Адабиёти хориҷӣ. Усмоналӣ Нур (Судон)  «Шаби охирин” (Новелла)

Шаби якуми тӯи арӯсу домодӣ оғоз ёфт. Дугонаҳо ва ҳамсинфони арӯс ҷамъ омада буданд. Аммо ягон кас гумон накард, ки арӯс фикри худкушӣ дорад. Ҳама шодӣ ва рақсу бозӣ мекарданд. «Дугонаи хуб! Аз ҳама пеш гузашт!»- шӯхӣ мекарданд дугонаҳо, аммо аз дигар тараф дилашон барои ӯ месӯхт.

Арӯс дар байни онҳо хомӯшона ва ғамгин менишаст. Ӯ дар бораи  шавҳари пираш, ки маҷбурӣ ӯро ба ӯ доданд, ғарқи фикр буд.

Дар чашмони арӯс ашки ҳузн пайдо шуд.

«Ту дар куҷоӣ, эй марди ҷавон, ки туро ман орзу доштам».

Ҳаёти сахтгир орзуҳои ӯро барбод дод. Аммо маънои онро надорад, ки ӯ ба тақдир тан додаст ва барои ба ин марди пир ҳамсар шудан розист.

Дугонаҳо гиряи ӯро дида, ҳама якбора хомӯш шуданд. Дар ҳамин вақт  яке аз дугонаҳои арӯс, ки  бо содалавҳии худ ном бароварда буд, қаҳқаҳзанон хандид. Аҷаб нест ӯ дар ҳамин лаҳза тақдири талхи худро пеши чашм овард. … Ду сол пеш ӯро ҳам ба марде издивоҷ карданд, ки бо падараш ҳамсину сол буд. Бо гӯшаи чашм ба оби дидаи арӯс  нигарист, ки нигоҳаш пур аз ҳамдардӣ буд. «Ӯро ҳам ҳамон тақдире интизор аст, ки ман аллакай қурбони он шудам, – бо арӯс чашм дӯхта фикр кард духтар, – ҳамон роҳи каҷу ҳамон нафси аблахона»… Дар ин кор ягон дугонааш айбдор нест. Охир, падару модарон барои пулу мол шуда, бахти духтарҳои худро сиёҳ мекунанд, онҳоро маҷбурӣ ба пирон ва мардони ба духтарҳояшон номуносиб ба шавҳар медиҳанд…

Дар берун ҳама дар даву тоз, дар тайёрии қабули меҳмонон буданд. Модари арӯс сари калобаашро гум мекардагӣ барин чӣ кор карданашро намедонист. Ӯ бе ҳеҷ як мақсад гоҳ ба ошхона медаромад, гоҳ ба таҳхона ва баръакс… ӯ гумон мекард, ки аз бахти духтараш одамон ҳасад мехӯрда бошанд.

Бародарони арӯс машғули меҳмоннавозӣ буданд. Пеш аз ҳама ғами онро мехӯрданд, ки хӯроку нӯшокӣ ба ҳама расад…  Шармандагӣ, агар касе баъди тӯй гила кунад!

Падари арӯс барвақт дар паси мизи марказӣ ҷой гирифта, интизори омадани меҳмонон буд. Ӯ  бисёр ҳам бодабдаба менишаст. Аз афташ хурсандӣ ва табассумҳои ӯ аз рӯи иҷрои вазифаи падариаш буд…

Домод ва шахсоне, ки ҳамроҳи ӯ омада буданд, бисёр нанишастанд. Базми туйи шаби аввал ба охир расид. Бародарони арӯс бисёр ҳам хурсанд буданд: онҳо вазифаи  ба зимаашон гузошташударо  бо сарбаландӣ иҷро карданд, ҳама чиз бо хурсандӣ анҷом ёфт.

…Шаби охирини тӯи арӯсу домодӣ ҳам даррасид, шабе, ки арӯс ба худкушӣ қарор дода буд, шаби охирини ҳаёти арӯс…

Лекин чӣ хел бояд мурд? Тамоми чашмҳо ба ӯ нигаронида шуда буданд. Худро ба об партояд? Овезад? Ё ки худро оташ занад? Не, не охиринаш даҳшатовар аст. Ғайр аз ин, онҳо метавонанд, ки ӯро аз ин наҷот диҳанд ва ӯ умрбод бадшакли манфур шуда монад. Дар ҳамин андеша буд, ки чашмаш ба шишаи йод афтод… Ӯ рустӣ йодро гирифта зери остин кард…

Акнун касе ба ӯ ҳалал расонда наметавонад. Духтар  мусибат ва ғаму ғуссаи падару модар  ва бародаронашро тасаввур кард, вақте онҳо аз марги ӯ огоҳ мешаванд, афсӯс мехӯранд, аммо суд намебахшад!

Арӯс домоди пирро пеши чашм овард. «Пири лаънатӣ, гумон мекунад, ки маро харида гирифт, – фикр кард ӯ, – аммо бояд донад, ки ман чун ғулом дар бозори ғуломон мурданро беҳтар аз шавҳарии ӯ ҳисоб мекунад».

Аммо дар ҳамон лаҳзае, ки қарор иҷро карда мешуд, як эҳсоси ғайбӣ ӯро боздоронд: «Ҳа, бадбахт, ту ба чӣ қарор омадӣ?! Наход ғаму ғуссаи  падару модар барои ту ҳеҷ бошад? Бо марде, ки ӯро ту бад мебинӣ, чӣ тавр зиндагӣ бояд кард? Наход коре карда натавонӣ, ки ӯ аз баҳри ту гузарад?».

Рӯзҳои охир чӣ хел фикрҳои даҳшатоваре ба сари духтари бечора наомад!… Аммо ӯ фикрҳои зикрёфтаро накарда буд. Духтари сиёҳбахт, баъди каме фикр нидо кард:

– Не, тадбире меёбам, ки ӯ аз баҳрам гузарад!

Ӯ ба назди оина омада ба худаш нигоҳ кард… Ӯ ҳеч гоҳ қувваи зебоии худро мисли ҳозира ҳис накарда буд. Ӯ ба қувва ва зебоии худ, ба бахту  саодат ва ояндаи фирӯзи худ боварӣ ҳосил карда, шишаи йодро ба фарши хона партофт. Шиша шикаст, йод фаршро доғдор кард… Арӯс зинда монд…

Аз арабӣ тарҷумаи Комил Мусофир.

 

Аз маҷаллаи “Занони Тоҷикистон”, соли 1973, № 12 таҳияи мутахассиси  шӯъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ

Малика Абдуллоева.