Мутолиа: равишҳо ва аҳаммияти он (натиҷаи таҳқиқ)
Барои арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ва гиромидошти корномаҳои наҷибонаю мондагори ў дар рушду нумуи илму фарҳанги миллати тоҷик, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор тадбирҳои муҳим андешида шуданд. Қабл аз ҳама, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 1998, таҳти №105 дар зодгоҳи аллома Бобоҷон Ғафуров Осорхонаи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд. Соли 2019 дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақши мондагори китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров Сарвари давлат чунин ибрози андеша намуданд: “Арзиши илмии ин асари бунёдӣ (“Тоҷикон” – Ҳ. А.) бениҳоят…