи Марказӣ» (таълифоти ЮНЕСКО, ш. Порис), узви Шўрои Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – ҷамъияти «Пайванд», узви пайвастаи Фарҳангистони забону адаби форсӣ, узви ифтихории Шўрои илмии Маркази эроншиносии Кафқоз (Ереван) хидмат намуда, дар радифи шинохтатарин донишмандони эроншинос унвони ифтихории «Чеҳраи мондагор» гардидааст.
Хидматҳои олими барҷаста Муҳаммадҷон Шакурӣ аз ҷониби аҳли ҷомеа ва давлату ҳукумати Тоҷикистон бо нишонҳои «Барои меҳнати шуҷоатмандона», «Ветерани меҳнат», «Дўстии халқҳо», унвони академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, унвони ифтихории Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ, Ҷоизаи Оли Сомон (аз Бунёди Оли Сомон) ба муносибати 70-солагӣ, «Дўстӣ», нишони ҷашнии «10-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллҳои Рўдакӣ, Ҷоизаи давлатии ба номи Ибни Сино ва дигар мукофоту ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шудаанд.
Ҳоло ҷойи устоди гиромӣ дар кошонаи илми забон, адабиёт ва фарҳанги миллати тоҷик холист. Аммо ёди эшон дар дилу дидаи пайвандон, дўстон, ҳамкорон, шогирдону фарҳангиён ва асарҳои пурарзиши эшон барои асрҳои аср ҳамчун ёдгор ҷовидон хоҳад монд.
Руҳашон шоду манзилашон обод бод!
НУРБАХШИ ОБУ ГИЛ
Барои устод Муҳаммадҷони Шакурӣ
Эй дар андомат фари Садри Зиё,
Эй ба хонат оташи поки ниё.
Хоксоре омада аз кибриё,
Омадӣ, дар синаи мо дил шавӣ.
Аз Бухоро корвон овардаӣ,
Безабононро забон овардаӣ.
Бўи Ҷўи Мўлиён овардаӣ,
Омадӣ, уммеди ҳар бисмил шавӣ.
Корвонат пур зи ганҷи порсӣ,
Вожаҳои ширабанди порсӣ.
Гавҳари шеъри баланди порсӣ,
Роҳпаймои ҳама манзил шавӣ.
Дар ту некўии олам васл шуд,
Васл чун пояндатар шуд, асл шуд.
Партаваш аз наслҳо бар насл шуд,
Эй ки аз Садри Зиё нозил шавӣ.
Нуктае баргўй аз асрори Ҳақ,
Ишқро тафсир кун дар поварақ.
Омадӣ, эй ҷону дил, ҳамчун шафақ,
Нурбахши нақши обу гил шавӣ.
Фарзона
Номгўйи осори Муҳаммадҷон Шакурӣ, ки хонандагон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд:
Маҷмўаи диктант ва нақлҳои хаттӣ. – Сталинобод, 1949;
Методикаи забони тоҷикӣ. – Сталинобод, 1951;
Корҳои контролӣ аз курси Адабиёти классики тоҷик дар асрҳои XVI-IX. – Сталинобод, 1952;
Маҷмўаи диктант ва текстҳо. – Сталинобод, 1952;
Об идейных и художественных особенностях (воспоминаний С. Айни). – Душанбе, 1954;
Хусусиятҳои ғоявию бадеии С. Айнӣ. – Сталинобод, 1955;
Сотим Улуғзода. – Сталинобод, 1961;
Анъана, халқият, маҳорат. – Душанбе, 1964;
Методикаи таълими забони тоҷикӣ дар мактаби ибтидоӣ.
Китоби дарсӣ. – Сталинобод, 1956 (ҳаммуаллиф);
Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик. Қисмҳои 1, 2. – Сталинобод, 1957 (ҳаммуаллиф);
Русская литература – Хрестоматия для 9. классов в Тадж. школе. – Сталинабад, 1956 (соавтор);
Маҷмуаи диктант ва нақлҳои хаттӣ. Қисми 2. – Сталиобод, 1958 (ҳаммуаллиф);
Намунаи фолклори диёри Рўдакӣ. – Сталинобод, 1958;
Раҳим Ҷалил. Очерки мухтасари эҷодиёт. – Сталинобод, 1959;
Очерк истории Таджикской Советской литературы. – М., 1961;
Луғати истилоҳоти адабиётшиносӣ. – Душанбе, 1964;
Методикаи таълими забони тоҷикӣ дар мактаби ибтидоӣ. – Душанбе, 1964;
Анъана, халқият ва маҳорат. Маҷмўаи мақолаҳо. – Душанбе, 1964;
Хусусиятҳои ғоявию бадеии «Ёддоштҳо»-и устод С. Айнӣ. – Душанбе, 1966;
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад. – Душанбе, 1968 (нашри 2, 2005);
Проблемы жанра и стиля в современной таджикской прозы: Дисс… доктора филол. наук. – М., 1970;
Диди эстетикии халқ ва насри реалистӣ. – Душанбе,1973;
Анъана ва навоварӣ. – Душанбе, 1976;
Паҳлўҳои таҳқиқи бадеӣ. – Душанбе,1976;
Пайванди дўстӣ ва бадхоҳони он. – Душанбе, 1978;
Садриддин Айнӣ. – Душанбе, 1978 (бо ҳуруфи арабӣ);
Насри Ҷалол Икромӣ. – Душанбе, 1979 (ҳаммуаллиф);
Пайванди дўстӣ ва бадхоҳони он. – Душанбе, 1979 (ҳаммуаллиф);
Насри солҳои 1945-1974. – Душанбе, 1980; Пайванди замонҳо ва халқҳо. Маҷмўаи мақолаҳо. – Душанбе, 1982;
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад. – Душанбе, 1985;
Обновление. Таджикская проза сегодня. – М., 1986;
Насри реалистӣ ва таҳаввули шуури эстетикӣ. – Душанбе, 1987;
Мактаби одамият. – Душанбе, 1991;
Забони мо – ҳастии мост. – Душанбе, 1991;
Хуросон аст ин ҷо. – Душанбе, 1996;
Хуросон аст ин ҷо. – Душанбе, 2009;
Истиқлол ва худшиносии иҷтимоию маънавӣ. – Душанбе, 1999;
Садриддин Айнӣ – равшангари бузурги таърихи тоҷикон. – Хуҷанд, 2001;
Садри Бухоро. – Теҳрон, 2002 (бо хатти форсӣ);
Инсонгароии омўзиш ва забони миллӣ. – Душанбе, 2002;
Сарнавишти форсии тоҷикии Фароруд дар садаи бист. – Душанбе, 2003;
Ҷусторҳо дар бораи забону адабиёт ва фарҳанги Тоҷикистон. – Теҳрон, 2003 (бо хатти форсӣ);
Рўзномаи Садри Зиё. – Теҳрон, 2003 (бо хатти форсӣ);
The personal History of a Bukharan intellectual. – Boston, 2004;
Садри Бухоро. – Душанбе, 2005;
Нигоҳе ба адабиёти тоҷики садаи бист. – Душанбе, 2006;
Равшангари бузург: Дар бораи устод С. Айнӣ. – Душанбе, 2006;
Забони миллӣ ва ҷаҳонгаройӣ. – Душанбе, 2010;
Фитнаи инқилоб дар Бухоро. – Душанбе, 2010;
Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон. – Душанбе, 2012
Бибираъно Ҷўраева, сардори
шуъбаи нигоҳдории рисолаҳои илмӣ.