Қаҳрамони Тоҷикистонро шиносем. Шоҳбаҳор Шоҳхуморов. «Ҷавонии ҷовидон”. Бахши 3
Дар майдони пеши қалъа як гала аспу хари пурбор ба назар мерасид. Дар назди дарвоза бошад, одамон ҷунбуҷул доштанд. Онҳо аксаран соҳибони ин улоғҳо буданд, ки моли асосии таҷоратии худ – ҳезум, алаф ва меваро пеши харидорони дасткушод – афсарону сарбозони рус оварда буданд ва умед доштанд, ки ба зудӣ соҳиби пули нақд шуда, аз бозорчаи ин ҷо аз савдогарони қошқарӣ молҳои зарурӣ: чой, собун, гўгирд, газвор ё асбоби дигари рўзгор харид намоянд.
Бародарон ба назди дарвозаи қалъа омада, ба интизористодагон пайвастанд. Пас аз муддате Саидмаъсум пайдо шуд, бародаронро дида, хурсандона пешашон омад ва Шириншоҳро ҳамроҳи худ ба дарун даровард. Бобошоҳ дар берун монд. Вай аз дарвоза дуртар рафта аз болои девор қалъаро тамошо мекард.
Шириншоҳ баробари Саидмаъсум қадам монда, ба назди даромадгоҳи бинои ороёфта расиданд.
– Ҳозир иҷозат гирифта, пеши сардори отряд медароем, вай бо ту ба забони форсӣ сўҳбат мекунад, ба пурсишҳоят рост ва бурро ҷавоб гўй, – фаҳмонд Саидмаъсум.
Марди қоматбаланди босалобати низомипўшро дида, Шириншоҳ лаҳзае даступо хўрд, вале дар чеҳраи кушодааш табассуми хайрхоҳонаро мушоҳида намуда, худро ба даст гирифт. Вай омадагонро ба нишастан таклиф намуда, бо забони форсӣ аҳволпурсӣ кард. Маълум буд, ки вай аз мақсаду мароми Шириншоҳ аллакай огоҳ аст ва саволи зиёде надод. Сардор хатчае навишта ба дасти Саидмаъсум дод ва Шириншоҳ бо ишораи ў аз ҷо хест…
***
Сардори отряд подполковник Григорий Андреевич Шпилко аслан деҳқонзодаи рус буд, падараш дар ҷанги Қрим ҳалок гардида, модараш бо ҳашт нафар кўдак бесаробон монд. Ташвиши рўзгори ин оилаи калон бар дўши бародари калонӣ, ки 16-сола буд, афтид. Григорий дар 7-солагиаш ба мактаби ибтидоӣ, пас аз он ба омўзишгоҳи уездӣ қабул шуда, барои камбағалиаш аз пардохтани ҳаққи таълим озод шуда буд. Сонӣ ба хидмати ҳарбӣ даъват шуда, дар айни замон мустақилона барои давом додани таҳсил тайёрӣ дид. Аввал омўзишгоҳи ҳарбӣ ва сипас академияи Штаби генералиро хатм намуд. Пас аз муддате ба штаби Округи ҳарбии Туркистон барои хидмат фиристода шуд. Дар ин ҳангом вай баробари хидмат дар мактаби забонҳои Шарқ забони форсиро омўхта, аз худ намуд. Соли 1911 вай сардори Райони Помир ва сардори отряди сарҳадии Помир таъин гардида буд.
Чуноне дида мешавад, ҳаёти овони бачагии сардори отряд бо ҳаёти Шириншоҳ хеле монанд буд, вай низ талхии ҳаёти ятимиро барвақт чашида буд. Бинобар ин шароити вазнини зиндагии Шириншоҳро аз худи ў ва аз Саидмаъсум шунида, ҳисси раҳму шафқаташ боло гирифт ва қарор дод ба ин бачаи ятим ҳарҷониба ёрӣ расонад. Супориш дод, ки вай ба мактаби русӣ-маҳаллӣ қабул карда, хўроку либосаш аз ҳисоби отряд таъмин карда шавад.
Пас аз соате Шириншоҳ назди бародараш омад. Бобошоҳ аввал ўро дар либоси ба низомиён монандаш нашинохт, вале чун наздиктар расид, аз чеҳраи шукуфону қадаммонии шитобонаш фаҳмид, ки худи ўст. Бале Шириншоҳ хушбахт буд, шитоб дошт, то ки ба бародараш зудтар мужда расонад, ки ба орзуяш расид, ба мактаб қабул шуд.
Ҷудошавии бародарон ҳузнангез буд. – Маро фаромўш макун, – мегуфт бо овози гирифта Бобошоҳ.
– Ту ҳамеша бо манӣ, дар ёдам ҳастӣ, – дилбардорӣ мекард ўро Шириншоҳ бо софдилии хоси бачагона. – Вақте ки барҷой шудаму илоҷе ёфтам, туро пеши худ меоварам. Ман аз акаи Саидмаъсум ва сардори отряд илтимос мекунам, онҳо кўмак мекунанд.
Шириншоҳ либосҳои кўҳнаашро, ки буғча баста буд, аз бағал бароварда ба Бобошоҳ дод ва ўро сахт оғўш намуда, аз чеҳрааш ду-се бор шитобон бўсиду оби чашмонашро базўр нигоҳдошта, аз назди бародараш дур шуд.
ҲАМ ТАҲСИЛУ ҲАМ ХИДМАТ
Агар ту зи омўхтан сар натобӣ,
Биҷўяд сари ту ҳаме сарвариро.
(Ҳаким Носири Хусрав).
Мактаби русӣ-маҳаллӣ дар Хоруғ тирамоҳи соли 1909 бо ташаббуси сардори ҳамонвақтаи отряди сарҳадии Помир подполковник А.В. Муханов бо мақсади тайёр намудани хидматчиёни хурд, тарҷумонҳо аз байни фарзандони амалдорони маҳаллӣ кушода шуда буд. Он дар бинои хурди махсус барои ҳамин мақсад сохташуда ҷой гирифт. Барномаи таълимии мактаб аз фанҳои забони форсӣ (хондану навиштан), забони русӣ (хондану навиштан), ҷуғрофия (маълумот дар бораи кураи арз ва ҷуғрофияи Русия), таърих (маълумоти мухтасар аз таърихи Русия), ҳисоб (чаҳор амал), ҳифзулсиҳат (маълумот дар бораи сохти бандаи инсон, нигаҳдории саломатӣ, ёрии аввалини тиббӣ ҳангоми ҳодисаҳои нохуш) иборат буд. Ба хонандагон асосан афсарони отряд дарс медоданд. Таъминоти васоити таълим дар аввалҳо аз ҳисоби хайрияи кормандони отряд буд, барои таъмини хўроку либоси хонандагон бошад маблағ набуд, аз ин сабаб ҳам фарзандони камбағалонро ба мактаб қабул кардан имкон надошт. Баътар бо талабҳои боисрори сардори отряд барои нигаҳдории мактаб аз ҷониби ҳукумати Туркистон маблағ ҷудо карда шуд.
Ҳангоме, ки Шириншоҳ ба мактаб қабул шуд, дар он ҷо аллакай интернат ташкил ёфта, хонандагони бешароит бо хўроку либос таъмин карда мешуданд. Шириншоҳ бо тамоми ҷиддият ба омўзиши асосҳои дониш даст зад. Вай хусусан ба омўзиши забони русӣ вақту қувваи зиёдашро сарф менамуд. Хушмуомилагӣ, дидадароӣ, муносибати софдилонааш ўро бо сарбозону афсарони рус наздиктар менамуд.
Яке аз афсарон, штабс-капитан Дмитрий Сергеевич Топорнин, ки баъдҳо чун олими кўҳшинос машҳур шуд ва дар мактаб низ таълим медод, ба Шириншоҳ таваҷҷўҳи хоса пайдо намуд. Вайро азму ғайрати беинтиҳо ба донишомўзӣ, зеҳни тез ва қобилияти фавқулоддаи ин писараки чаққон ба ваҷд оварда буданд ва ў қарор дод, ки ба ин бачаи хушсимою хушахлоқ кўмаки ҳамаҷониба расонад.
Аз шарҳи ҳоли Д.С.Топорнин маълум мегардад, ки вай аслан аз ашрофзодагони москвагӣ будааст. Падараш Сергей Андреевич Топорнин бо рутбаи полковник дар ин давра командири баталон дар шаҳри Ўш буд. Вай чун тамоми ҳарбиёни баландмартабаи ҳамондавраинаи рус шахси дорои маданияти баланд ва дониши васеи гуногунсоҳа буд. Чандин маротиба ба ҳудуди Помир сафар карда, дар бораи табиати аҷоиб, мардуми қашшоқ, вале баландҳиммати он маълумоти кофӣ дошт. Ва ба писараш Дмитрий ҳам, ҳангоми гусел намуданаш ба ҷои хидмат – отряди Помир гуфта буд, ки мардуми бенавои ин ҷо ба ҳарбиёни рус чун ҳимоятгару наҷотдиҳандагонашон аз зулму тааддии афғонҳо боварӣ доранд ва бинобар ин баҳри аз вартаи қашшоқию бесаводӣ халос намуданашон ёрӣ бояд расонд.
Дмитрий ин маслиҳати падарро ҳамеша дар хотир дошт ва баробари иҷрои вазифаҳои хидматиаш дар мактаб ба тариқи ройгон ба хонандагон дарс мегуфт, ба онҳо забони русиро меомўзонд, баробари ин худ низ забони мардуми маҳалро меомўхт. Вай яке аз шогирдони фаъолаш – Шириншоҳ таҳти васояти доимии худ гирифт.
Шириншоҳ дар давраи таътили тобистона дар хоҷагии штабс-капитан хидмат мекард ва муздаш таом аз дастархони хўҷаин ва як сўм пул буд. Вай аз зиндагиаш қаноатманд буд, супоришҳои штабс-капитанро бе камукост ба ҷо меовард, тамоми вақти холиашро ба китобхонӣ ва омўзиши забони русӣ мебахшид.
Аз китоби Шоҳбаҳор Шоҳхумор: “Ҷавонии ҷовидон”. Хоруғ, 2014.
Хоҳишмандон метавоннад ин китоби хубро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Фарзона Раҳмонова,
мутахассиси Маркази забони
тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ