Ҳаҷви Султон Маҳмуд дар “Шоҳнома”. Буд ё набуд?
Яке аз муаммоҳое, ки аз мутолиаи “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фикдавсии Тӯсӣ бармеояд ва муддати даҳ аср аз офариниши он то кунун сараш баҳс аст, ҳаҷви шоҳ Маҳмуди Ғазнавӣ буд. Пӯшида нест, ки баъди итмоми “Шоҳнома” ҳакими Тӯс онро ба Султон Маҳмуд пешкаш кард, ба умеди он ки қадрдонӣ мешавад. Аммо хилофи интизор шоҳ онро напазируфт.
Ин ҷо сухан зиёд аст. Ҳатто гӯмагӯҳое ҳам ҳастанд, ки Фирдавсӣ “Шоҳнома”-ро аввал мехост ба каси дигар пешкаш кунад (мо дар бахшҳои баъдӣ ба ин мавзуъ бармегардем). Аммо ҳоло гап сар ҳаҷвияи Фирдавсӣ ба Султон Маҳмуд меравад, ки ҳеч касе то ба имрӯз қотеъ нагуфт, ки оё онро Фирдавсӣ навиштааст ё каси дигар.
Аз миёни андешаҳои пажӯҳишгарони “Шоҳнома” таҳқиқоти Евгений Эдеардович Бертелсро аз китоби “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ меорем, ки басо ҷолиб ва қобили мулоҳиза аст. Он ин аст:
Ҳаҷви Султон Маҳмуд. Метавон гуфт, ки дар ҳамаи чопҳои Шоҳнома, то имрӯз ҳам ҳаҷвнома бо сад байт ҳамон шуморе, ки дар оғоз буда, ҳамроҳ аст. Ин пурсиш пеш меояд, матне, ки аз миён рафта аз куҷо пайдо шудааст? Имрӯз дигар гумон намеравад, ки битавонем ин мушкилро бозгушоем. Танҳо метавон ба пиндор даст ёзид. Худ пайдо ва ошкор аст, ки забони ҳаҷв ба забони манзумаи Фирдавсӣ бисёр наздик аст, аммо наметавон онро гувоҳи дурустии ҳаҷвнома баршумурд.
Пеш аз ҳама, ба чанд дидгоҳи таърихӣ менигарем. Оё метавон пазируфт, ки Фирдавсӣ дар оғози садаи ёздаҳуми тарсоӣ, бад-ин гуна бар бартарии бузургони куҳан пой фишоранд? Дар ҳаҷвнома гуфта мешавад:
Парасторзода наёяд ба кор,
Агарчанд дорад падар шаҳриёр.
Сари носазоён барафроштан,
В-аз ишон умеди беҳӣ доштан,
Сари риштаи хеш гум кардан аст,
Ба ҷайб андарун мор парваридан аст.
Чунин дидгоҳҳое бо шиддате бештар дар байтҳои зер, ки овозаи афзунтаре ёфтаанд, дида мешавад:
Чу дайҳимадораш набуд дар нажод,
Зи дайҳимадорон наёвард ёд.
Агар шоҳро шоҳ будӣ падар,
Бар сар барниҳодӣ маро тоҷи сар.
В-гар модари шоҳ бону будӣ,
Маро симу зар то ба зону будӣ.
Гумон намеравад Фирдавсӣ бо кулаборе аз таҷрубаи зиндагии дароз, ки вобастагиаш ба кишоварзони Хуросон бисёр наздик буд, метавонист дорои чунин дидгоҳи пархошгарона бошад, ки ҳамагуна ҳақро барои намояндагони тӯдаҳои мардум аз беху бун бекор кунад. Ҷои гуфторе, нест ки худи шоир ҳам аз деҳқонон буд, аммо охир ӯ медонист ин феодалоне, ки бештар куния аз бани Сосон доштаанд, бо фурӯ афтодан бо ҳар гуна найранг ва дағалкории хурдурез ба чӣ ҳолу рӯзе даромада будаанд. Магар ӯ метавонист дорои чунин дидгоҳи бемаънӣ ва вопасгароёна бошад? Дигар ин, ки медонем Фирдавсӣ миёни солҳои 1020-1026-и масеҳӣ, ҳангоме ки Султон Маҳмуд дар авҷи шӯҳрат ва қудрат буд, дар зодгоҳи хеш даргузашт. Оё метавон ҳатто барои лаҳзае андешид, ки Маҳмуд бо огоҳӣ аз ин ҳаҷв, Фирдавсиро раҳо кард, то ба марги табиӣ бимирад? Агар ин ҳаҷв ба дасти Маҳмуд меафтод, он гоҳ бегумон Фирдавсӣ заҳраи он намеёфт, ки ба Хуросн наздик шавад ва бо он шабакаи густурдае, ки Маҳмуд барои ҷосусӣ (асҳоби барид) дошт, на танҳо дар қаламрави хеш, балки берун аз он ҳам, ҳар куҷо ки шоир пинҳон мешуд, ӯро меёфтанд.
Пас матне, ки мо дар даст дорем аз куҷо омадааст? Ба гумоне бисёр, ин низ бояд барсохтаи ҳамон маҳофиле бошад, ки дар миёни онҳо достоне ҳам, ки пештар дидем ва тоби поёдорӣ дар баробари нақди таърихӣ надорад, пардохта шудааст. Ҳар хонандаи мӯшикофе худаш метавонад ба ин бовар расад, ки ҳамаи байтҳои ҳаҷвномаро ҷудогона метавон дар «Шоҳнома» ёфт (барои ҳамин ҳам аз назари забонӣ тафовуте бо манзума надорад). Аз ин рӯ метавон пиндошт, ки ин ҳаҷвнома байтҳои парокандае ҳастанд, ки чакомасарои ҳирфаӣ онро аз сурудаҳои Фирдавсӣ ҷудо карда, ба якдигар пайванд додааст.
Шояд ҳам тартибдиҳанда, барои пайванди байтҳои пароканда ба ҳам бархе байтҳое низ аз худ бар он афзуда бошад. Менамояд, ки байти ночасби:
Кафи шоҳи Маҳмуди олитабор
Нуҳ андар нуҳ ояд, се андар чаҳор
низ ба ҳамин гуна пайдо шуда бошад. Ин байт андешаи бисёре аз адибони ховарзамин (ва на танҳо ховарзамин)-ро, ки мекӯшиданд маънии торику мубҳами онро бозгушоянд, ба худ машғул доштааст. Онҳо бештар бар ин пиндор будаанд, ки мисраи номафҳуми “нуҳ андар нуҳ омад, се андар чаҳор” ёдовари маънии шумораи ҳарфҳои арабӣ аст. Аммо яксара равшан аст, ки барои бузургтарин шоири поёни садаи даҳум-оғози садаи ёздаҳуми милодӣ чунин шеваҳое маъмул набудааст. Сипас, ба ин пиндор расиданд, ки ин мисраъ Маҳмудро дар парда ба бухл муттаҳам мекунад. Аммо ростӣ, Фирдавсӣ чӣ ниёзе доштааст, ки ин иттиҳомро дар парда биёварад? Нахуст ин, ки агар дар кулл шоире мехост расвоии Маҳмудро ҳар чӣ бештар ошкор кунад, мебоист ҳама шеъри худро ҳамафаҳм месуруд, на ин ки пас аз гузашти ҳазор сол касе натавонад аз он сар дарбиёварад. Агар бияндешем, ки Фирдавсӣ аз бими хашми Султон андешаи худро дар рамзу рози печида нигоштааст, боз мебинем, ки дар ҳамин ҳаҷвия, бе ҳеч рамзе сахттар аз ин дуруштӣ мекунад. Пайдост, ки дар ин ҷо мантиқ равшан нест ва ин пиндор ҷаълӣ ва сохтагӣ будани ҳаҷвро бештар мекунад. Бо ин ки дар садаҳое паёпай ҳаҷвия бо манзума сахт пайванд хӯрдаст, бо ин ҳама равшан аст, ки наметавон бархе ночасбиҳоро дар он надид.
Аз китоби Евгений БЕРТЕЛС “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ”, таҳияи
Ин китобро соли 2015 аз силсила “Тоҷнома. Тоҷикон дар масири таърих” Китобхонаи миллӣ чоп кардааст. “Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ” дар тарҷумаи донишманди эронӣ Сируси Эзадӣ зери назари академик Носирҷон Салимӣ, дар таҳия, вироиш ва баргардони марҳум Муҳаммадалии Аҷамӣ ва муҳарририи профессор Шамсиддини Солеҳ рӯи чоп омадааст.
Таҳияи Орзуҷон ИСКАНДАРОВ,
мутахассиси Маркази “Тоҷикшиносӣ”