Ҳадяи 800 китоби табиби маъруф ба Китобхонаи миллӣ

Нафиса Расулова пизишки кӯдакон аст, ки тамоми умр дар бахши кӯдакони бемористони касалиҳои сироятии шаҳри Душанбе фаъолият намудааст. Ахиран ӯ 800 китобашро, ки дар миёни онҳо китобҳои гаронарзиши тиббӣ низ зиёданд, ба китобхона тӯҳфа намуд. Аз ҷумлаи ин китобҳо “Энсиклопедияи тиббӣ” аст, ки ин шабу рӯз барои толибони илми тиб чун обу ҳаво зарурист ва ҳамчунин даҳҳо китоби пурарзиши дигари илмиву бадеӣ.

Нафиса Расулова борои талошҳову саҳмгузорӣ дар илми тиб ба як қатор унвонҳо сазовор гардидааст. Табиби дараҷаи олӣ ва Аълочии тандурустӣ аз унвонҳои ин табиби ҳозиқу меҳрубон аст, ки умрашро ба хидмати мардум бахшидааст.

Ҳарчанд ҳоло бознишаста аст, ба беморон ва донишҷӯёни донишгоҳи тиббӣ машварат медиҳад. Муаллифи чандин дастурҳои таълимӣ низ мебошад.

Чанде пеш ҳамроҳи шавҳараш 50 – солагии издивоҷашонро таҷлил намуданд.

Шавҳараш Азим Расулов олими гидробиолог, илме, ки равандҳои биологиро дар обҳо таҳқиқ мекунад, мебошад ва тамоми умр дар донишкадаи зоология ва паразитологияи шаҳри Душанбе кор кардааст. Номзади илм буда, то вазифаи муовини директори институт расидааст. Муаллифи беш аз 200 мақолаи илмӣ ва 3 китоб доир ба моҳиҳост.

Азим Расулов низ ҳоло бознишаста аст, вале ҷӯёву пӯёи илм, ҳамеша ба шогирдону устодони навкор маслиҳату машваратҳо медиҳад, ба таҳқиқотҳои илмии худ идома медиҳад.

Нафиса Расулова дар остонаи зодрӯзаш ба Китобхонаи милли 800 китоб аз бойгонии худ тақдим намуд ва фардо мавлудашро дар ҳалқаи пайвандонаш ҷашн мегирад.

Мо низ ин табиби ҳозиқ ва ин донишманди соҳаи тибро ба муносибати зодрӯзаш муборакбод мекунеем ва барояш хушиҳои оламро таманно дорем.

Китобҳое, ки ӯ ба Китобхонаи миллӣ тақдим намуд, даҳсолаҳо барои ҷӯёндагони илм хидмат хоҳанд кард.

Раҳима Бобоева, шӯъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.