Ҳафиз Раҳмон: Мутолиаи асари бадеӣ бояд маҷбурӣ набошад
«Як ҷиҳати фарқкунанади озмуни имсола дар он аст, ки низомнома таҷдиди назар шуд, ҷуғурофиёи беҳтарин адибоне, ки дар Аврупову Амрико ва дигар қитъаҳои олам шуҳрати офоқ доранд, номгӯи асарҳояшон ҷойгир карда шуд. Тадбири мазкур самараи дилхоҳ ба бор овард, мо ба хонанда гулистонеро пешниҳод кардем, ки мераваду гулҳои дилхоҳашро мечинад», – гуфт дар суҳбат бо мо Ҳафиз Раҳмон роҳбари аъзои ҳакамон аз рӯйи номинаи адабиёти ҷаҳон.
Ба таъкиди ҳамсуҳбати мо шарт нест, ки иштирокчии озмун аз 155 адибе, ки дар номинаи адабиёти ҷаҳон тавсия шудааст, пурра огоҳ бошад, зеро ин кор барояшон душворӣ пеш меорад, ҳар қадар, ки аз ин чаҳорчӯба бештар огоҳ шаваду берун барояд ҳамон қадар барои ҷаҳонбинӣ, барои завқи эстетикӣ, барои тавоноии зеҳнӣ хеле муфид мешавад.
Имсол дар номинаи адабиёти ҷаҳон бидуни муболиға хеле беҳбудиҳо дида мешавад, метавон гуфт, ки фарқ аз замин то осмон аст. Аввал ин, ки ҳам хонандагони мактабҳои миёна, ҳам донишҷӯён аз беҳтарин осори ҷаҳонӣ огоҳ шуданд. Дуюм ин, ки барои хонандагон қутбнамо ё имкони ҷустуҷӯи адабиёт пайдо шуд. Дар ҳафт рӯзи озмун ман алакай зиёда аз 6 нафареро барои худ пайдо намудам, ки инҳо як истеъдоди баланди фитрӣ доранд, заковати бениҳоят хуб доранд, ҳатто асарҳоеро хондаанд, ки фаҳму дарки он барои як инсони калон мушкил пеш меорад. Ин ақида ғалат аст, ки ин ё он асар ба сину соли хонандаи мактаб мувофиқ нест. Бигузор бихонад, бигузор камтар дарк кунад, вақте мутолиаи вай бардавом мешавад аз зинаи якум ба дуюм, аз дуюм ба сеюм ҳамин гуна ба таври эволютсионӣ пеш меравад, ки ин аз ҷиҳати психологӣ бисёр муҳим аст, изҳор дошт Ҳафиз Раҳмон.
«Ин бисёр назари маҳдуд аст, ки гӯё асари адабӣ функсияи тарбиятгарӣ дошта бошад, на асари адабӣ як хусусияти муҳимаш он аст, ки завқи эстетики инсонро парвариш бидиҳад. Завқ, ки яке аз унсурҳои муҳими фитрати инсонист, агар пешрав шавад, шукуфову фарогир шавад, ба густардатар шудани зеҳнияти хонанда таъсири бисёр ҷиддӣ мерасонад. МУТОЛИАИ АСАРИ БАДЕӢ БОЯД МАҶБУРӢ НАБОШАД, КАСЕ ИН ГУНА ФИКР МЕКУНАД ИШТИБОҲИ БУЗУРГ МЕКУНАД, АСАРИ БАДЕИРО АЗ РӮЙИ ШАВҚУ РАҒБАТ МЕХОНАНД. Озмуни имсола муҳимияту фарқияташ дар ҳамин аст, ки барои хонанда ҳақи интихоб дода шудааст”- гуфт дар идомаи суҳбат Ҳафиз Раҳмон.
Мавсуф аз мушоҳидаҳояш дар чанд рӯзи озмун изҳор дошт, ки ду нафар донишҷӯи Донишгоҳи миллӣ ба ҳар суоле, ки пешниҳод мегардид, аз кадом паҳлуе, ки ба фаҳму дарки ӯ наздик мешудем, посухҳои қонеъкунанда медоданд, аз панҷ қисмати адабиёти олам огоҳии комил доштанд. Ҳатто рӯйхати адабиёти пешниҳод намудааш аз рӯйи жанрҳои адабӣ ҷудо карда шудааст, ки ин аз боло будани маърифати адабии донишҷӯ дарак медод.
Ҳафиз Раҳмон ба ин суол, ки оё хонандагони мактабҳои миёна беҳтаранд ё донишҷӯён, посух дод, ки буданд хонандагони мактабе, ки аз донишҷӯён бартарӣ доштанду камӣ надоштанд. «Ман боварӣ дорам, ки ин озмун боз ҳам такмил дода мешавад. Зеро ҳар чизе, ки такмил дода намешавад, ба догма табдил меёбад. Бояд озмун сол ба сол такмил ёбад ва ҳар қадар, ки такмил ёбад барои иштирокчиён беҳтар мешавад”, – гуфт сардори аъзои ҳакамон аз номинаи адабиёти ҷаҳон Ҳафиз Раҳмон.
Дилноза Бобомуродова магистранти курси якуми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз зумраи иштирокчиёне буд, ки бо забондонӣ ва посухҳои мушаххас аъзои ҳакмонро ба ҳайрат овард. Ӯ гуфт соли гузашата низ дар озмун иштирок дошт, вале имсол бо таёрии ҷиддӣ омадааст. «Имсол фазои озмун хеле озод, муносибати доварон низ олист. Вақте наздашон баромадам, маро ҳаяҷон фаро гирифт. Вақте ман ба ҳаяҷон дода шавам тез ва нопурра гап мезанам, вале аъзои ҳакамон маро дастгирӣ карданд, хеле самимона суҳбат карданд ва ҳамин самимияти устодон роҳи маро дар пешниҳоди посухҳои мушахассу равон осон кард», – гуфт Дилноза Бобомуродова.
Ҳамсуҳбати мо ҳамчунин гуфт, ки адабиёти классику муосири тоҷикро низ зиёд мутолиа кардааст вале сабаби рӯ оварданаш ба номинаи адабиёти ҷаҳон ин дилбастагии офаридаҳои адибони оламшумул мебошад, махсусан адибони Аврупо. Ба андешаи Дилноза дарку фаҳми адабиёти ҷаҳон нисбатан осон ва мавзӯҳояш низ ғайриодиянд, агар хонанда асарро бо забони аслаш мутолиа намояд. Ӯ наздики 400 адабиёбтро бо забонҳои русӣ, англисӣ ва тоҷикӣ мутолиа кардааст. «Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои ман як таконе шуд то адибону нависандагони халқиятҳои ҷаҳонро хуб шиносам», гуфт Дилноза.
Шаҳзодахон Бурҳонова донишҷуи соли с еюми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, яке аз фаъолтарин иштирокчии озмун дар номинаи адабиёти ҷаҳон буд, ки бо шаш забон: тоҷикӣ, анлисӣ, русӣ, олмонӣ, туркӣ ва арабӣ суҳбат карда метавонад. Ӯ назди доварон бо забони русӣ баромад кард, вале ҳангоми суолу ҷавоб ба забонҳои донистааш низ шеру қисаҳо гуфт. Дар суҳбат бо мо изҳор дошт, ки соли дуюм аст дар озмун иштирок мекуанд, зиёда аз 254 асари насрӣ, беш аз 4000 мисраъ осори назмӣ ва дигар ҳикояву достонҳоро мутолиа кардааст. Ягона мушкилоташро ҳаяҷон маънидод кард ва аз баромадаш хушнуд буд, ба қавли ӯ тавонистааст ба суолҳои ҳакамон посухҳои дақиқ диҳад.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР
Матбуоти даврӣ