Соате бо шеъри Гурез Сафар
Субҳи имрӯз билохира фурсат даст дод, ки китоби “Хандаи тақдир”-и Нависандаи халқии Тоҷикистон Гурез Сафарро мутолиа кунам. Гурези азиз, дӯсти гиромиву ҳамсабақи хушгуфтори ман имрӯз дар бистри беморист. Ҳатто дар як шеъраш гуфтааст, ки беморам нахонед. Оре, бемор аст, вале қалби саршор аз муҳаббат ба зиндагӣ рӯҳи ӯро солимтар аз ҳар солим нигоҳ медорад.
Ман дар бораи шеъри ин китоб баъдтар хоҳам навишт, ҳарчанд мунаққид нестам, вале бардоштҳоямро чун як хонанда сари фурсат менависам. Аммо ҳоло чанд байти мақбулро мехоҳам бо хонандаи ин сатрҳо қисмат кунам.
Ман намегӯям инҳо шоҳбайтанд, чун зарфияти шинохти шоҳбайтро надорам. Вале мегӯям, ки ин байтҳо ҷолибанд, хонданианд, ангезадиҳанда ва мақбуланд.
**** ***** ****
Дидем, гаштааст бадавлат сағирае,
Зинҳор шикваҳо-ш ба поён намерасад.
**** **** ****
Эй, ки гӯӣ, ки ҷаҳон даргузар аст,
Даргузар мову ҷаҳон побарҷост.
**** **** ****
Каси бедард куҷо медонад
Дили поки ману чашмони намам?!
***** **** ****
Аз шеъри асил асар намонда,
Бар гӯш расад шиор бисёр.
**** **** ****
Намозу саҷда меоранд пешаш ин замон ҳар сон,
Худо мақбул бишморад намози ҳақгузоронро.
**** **** ****
Гарчи ҳазор мурғ ба худ нағмагар шавад,
Бо нағми ҳазор баробар намешавад.
**** **** ****
Гулҳои ранг-ранги ҳама гармхонаҳо,
Бар як гули баҳор баробар намешавад.
**** **** ****
Вақте набудам бемор, парвона будам сад ёр,
Акнун зи мани бемор сад ёр ҳазар дорад.
**** **** ****
Шояд, ки раҳад осон одам зи ҳама буҳрон,
Буҳрони вафову меҳр сад гуна хатар дорад.
**** **** ****
Як бори дигар бинам то чеҳраи фарзандон,
Ҳар шаб тани ранҷурам армони саҳар дорад.
**** **** ****
Кас набикшояд дарам дерест боз,
Ташнаи рӯи бародар гаштаам.
**** **** ****
Гарчи будам як замон пурошно,
Ин замон танҳою музтар гаштаам.
**** **** ****
Шоире бо шеъри хоми худ,
Номи оламгир мехоҳад.
Кай ҳамедонад, ки ҳар шеъраш,
Сарбасар таҳрир мехоҳад.
**** **** ****
То он ки бо сухан накунӣ ошноие,
Дар фикри ошноии аҳли сухан мабош.
**** **** ****
Ҳазар аз гуфтаи бедарду калимабозӣ,
Шеъри ман ҳаст ҳама зодаи дарду аламам.
**** **** ****
Ҷипсаворӣ мекунад тойифае бо фахру ноз,
Чипсавориҳояшон аз харсавориҳои мост.
**** **** ****
Ҳар лабе аз хушкмағзӣ замзама дорад шиор,
Хушкмағзеро, Гурез, ашъори тар даркор нест.
**** **** ****
Мард кам гаштасту номард аст беш,
Ин ҷаҳон номардро кам мекушад.
**** **** ****
Дарди талхе, ки маро гаштаст ёр,
Дар гумонам Хизрро ҳам мекушад.
**** **** ****
Рӯзи борон дастаи чатрам ба дасти кас мабод,
Дасти ман нашкаставу худ чатрбардори худам.
**** **** ****
Мероси падар касби падар ҳаст,-бигӯянд,
Мерос бувад сӯзи ҷигар аз падари мо.
**** **** ****
Аз хола агар бӯе, меомадӣ аз модар,
Сад бӯи риё ояд аз холаи имрӯза.
**** **** ****
Гаҳе бинем, дорад беҳунар дасти дароз имрӯз,
Худо кӯтаҳ кунад дасти дарози беҳунарҳоро.
**** **** ****
Ранҷи ман аз меҳрубонии ман аст,
Содагиву покҷонии ман аст.
Мӯҷиби сад пешпоӣ хӯрданам,
Душманамро қадрдонии ман аст.
**** **** ****
Беқадр шуда гуфтаи пири хирад азбас,
Ӯро пас аз ин майл ба гуфтор намондаст.
**** **** ****
Бар мушкили он мом бигирям, ки бари ӯ,
Аз даҳ писараш якта мададгор намондаст.
**** **** ****
Дар кори хайр умре аз азми худ нагаштам,
Гарчи ба ҷои раҳмат гаҳ лаънате шунидам.
**** **** ****
Бишнидаам, ки хоҳар мушфиқ бувад чу модар,
Лекин намекушояд, дерест ӯ дарамро.
**** **** ****
Баски чу килку дафтар ҳамдам намонд дигар,
Бар ду ҷаҳон набахшам ман килку дафтарамро.
**** **** ****
Эй шеър, ба дарди ту фитодаст дилу ҷон,
Сад дард маро як сӯю дарди ту ба як сӯ.
**** **** ****
З-он дӯст, ки як умр намкхӯрдаи мо буд,
Аз ҳоли мо шуда мамнун гила дорад.
**** **** ****
Чун додари фаршеди ман аз хуррамии дил,
Ёде накунад аз мани маҳзун, гила дорад.
**** **** ****
Ҳар шеър, ки бар Ватан бубахшам,
Як мисраи он хато надорад.
**** **** ****
Чун ҳамегӯянд андар анҷуман ҳарфи дурӯғ,
Ноумедӣ дар дилам аз наҷуман пайдо шуда.
Бобоҷон ШАФЕЪ