Абдуллоҳи Раҳнамо: “Мавқеъи Тоҷикистон. Ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?”

Мавқеъи ТоҷикистонИн рисолаи таҳлилгари маъруфи тоҷик Абдуллоҳи  Раҳнамо талоши посух ба саволҳо ё шарҳе мустанади коршиносӣ бар моҳият ва асосҳои таърихию ҳуқуқии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баҳси марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад. Суолҳое, ки то кунун посухи ягона надоранд, вале и н таҳлилгари тоҷик кӯшидааст ба ҳама суолоти мавриди баҳс посухи илмиву мантиқӣ диҳад. Ин суолҳо кадомҳоянд?

Дар сарсухани китоби “Мавқеъи Тоҷикистон. Ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” суолот ба ин тартиб ироа шудаанд:

Чӣ миқдор замин аз ҳудуди қонунии Тоҷикистон ҳоло дар ихтиёри Қирғизистон қарор дорад? 211,000 га ё 420,000 га?   Тоҷикистон дар баҳси марзӣ бо Қирғизистон ба кадом асос ва ҳуҷҷатҳо такя мекунад?   Маънои «ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1932» чист ва чаро онҳо дар ҳалли масъалаи сарҳадӣ асоси ягонаанд?  Маънои «ҳуҷҷатҳои соли 1949», «ҳуҷҷатҳои солҳои 1958 – 59» ва моҳияти «ҳуҷҷатҳои соли 1989» чист?

Ҳуҷҷатҳои ҷониби Қирғизистон дар ин баҳс кадоманд ва қурби ҳуқуқии онҳо чист? Конститутсияи СССР сарҳадҳои байн ин ду ҷумҳуриро чӣ тавр тақсим карда буд? Заминҳои Тоҷикистон дар асоси кадом ҳуҷҷатҳо дар ихтиёри Қирғизистон қарор гирифтаанд?   Заминҳоро ба кишвари ҳамсоя кӣ дода буд?

«Минтақаҳои баҳсӣ» дақиқан кадом қитъаҳоро дар бар мегирад?   Оё дар муносибати ду кишвар «масъалаи Мурғоб» вуҷуд дорад?   Харитаи аслӣ ва қонунии Тоҷикистон бояд чӣ хел бошад?

Посухи ҳам аи ин суолотро шумо аз мутолиаи китоби “Мавқеъи Тоҷикистон. Ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” пайдо хоҳед кард. Ин китоб ба тозагӣ вориди Китобхонаи миллӣ шудааст.

Фарҳоди САЛИМ,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.