Қаҳрамони Тоҷикистонро шиносем. Шоҳбаҳор Шоҳхуморов. «Ҷавонии ҷовидон”. Бахши 1
Ин китоб дар асоси ҳуҷҷатҳои таърихӣ, нақлу хотираҳои ҳамсолон, наздикону дўстон ва ҳамкорони Шириншоҳ Шоҳтемур таҳия гардидааст. Ҳаёту фаъолияти Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур тимсоли олии ватандўстӣ, хидмати содиқона ба халқу Ватан, ба миллати тоҷик, намунаи ибрати ҷавонмардӣ барои наслҳои имрўза ва оянда мебошад.
Китоб барои хонандагони мактабҳо, донишҷўён, наврасону ҷавонон ва ҳамаи онҳое, ки ба омўзиши таърихи кишвар мароқ доранд, пешбинӣ шудааст.
ОҒОЗ
Шамс чун пайдо шавад, офоқ аз ў равшан шавад,
Мард чун доно шавад, дил дар бараш дарё шавад.
(Ҳаким Носири Хусрав).
Дарё равон асту равон… Он аз як чашмаи хурди кўҳсорон ибтидо гирифта, дар сари роҳ ба худ оби чашмаҳо, рўдҳои зиёдеро ҳамроҳ намуда, торафт сероб мешавад, аз байни шахҳою ҷариҳо ва саҳроҳо ба худ роҳкушода, ба набототу ҳайвоноту инсонҳо ҳаёт мебахшад, ба сўи баҳру уқёнус мешитобад, то ки дар шакли абру барфу борон ба макони аслии худ бозгашта, роҳи худро аз нав такрор ба такрор то абад давом диҳад. Ва инсони соҳибдилу соҳибхирад шабеҳи дарёст. Вай ҳаёти худро вақфи хидмати инсонҳо, пешрафти ҷомеаи босаодат намудааст. Шириншоҳ Шоҳтемур аз зумраи ҳамингуна инсонҳост.
Ҳаёти ў намунаи олии ифтихори ватандорӣ, хидмат ба Ватан ва халқи худ, пос доштани номуси миллат мебошад.
Барои вай чун фарзанди кўҳистон мароми зиндагӣ аз қулла ба қуллаи балантаре баромадан, пастӣ нафуромада, оқибат дар сари қулла ба ситораи тобоне мубаддал шудан буд. Инро ў дар рафти ҷустуҷўҳо ва омўзиши ҷиддии таъриху тамаддуни миллати тоҷик дарк намуд. Дар синни 24-солагӣ ҳифзи обрўю шараф, қадру иззат ва шўҳрати миллати кўҳанбунёди зери фишори пантуркҳо ба дами нобудӣ расида, аз нав гирд овардани қисматҳои парокандаи миллат ва барқарор сохтани давлатдории ҳазор сол пеш барҳамхўрдаи тоҷиконро мақсади ҳаёташ қарор дод.
Дар роҳи иҷрои ин мақсади наҷиб аз ҳеҷ гуна душворию монеаҳо наҳаросида мубориза бурд, ба мақсад расид ва ба ситораи дурахшоне табдил ёфт, ки он имрўзиёну ояндагонро баҳри таҳкими давлатдории миллӣ, пос доштани номуси миллати тоҷик раҳнамоӣ мекунад.
Дар ин сатрҳо мо кўшиш намудем, ки дар асоси ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ёддошти ҳамсафону ҳамзамонон, нақли хешону пайвандон, таҳқиқи олимон лаҳзаҳоеро аз зиндагию фаъолияти ҷамъиятии абармард, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур рўи қоғаз овардем.
ОРЗУИ ПАДАР
Дарахти ту гар бори дониш бигирад,
Ба зер оварӣ чархи нилуфариро.
(Ҳаким Носири Хусрав).
Деҳаи Тишор дар самти ҷануби шарқии деҳкадаи Поршиневи ноҳияи Шуғнон, тарафи рости дараи ҳамномаш ҷой гирифта, сатҳи он ба самти шимол нишеб шуда, то деҳаи Хоса тўл кашидааст. Вақте ки дар ҳамвории Хоса баҳорон ба шудгори майдонҳои кишт сар мекунанд, дар ин ҷо аксари заминҳо ҳанўз зери барфанд, ҳарчанд аз ҷиҳати иқлим ин ду деҳа аз ҳам тафовуте надоранд.
Азбаски Тишор дар паҳлўи дара воқеъ аст, заминҳояш аз об беҳтар таъминанд. Гӯшаи шарқиаш, Баҳрдод, ки даҳанаи дара мепайвандад, дар замонҳои пеш ҷангалзори анбўҳе доштааст, аз дарахту буттаҳои гуногуни сершумораш имрўз фақат ҷо-ҷо буттаҳои настаран, дўлона ва боқимондаи бешаи сафедорҳо ба назар мерасанд.
Тишор ҳамчун макони серобу хушманзара аз замонҳои қадим сераҳолӣ будааст. Вале монанди дигар деҳаҳои кўҳистон бар асари тохтутозҳои пайдарҳами аҷнабиён, касалиҳои оммавӣ қисми зиёди аҳолиаш талаф ёфта, ё ба мулкҳои дигар фирор намудааст. Дар ибтидои асри бистум дар ин ҷо ҳамагӣ ёздаҳ буна мавҷуд будаст. Яке аз хонаҳои назди ҷўйбори калони деҳа аз они Шоҳтемур буд.
Шоҳтемур дар деҳа навбуна буд. Ба ин ҷо пас аз издивоҷ бо Майсара-духтари сокини ин макон Мамадназарбек аз зодгоҳаш-деҳаи Хоса кўчида омад ва бо тавсияи хусураш дар паҳлўи замини ў бинои харобгаштаеро аз Борак ном заминдор харида, дар болои таҳкурсии он хона андохт. Падараш Шоҳмузаффар, бародаронаш Саидюё, Саидҳасан ва Саидҳусайнӣ дар сохтани хонаю ҳавлӣ ба ў ёрӣ расонданд.
Аслу насаби Шоҳтемур аз сайидҳои деҳаи Хоса аст, ки худро авлодони Сайид Муҳаммади Исфаҳонӣ, мулаққаб ба Шоҳи Кошон мешуморанд. Мувофиқи шаҷара ё насабномае, ки дар хонадони ин авлод то кунун маҳфуз аст, Шоҳтемур ибни Шоҳмузаффар ибни Шоҳтемур ибни Саид Бобилло, ибни Шоҳнаврўз, ибни Шоҳвалӣ бо ҳафт пушти аҷдодашон ба Саид Муҳаммади Исфаҳонӣ ва ба туфайли ў бо бисту ҳафт пушт ба ҳазрати Имом Зайнулобидин ва силсилаи авлоди Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) мепайвандад. Ва тасодуфӣ нест, ки Шириншоҳ Шоҳтемур дар шарҳи ҳоли мухтасараш ин нуқтаро зикр намудааст.
Мардуми деҳа Шоҳтемурро барои ин мартаба ва ҳамчунин шахси фозилу хирадманд буданаш эҳтиром менамуд, ҳангоми маросимҳои хонаводагӣ ўро барои фотеҳахонӣ даъват мекарданд, дар иҷрои расму оини динӣ, тарзи гузаронидани иду маросимҳо маслиҳат мепурсиданд. Вай ризқу рўзиро аз Худо талаб мекард, вале худ низ лаҳзае бекор наменишаст, аз аввали баҳор то поёни тирамоҳ дар порчаи замини санглохаш машғули меҳнат буд. Дар вақтҳои фориғ аз кори хоҷагӣ ва ташвиши рўзгор ба деҳаи Хоса, назди бародарон, хешу ақрабо мерафт, дар ҷамъомадҳои маърифатӣ, ки одатан аз қиссахонӣ, мадҳиясароӣ, қироату тафсири асарҳои Носири Хусрав, Ҷалолуддини Балхӣ, Хоҷа Ҳофиз, Ҷомию Бедил ва дигар нобиғаҳои илму фарҳанг иборат буданду дар ин ҷо аз қадим анъана шудаанд, бо камоли шавқ иштирок менамуд. Хусусан ба сўҳбатҳои ширини амакаш Саид Ҷаъфар, ки ҳамчун шоири хушбаён дар тамоми Шуғнонзамин шўҳрат пайдо карда буд, таваҷҷўҳи зиёде дошт.
Шоҳтемур ҳарчанд деҳқони камзамин буд, вале худро бою бадавлат мешумурд, давлату дунёи худододи ў дувоздаҳ фарзандаш: шаш писару шаш духтари яке аз дигаре зеботару барнотар: Мамадаслам, Шоҳмусаллам, Шоҳғузанфар, Бобошоҳ, Шириншоҳ, Маъқулшоҳ, Ҳуснбону, Булқайс, Оинамо, Дурбону, Ҳасанбону, Соирамо буданд. Вай фарзандонашро ҳамеша ба омўхтани илму дониш ҳамчун мероси гаронбаҳои маънавии ниёгон ташвиқ менамуд, хондану навиштани алифборо худаш меомўзонд. Дар дил орзуҳои ширин мепарварид, ки писаронаш касби камолро пеша намуда, чун одамони фозилу хирадманд номбардори ў ва раҳнамои мардуми диёр мешаванд.
Вале афсўс, ки умр вафо накард ва Шоҳтемур дар миёнсолӣ, як сол пас аз фавти ҳамсараш дори фониро падрўд гуфт.
ЯТИМӢ
Ҳамчу лўълў кунад, эй пур, туро илму амал,
Раҳи боби ту ҳамин аст, бирав бар раҳи боб.
(Ҳаким Носири Хусрав).
– Ману Шириншоҳ ҳанўз хеле хурд будем, вақте ки модарамон вафот карданд, дар овони пиронсолӣ ба хотир меовард Бобошоҳ. Фақат ҳаминаш дар хотирам мондааст, ки рўзе хонаи мо аз одамон пур шуд, занҳо гиря мекарданд, мардҳо бо қиёфаи ғамгин хомўшона дар изтироб буданд. Ману Шириншоҳро, ки чӣ воқеа рўй доданашро намефаҳмидем, дар чиризак (як гўшаи хона аз тарафи чапи оташдон) бурда хобонданд. Ман дар он вақт шояд 6-7 сола ва Шириншоҳ 3-4 сола будем. Вақте ки падарамон аз дунё даргузаштанд, мо калонтар шуда будем ва он воқеаи мудҳиш дар хотирам пурра нақш бастааст.
Баъди фавти падар сарпарастии ин оилаи калон бар гардани бародари калонӣ Мамадаслам афтод. Ў, ки ҷавони тануманду қавибозу буд ва аллакай хонадор шуда буд, ҳарчанд саъй менамуд, ки асбоби зиндагии бофароғати додарону хоҳаронашро фароҳам созад, вале замини ночизи санглох саховаташро афзун намекард ва аҳли оила мисли тамоми хонаводаҳои деҳа дар қашшоқӣ рўз мегузаронд. Хўроки асосиашон аз аввали баҳор то фарорасии тирамоҳ туту талқон буд. Фироқи падару модари кўтоҳумр, ҳасрати ятимӣ, кулфати гуруснагию нодорӣ, дарду алами ин бенавоёнро дучанд мегардонд.
Шириншоҳ мисли дигар бародарону хоҳаронаш, балки монанди тамоми бачаҳои кўҳистон аз фарорасии баҳор то оғози зимистон аз паи корҳои хоҷагӣ такудав дошт, ба калонсолон дастёрӣ менамуд; молбонӣ, ҳезумчинӣ, тутчинӣ, алафдаравӣ, хирманкўбӣ аз ҷумлаи машғўлиятҳои асосиаш буданд. Хешону ҳамсояҳо бисёр вақт аз ў хоҳиш мекарданд, ки дар навбати молбонӣ ҳамроҳашон рамаи аҳли деҳаро ба кўҳу дара бурда чаронад. Вай ҳеҷ гоҳ баҳона пеш намеовард, намегуфт, ки пойафзол надорад ё ки чамусҳояш даридаанд ва пои луч ҳам бошад, бо иҷозати акааш Мамадаслам ба молчаронӣ мерафт. Ин навраси хушқомати кушодачеҳраро ҳамаи сокинони Тишор ва деҳоти атроф барои меҳнатдўстӣ, боодобӣ, хушмуомилагӣ ва чаққониаш дўст медоштанд.
Яке аз дўстони овони бачагиаш Миршоҳ Қишқорзода чунин ёдоварӣ мекард: «Мо бо Шириншоҳ ҳамсояи наздик будем. Ҳарчанд панҷ сол аз ў хурдтар будам, вале муносибати меҳрубононаю дилсўзонааш аз овони тифлиам ба ман хеле маъқул афтода буд ва ман ҳама вақт мисли соя аз паси ў кашола будам. Ба молбонӣ мерафт, маро ҳамроҳаш мебурд, ба ҳезумчинӣ ба дара мерафт, илтиҷо мекардам, маро ҳамроҳ гирад. Дар ҷойҳои душворгузари кўҳу дара маро пуштора карда мегузаронд, вале ҳеҷ гоҳ аз ин заҳмат дилгир намешуд, чин бар абрў намегирифт, баръакс, шўхикунон мегуфт: «Парво накун, аспи бодпоят дар хидматат ҳозир аст».
Фасли тобистон бачаҳои деҳоти гирду атроф одатан дар поёни деҳаи Паҳшор, дар ҳамвории соҳили дарё, ки бо номи Майдонак ҳанўзҳам машҳур аст, ҷамъ омада, бо бозиҳои гуногун: шиноварӣ, гўштингирӣ, гўйбозӣ, сохтани хоначаҳои гилин машғул мешудем. Аз Тишор ману Шириншоҳ, Саидбеку Дорон, аз Хоса Шоҳиқиём, Бороншоҳ, Шоҳкамол шарикони доимӣ будем. Шириншоҳ, ки нисбати дигарҳо чусту чолок ва серғайрату босалиқа буд, дар ҳамаи ин бозиҳо, ки одатан ба як навъ қувваозмоӣ монанд буданд, ҳамеша пешдаст буд. Вай барои худ ва ман хоначаҳои ҳамшафати калонтару зеботар бунёд менамуд, ман сангу гилро кашонда оварда, пешаш тўб мекардам».
*** **** ****
Мамадаслам, ки раъйи падарро дар бобати омўхтани илму дониш ҳеҷ гоҳ аз хотир намебаровард ва қобилияту зеҳни тези Шириншоҳро дарк намуда буд, фасли зимистон ўро пеши муаллим аз деҳаи Хоса охон Шоҳзодаирон бурд. Пеши охон ягон даҳ нафар бачаҳои 10-12-сола, ки алифборо аллакай ёд гирифта буданд, таълим мегирифтанд. Шириншоҳ аз рўзҳои аввал байни шарикдарсон пешсаф шуд, сабақҳои охонро зуд аз худ мекард, ҳусни хаташ низ аз дигарон беҳтар буд…
(Давом дорад)
Аз китоби Шоҳбаҳор Шоҳхумор: “Ҷавонии ҷовидон”. Хоруғ, 2014.
Хоҳишмандон метавоннад ин китоби хубро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Фарзона Раҳмонова,
мутахассиси Маркази забони
тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ