Аз “Риёз-уш-шуаро”. Мавлоно Раҷабалӣ Воҳиди Табрезӣ

Дар фазлу илму вараъу парҳезгорӣ ва вусул ба маротиби алийяи ҳақоиқу ирфон ягонаи замону нодираи даврон буда. Шоҳ Аббоси сонӣ дар хидмати он ҷаноб иродати содиқ дошта, дар санаи 1080 ҳиҷрӣ/ 1669-70 дар доруссалтанаи Исфаҳон ба ҷивори раҳмати илоҳӣ рафт.

Гоҳе фикри шеър низ мекарда. Ин рубоиёт аз натоиҷи табъи он мағфур аст:

Эй он, ки барои туст раъйи ҳама кас
В-эй он, ки тӯӣ маро ба ҷойи ҳама кас,
Дар пойи ту уфтодаам, дастам гир,
Кӯтоҳ кун аз миёна пойи ҳама кас.

Воҳид, ки  ба кӯи дӯст манзил дорад,
Ғам нест, агар ғами ту дар дил дорад.
Пайваста ба таъмири бадан машғул аст,
Бечора ҳамеша даст дар гил дорад.

Воҳид, ки чу оташ ба барат мегардад,
Гар хок шавад, хоки дарат мегардад.
Гар об шавад, равон ба сӯи  ту шавад
В-ар бод шавад, гирди сарат мегардад.

Мирзошоҳи Тақӣ

Аз аҷиллаи содоти Исфаҳону аз фузалои машҳури замон буда. Дар аҳди шоҳ Сулаймон ба дори сарвар иртиҳол намуда. Тахаллусаш «Воҳид» ва шеъраш ин аст:

Эй нури дида, рафтию бе нур дида монд.
Мижгон чу ошёнаи мурғи парида монд.
Масти нозию сари хонахаробӣ дорӣ,
Аз дари хонаи мо мегузарӣ, хуш бошад?!

Мавлоно Муҳаммадамини Виқорӣ

Аслаш аз Табас аст. Чун муддатҳо дар Язд сокин буда, ба «Яздӣ» иштиҳор дорад. Маҷмӯаи камолоти ҳунармандӣ буда.

Ӯрост:

Хандаги хасм зи саҳми ту қаҳқаро баргашт,
Чунончи ғунчаи пайкон дамидаш аз гули фоқ.
Дар ин гулшан  шукуфтан бар диҳад хори пушаймонӣ,
Гул аз як ханда то домон давад чоки гиребонаш.

Маро ҳайрат забон бастасту мегардад забони ӯ,
Забони ман ту гӯӣ, дар даҳан он дилрабо дорад.
Нашъа рафт аз бодаи ман, боғбони рӯзгор
Дар намак хобонда гӯё решаи токи маро.

Мулло Маҳдии Восиқ

Падараш Наҷафӣ ва таваллуди вай дар Исфаҳон шуда. Муосири шоҳ Сулаймони мағфур буда.

Ӯрост:

Эй он, ки туро зиёд аз ҷон дорам,
Дар ишқи ту на сару на сомон дорам.
То дил дорам, дарди ту дорам дар дил,
То ҷон дорам, ғами ту дар чон дорам.

Аз китоби  Волаи Доғистонӣ “Риёз-уш-шуаро”. Қисми 4. Душанбе, “Паёми ошно”, соли 2019

 

Таҳияи Малика Абдуллоева,
мутахассиси шуъбаи маркетинг ва
менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.