Китоби нав: “Шоҳкориҳои пешвои миллат”
Китоби мазкур ба хотири муаррифии аз ҳазор сӣ корномаи Пешвои миллат дар зарфи сӣ соли Истиқлоли давлатӣ таҳия шудааст. Номзади илмҳои сиёсӣ Асадулло Раҳмон дар сарсухани худ ба ин китоб аз ҷумла навиштааст:
Имсол мардуми шарифи Тоҷикистон 30-солагии истиқлоли миллӣ ва давлатдории навини худро таҷлил мекунанд. Мусаллам аст, ки падидаи ҳаётбахши истиқлолу озодӣ, ватансозиву ватандорӣ ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сахт тавъам аст.
Маҳз ҳамин шахсияти таърихӣ дар шароити ниҳоят вазнини оғози давраи давлатсозӣ ин неъмати бебаҳоро бо азми қавӣ қадрдониву сарпарастӣ карданд, тамомияти арзӣ ва якпорчагии Тоҷикистонро ҳифз намуданд ва онро аз вартаи ҳалокат ва нобудшавӣ наҷот дода, мардуми кишварро ба қуллаи мурод расониданд.
Агар ба масъала аз нигоҳи ҳикмат ва нақши шахсият дар таърих назар афканем, бо боварии том, метавонем изҳор кунем, ки давлатдории навини тоҷикон бо ном ва кору пайкори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад.
Мисли он ки мардуми ориёнтабор худро меросбари шахсиятҳои бузургу таъсиргузор ва қаҳрамонони аслии замони худ медонанд, дар шароити муосир, Пешвои муаззами миллати мо бо корномаҳои хеш шоистагии давлатдории тоҷиконро дубора собит ва эҳё кардаанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро дар хатар гузошта, ҳастиву ояндаи давлат, ҳаққи табиӣ ва таърихии миллати тоҷикро аз миёни обу оташ берун кашида, барқарор намуданд.
Роҳбари давлат аз рӯзҳои аввали ба уҳда гирифтани масъулияти Раиси Шурои Олӣ ва баъдан интихоб шудан ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи истиқлоли миллӣ, якпорчагии Тоҷикистон, хомӯш кардани оташи ҷанг камари ғайрату ҷавонмардӣ бастанд ва ба савганди худ вафо намуданд. Савганди “ман ба шумо сулҳ меорам” ва “то охирин гурезаи тоҷик ба ватан барнагардад, ман ҳамчун Роҳбари давлат ором намегирам”-ро шарофатмандона иҷро намуда, ба халқи худ хизмати беназири таърихӣ карданд.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки натиҷаи заҳмат, ташаббус ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат буд, имрӯз ҳамчун як падидаи нодир ва дорои аҳамияти махсус эътироф шудааст. Ин таҷриба, ки миллати тоҷикро аз парокандагӣ ва давлати Тоҷикистонро аз рафтан ба фаромӯшхонаи таърих наҷот дод, ҳамчунин, намуна бесобиқаву олии ҳалли масоили ҷангӣ барои фурӯ нишонидани оташи низоъҳои мухталиф дар ҷаҳон истифода мешавад.
Ҳамин тавр, ҳифзи якпорчагии Ватан ва таъмин намудани сулҳу оромӣ, оштии миллӣ ва таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ аввалин шоҳкориҳое буданд, ки онҳо дар сафҳаи таърихи миллат бо номи Пешвои миллат сабт шудаанд.
Пешвои муаззами мо, ҳамчунин, сулҳу оромиш ва таъмини шароитро барои амалисозии барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла, дар самти эҳёи фарҳанг ва маорифи миллӣ фароҳам намуданд.
Ҷаноби Олӣ бунёду эҳёи мактабу донишкадаҳо ва таваҷҷуҳи хосро ба соҳаи маориф ва илму фарҳанг ба мақсади боло бурдани ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, инчунин, рушди соҳаи тандурустиро ба хотири таъмини сиҳатии мардуми кишвар ҳамчун иқдоми калидии худ ҷиддан барномарезӣ ва пайгирӣ карданд.
Бузургии ин шахсияти таърихӣ дар он аст, ки аҳамияти истиқлоли фарҳангии тоҷиконро на камтар аз моҳияти истиқлоли сиёсӣ медонанд. Дар меҳвари сиёсати фарҳангӣ масъалаи худогоҳӣ, гиромидошти гузаштаи пурифтихори миллат ва арзишҳои инсонӣ қарор дода шуда, дар ин росто худи Пешвои миллат бевосита ба таҳқиқи саҳифаҳои ибратбахш ва дурахшони гузашта, чеҳраҳои тобноки таърихи миллат таваҷҷуҳ зоҳир намуда, асарҳои арзишманде, мисли “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Аз Ориён то Сомониён”, “Имоми Аъзам: рӯзгор, осор ва афкор”, “Забони миллат – ҳастии миллат”, “Чеҳраҳои мондагор”-ро эҷод ва тақдими хонанда намуданд.
Дар баробари ин, бо ташаббуси Пешвои миллат барои густаришу тавсеаи забони тоҷикӣ ҳамчун унсури асосии ҳастии миллат тадбирҳои мушаххас ва муассир андешида шуданд. Мақому мартаба ва нуфузу эътибори забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ боло бурда шуд ва бо тавсеа бахшидан ба доираи истифодаи он адолати таърихӣ барқарор гардид.
Бо мақсади бедор кардани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ Наврӯз ҷашни умумимиллӣ эълон гардид ва аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид ба сифати ҷашни умумибашарӣ эътироф карда шуд. Марҳалаи дигари корнамоӣ ва шоҳкориҳои Пешвои миллат – аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани Тоҷикистон ва оғози сохтмонҳои азим, бозсозии шаҳрҳо ва шоҳроҳҳои дохили мамлакат аст. Инчунин, бо пешниҳоди Пешвои миллат аз ҷониби СММ дар саросари ҷаҳон соли 2003 “Соли байналмиллалии оби тоза”, солҳои 2005-2015 даҳсолаи байналмиллалии “Об барои ҳаёт”, соли 2013 “Соли байналмиллалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” ва “Соли 2018-2028 – об барои рушди устувор” эълон гардиданд.
Дар китоби “Шоҳкориҳои Пешвои миллат” ҷузъиёти баъзе масъалаҳо аз корнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мухтасар баррасӣ ва арзёбӣ шудаанд. Ин китоб дар асоси мушоҳида ва бардоштҳои бевоситаи муаллиф таҳия гардидааст, ки ӯ худ шоҳиди аксар воқеаҳо буда, бо чашми сар дида, дар тарозуи ақл баркашидааст ва метавон онро садоқатномаи муаллиф ба Пешвои миллат номид.
Қалам танҳо дар дасти оне ҳақиқат менигорад, ки дили софу покиза дорад.
Умед аст, ки китоби мазкур дар амри ба хонандаи имрӯз ва насли фардои миллат расонидани мақсаду маром ва ҳадафҳои созандаи Президенти маҳбуби кишвар дар зарфи 30 соли истиқлоли давлатӣ саҳми арзандае хоҳад гузошт.
Таҳияи Бунафша РАҲМОНОВА