А.Шарифзода, А.Раҳимзода: “Зиёда аз сад математики муваффақ”. Франсуа Виет

Франсуа ВиетЛеонардо Пизанский (1180 – 1250), ки дар таърихи илм бо лақаби Фибоначчи маъруф аст, нахустин аз аврупоиёне ба шумор меравад, ки истилоҳи «алгебра» – ро дар маънои аслиаш истифода бурдааст. Аз таърихи математика маълум аст, ки истилоҳи «алгебра» аз номи кўтоҳшудаи асари «Ал ҷабр ва ал муқобила» – и олими маъруфи тоҷик аллома Ал- Хоразмӣ (787 – 850) гирифта шудааст ва дар тарҷумааш ба забони лотинӣ ин шаклро соҳиб гаштааст.

То замони Эҳё илми риёзӣ шакли гуфторӣ дошт яъне, танҳо бо сухан ифода меёфту халос. Ҳар фарди риёзидон метавонист мафҳум ва истилоҳот, ҷумлаҳои математикиро бо тарзи худ маънидод намояд. Хидмати Фибоначчи дар он аст, ки ў дастовардҳои пурарзиши риёзидонҳои қадим ва Шарқи мусулмонро дар шакли оммафаҳм ва барои умум дастрас ҷамъ кард то барои дар Аврупо паҳн гаштани ин илми дақиқ замина гузорад. Ў якҷоя бо ҳамсараш И. Неморарий аз нахустинҳо шуда, бузургиҳои номаълум ва натиҷаҳои амалҳо бо бузургиҳоро бо воситаи ҳарфҳо ишора кардаанд. Онҳо, инчунин, барои ифодаи кўтоҳи навишти амалҳои ҳисоб ишораҳои махсусро дохил карда буданд. Чунин аломатҳои математикӣ аз қабили «дараҷаи касрӣ» аз ҷониби Н. Орем (асри XV), ишораҳои «+», «-« аз ҷониби Я. Видман (асри XV), ададҳои ирратсионалӣ ва манфӣ, тафсири пурраи арифметика, ҳалли муодилаҳои дараҷаи як, ду, ҳатто дараҷаи се дар китоби «Суммаҳои арифметикӣ ва геометрия» – и Л. Почолли муфассал маънидод карда шуданд.

Соли 1572 китоби пурарзиши Р. Бомбелли бо номи «Алгебра» аз чоп баромад, ки дар он қисми зиёди мафҳумҳо ва ишораҳои математикӣ, аз ҷумла решаҳои муодилаҳо, нишондиҳандаи дараҷаҳо ишораҳои худро пайдо карда буданд. Ҳамин тавр, дар илми математикаи давраи Эҳё табаддулоти сифатӣ ба амал омад. Яъне, математика аз шакли сухан ба шаклӣ рамзӣ гардонида шудан гирифт. Татбиқи дастовардҳои олимони замони қадим ва асрҳои миёнаро мавҷуд набудани рамзгузории ягона, мушкилоти тарзи баёни дастовардҳои илмӣ бозмедоштанд. Ҳамаи амалиёт ва табдилдиҳиҳо бо ҷумлаҳои забон ифода меёфтанд.

Дар саргаҳи ҳамин гуна дигаргуниҳо олими маъруфи фаронсавӣ  Франсуа Виет (1540 – 1603) низ қарор дошт. Франсуа Виет соли 1540 дар шаҳри Пуатон, ки дар қарибии Фонтеней – ле – Конт ҷойгир аст, таваллуд шудааст. То замони ў бо воситаи ҳарфҳо танҳо бузургиҳои номаълумро ишора мекарданд. Виет ҳам бузургиҳои номаълумро бо ҳарф ишора мекарду ҳам бузургиҳои маълумро. Бо ҳамин ў дар илм тавонист, ки амалҳои алгебравиро бо воситаи рамзҳо дохил намояд, ки мо ҳоло онҳоро формулаҳо меномем. Ҳамин тавр, Виет дар ташаккулу мустаҳкам гардидани алгебраи рамзӣ дар замони Эҳё нақши муҳим бозид ва барои пайдо шудани натиҷаҳо ва шохаҳои ин илми бостонӣ замина фароҳам овард.

Падари Франсуа прокурор буд. Ў Университети шаҳри Паутуро хатм карда касби падарро интихоб кард. Дар соли 1560 адвокати ҷавон дар макони зисташ фаъолияти корӣ оғоз кард, вале пас аз 3 сол, баъди ба хидмати оилаи маъруфи гутенотӣ гузаштанаш, бо таълим додани духтари ягонаи хонадон машғул шуду касби омўзгории математикаро пеша кард. Дар давраи тулонии ба омўзиши математика машғул шуданаш Франсуа тавонист, ки бо математикҳои дар он замона машҳури Аврупо, аз қабили профессори Университети Сорбон Рамус, математики машҳури Италия Р. Бомбелли мукотиба карда, дўстӣ барқарор намояд.

Соли 1571 Виет ба хидмати давлатӣ даъват карда мешавад ва аввал ба сифати мушовири давлатӣ, баъдтар ҳамчун мушовири шоҳи Фаронса Генрихи 3 фаъолият нишон додааст. Шаби 24 августи соли 1572 дар Париж католикҳо ба куштори бераҳмонаи гутенотҳо сар карданд, ки онҳоро дар таърихи Фаронса «Шаби Верфоломей» ном мебаранд. Бо ҳамин дар Фаронса ҷанги гражданӣ оғоз ёфт. Ба ҳамаи ин бесарусомониҳо нигоҳ накарда, Франсуаи ҷавон дар ин ва дигар мансабҳои муҳими давлатӣ ҳамчун олими ҳақиқӣ боқӣ монд ва илмро тарк накард. Дар ин давра шоҳ ва дарбориён аз заковату дониши баланди Виет дар ҳайрат буданд ва бо ў ифтихор доштанд.

Дар солҳои охири ҳаёташ ў дар дарбори Генрихи IV низ дар дарбори гутенотҳо хидмат кард. Ҳамчун мансабдори давлатӣ ў соҳиби обурўю эътибори хеле калон буд, вале ҳамчун олими соҳаи математика ўро бештар мешинохтанд ва эътироф мекарданд. Дар таърихи навиштаи шогирдони Франсуа Виет омадааст, ки … мутаассифона, 14-уми феврали соли 1603 ин инсони бохирад, олими сатҳи ҷаҳонӣ, яке аз нобиғҳои Франсия аз олам даргузашт. Соли 1591 китоби машҳури ин олими забардаст бо номи «Шиносоӣ бо санъати аналитикӣ» аз чоп баромад, ки дар он барномаи ҳамаи таҳқиқотҳои хешро оварда, рўйхати асарҳоеро пешниҳод карда буд,ки онҳо дар асоси алгебраи ҳарфӣ (рамзӣ) таълиф ёфта буданд. Дар асарҳояш Виет калимаи «алгебра»- ро ҳамчун «санъати аналитикӣ» маънидод карда буд. Дар яке аз мактубҳо ба дўсташ де Партене навишта буд: «Ҳамаи математикҳо медонистанд, ки дар зери мафҳуми алгебра ва алмуқобала ҷавоҳиротӣ хеле пурарзиш ва нодир нуҳуфта аст, вале онҳоро ёфта натавонистанд. Масъалаҳоеро, ки онҳо солиёни зиёд мушкил мешумурданд, бо ёрии санъати мо бо осонӣ ва моҳирона ҳал кардан мумкин аст».

Маҷмуи корҳои илмии Франсуа Виет бо номи «Интишороти математикии Виет» соли 1646 дар шаҳри Лейден аз чоп баромад. Дар ин асар, ки дар таърихи илми математика нақши хоса бозидааст, ў ба гузаштагон такя баста, дар байни ададҳо, бузургиҳо, нисбатҳо сарҳадҳои аниқ гузошта, онҳоро ба «намудҳо» ҷудо кардааст. Дар ин система масалан, тағйирёбандаҳо, решаҳои онҳо, квадратҳо, кубҳо, квадратҳои квадратҳои онҳо ва ғ., инчунин, маҷмуи скалярҳо, ки ченакҳо ва андоза аслии дарозӣ, масоҳат ва ҳаҷмро ифода мекарданд, мувофиқ меомаданд. Барои ин гуна намудҳо Виет рамзҳои махсусро раво дониста буд: онҳоро бо ҳарфҳои одии алифбои лотинӣ ишора карда буд. Бузургиҳои номаълум бо ҳарфҳои садонок ва бузургиҳои тағйирёбанда бо ҳарфҳои ҳамсадои ин алифбо ишора карда мешуданд. Аз ҷумла, барои ишораи «фигураи ҳамвор» ў аз зарби порчаҳо истифода бурдааст.

МАНБАЪ: Асадулло Шарифзода ва Алишер Раҳимзода: “Зиёда аз сад математики муваффақ”. Душанбе,  2025.

Ин китоб дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа мебошад.

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
адабиёти табиатшиносӣ,
техникӣ ва илмҳои дақиқ