«Ҳафтаи забони русӣ» бахшида ба зодрўзи А.С. Пушкин

 

Аз 7 то 11-уми майи соли ҷорӣ ба ифтихори 222-солагии зодрўзи сардафтари адабиёти классики рус, шоири забардаст Александр Сергеевич Пушкин дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон «Ҳафтаи забони рўсӣ» баргузор гардид ва аз тарафи кормандон ва хонандагон ҳамарўза то ҷамъбасти «Ҳафтаи забони русӣ» гуфтугӯ, суҳбатҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ доир шуд.

«Ҳафтаи забони рўсӣ» ба чанд қисм: тартиб додани намоиши китоб ва шиносоӣ бо расму оин ва урфу одатҳои халқи рус, шиносоӣ бо тарҷумаи ҳоли А.С. Пушкин, намоиши яке аз афсонаҳои шоир бо номи «Афсона дар бораи шоҳ Салтан” аз тариқи лавҳаи электронӣ, навиштани диктант, қироати шеър аз ашъори А.С. Пушкин ва иҷрои як саҳнача ҷудо гардида, ҳар яке аз кормандон дар бораи бахшҳои тартибдодашуда ба хонандагон маълумот дода, баъдан ба қисмати саволу ҷавоб мегузаштанд.

Маҳз таввасути ҳамин гуна барнома ва чорабиниҳо кормандони шуъба метавонанд хонандагони худро на фақат бо адибони бачагонаи тоҷик, балки бо шоиру нависандагони рус ҳам ошно намуда, барои омўхтани забон ва шиносоӣ бо урфу одатҳо ва фарҳангу тамаддуни халқи рус муаррифӣ намоянд ва хонандагонро ба китобхонию донишомўзӣ ҷалб намоянд.

 

Шаҳноза Дониёрова, сармутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон.