«АҶОИБНОМА»
«АҶОИБНОМА»
«Аҷоибнома» (Аҷоибу-л-махлуқот ва ғароибу –л-мавҷудот)-и Муҳаммад ибни Маҳмуди Тӯсӣ (асри XII) аз намунаи асарҳои энсиклопедӣ ба ҳисоб меравад. Ин асар байни солҳои 1176 – 1193 таълиф шуда, аз даҳ рукну боб ва фаслҳои алоҳидаи мустақил иборат аст.
Дар он роҷеъ ба ситорашиносӣ, дарёву баҳрҳо, кишварҳои мухталиф, иморатҳои таърихӣ, вазъи табиӣ, захираҳои табиӣ, қавму миллатҳо ва расму оини онҳо, олами набототу ҳайвонот ва ғайра маълумот дода шудааст.
Он рӯз то рӯз мавриди таваҷҷуҳи бештари муҳаққиқон қарор гирифтааст. Асари мазкур барои оммаи васеи хонандагон пешкаш мегардад.