Омори ҳафта: Хонандагон дар қиёс ба як ҳафтаи қабл бештар китоб дархост кардаанд

Тўли ҳафтаи охир хонандагон дар толорҳои мухталифи хониши Китобхонаи миллӣ 5729  китоб дархост кардаанд, ки ин назар ба як ҳафтаи қабл 273 китоб бештар аст. Маҳсиддин Сатторов, сардори Шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён гуфт, вуруди хонандагон ҳам дар қиёс ба аввали моҳи сентябр афзудааст.

Тибқи омори Шуъбаи хидматрасонӣ ба муштариёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта 1 ҳазору 310 нафар ба узвияти Китобхона қабул шудаанд.

Бино ба гуфтаи Маҳсиддин Сатторов ҳафтаи гузашта дар маҷмуъ 3055 нафар вориди толорҳои хониш шудаанд ва 5 ҳазору 729 нусха китоб дархост карданд.  Вай афзуд, биёре аз хонандагон вориди толорҳо мешаванд, вале бидуни дархост аз китобҳои озод дар рафҳо гузошташуда истифода мекунанд, ки ин ба омори дархости китоб дохил намешавад.

Раҳима Бобоева, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.