Абулқосим Лоҳутӣ аз назари Алиасғари Шеъдӯст

Абулқосим ЛоҳутӣАбулқосим Илҳомӣ, мутахаллис ба Лоҳутӣ, дар соли 1887 дар шаҳри Кирмоншоҳ ба дунё омад. Дар ҳамон ҷо ба адабиёт мутамоил шуд ва муддате ба силки руҳониён ва халқаи дарвеш гароид. Аввалин маҷмўаи шеъраш ҳосили ҳамин заминаҳо обишхўрҳои фикрӣ ва ақидагӣ буд.

Лоҳутӣ дар шонздаҳсолагӣ роҳии Теҳрон шуд ва дар он ҷо ба интишори шабнома ва эъломияҳои сиёсӣ пардохт ва ба сафи озодхоҳони машрутият пайваст. Дар соли 1907 ба хотири мубозироти шуҷоонаш ба раёсати жандармерии Қум расид, вале пас аз муддате  аз сӯи шведҳо, ки идораи жандармерии кишварро ба уҳда доштанд, ба харобкорӣ муттаҳам ва маҳкум ба эъдом шуд ва аз ночорӣ ба Туркия гурехт ва дар он ҷо зимни иштиғол ба омўзгорӣ бо адабиёти Фаронса, Туркия ва хусусан бо шеъри реалистӣ ва танзомези Алиакбари Собир, шоири қафқозӣ, ошно шуд. Лоҳутӣ пас аз се сол ба Кирмоншаҳ бозгашт ва рўзномаи «Бесутун»-ро мунташир кард. Пас аз бомбаборони Кирмоншоҳ аз сўйи инглисҳо дар Ҷанги ҷаҳонии аввал боз ба Туркия рафт ва ба рўзноманигорӣ пардохт. Ва дар ҳамон мавқеъ ба коммунистҳо пайваст.

Пас аз поёни ҷанг ба Эрон бозгашт ва дубора дар жандаармерия машғули кор шуд. Дар соли 1933 тайи кудатое ҳамроҳ бо жандармҳои таҳти фармонаш Табрезро фатҳ кард ва мақсади ҳаракат ба Теҳронро дошт, ки бо шикаст мувоҷеҳ шуд. Дар натиҷа Лоҳутӣ ба Қафқоз ва аз он ҷо ба Тоҷикистон гурехт ва то охари умр дар Русия мондагор шуд.

Ў дар Русия низ ба фаъолиятҳои инқилобӣ ва адабии худ идома дод ва ҳатто ба муносибати муҳиме  назири устодӣ дар донишкадаҳои шарқшиносӣ ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон расид.

Вай дар соли 1959 дар Русия даргузашт ва ҳамон ҷо ба хок супурда шуд.

Лоҳутӣ ҷузви шоирони ҷиноҳи шеъри коргарии даврони Машрута ба шумор меояд. Ашъори ў ду дастаанд: ашъори ошиқонаи суннатӣ, ғазалиёт ва навсурудаҳои ватанӣ ва инқилобӣ. Лоҳутӣ ҳамроҳ бо Тақии Рафъат, Шамси Касмоӣ ва Ҷафари Хомана аз пешгомони шеъри нави форсӣ ба шумор меояд.

Лоҳутӣ ба навбаи худ муттассир аз ашъору  адабиёти фаронса, турк, рус ва низ шоирони таҷдидгарои ҳамватани худ, ҳам ба чаҳорпорасароӣ ва қофиябандии навин рўй овард ва ҳам ашъори ҳиҷоӣ ва ашъори нимоӣ суруд. Шеъри Лоҳутӣ реша дар озодихоҳӣ ва мубориза бо истеъмор ва истисмору меҳанпарастӣ ва ватандўстӣ дорад ва бо таваҷҷуҳ ба шуҷоате, ки дар даврони машрутият аз худ нишон дод, аз инқилобӣ ва муборизи маъруфи Машрута Сатторхон (сардори миллӣ) нишони ифтихор дарёфт кард ва худ дар ин маврид баъдҳо навишт: “Ман ин нишонро дар рўзгори иртиҷоъ ҳамроҳи асноди сиёсии дигар дар зери дарахте дафн кардам. Ин нишон барои ман ҳамчун ҷон азиз буд”.

Ин шеъ аз ӯст:

ДИЛИ ДЕВОНА

Девона намудам дили фарзонаи худро,

Дар ишқи ту гуфтам ҳам афсонаи худро.

Ғайр аз ту, ки афрўхтаи шўъла ба ҷонам,

Оташ назанад ҳеҷ касе хонаи худро.

Ман зиндаам, охир дигареро ту масўзон,

Эй шамъ, маранҷон дили парвонаи худро.

Аз баҳри ту сар бохтани ман ҳунаре  нест,

Ҳар дилшуда ҷон бохта ҷононаи худро.

Дил кўча ба кўча даваду номи ту гўяд,

Боз о, бибар ин мурғаки белонаи худро.

Бо санг задан аз бари дилбар нашавад дур,

Ман хуб шиносам дили девонаи худро.

Аз китоби Алиасғари Шеърдӯст “Шеъри муосири Эрон” таҳияи Фирӯза Раҳимова, муовини сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ.