Академик Шакурӣ дар бораи профессор Сатторзода

   Ҳангоми мутолиаи китоби донишманди маъруфи кишвар, профессор Абдунабӣ Сатторзода  (“Баргузидаи навиштаҳо””. Бахши 3) ба як сарсухани устоди марҳум, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ таваҷҷуҳ кардем. Олими шинохта соли 1982 ба китоби нави устод Сатторзода “Нуқтаи пайванд” сарсухан навиштаву вижагиҳои таҳқиқоти донишманди ҷавонро аз назари илмӣ таҳлил ва аҳли илм муаррифӣ кардааст. 

Мо ин навиштаро айнан ин ҷо меорем ва шумо хонандагони гиромиро ба мутолиаи бахши сеюми “Баргузидаи навиштаҳо”-и устод Сатторзода даъват мекунем. Ин китоб, ки соли 2021 нашр шудааст, ҳоло дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолиа аст. Тавре дар муаррифии кутоҳ омадааст, ин бахш ду маҷмуаи маълуми муаллиф “Нуктаи пайванд” (Баъзе масъалаҳои инкишофи шеър ва накди адабӣ) (1982) ва “Кўҳна ва нав” (Дар шеър, накд ва забон, 2004, 2006) ва мақолаву тақризҳо дар бораи таҳқиқ, нашр ва таълими таърихи адабиёти форсии точикиро дар бар мегирад.

                                          НУҚТАИ ПАЙВАНДИ ФИКРҲОВУ ДИЛҲО

   Он вақт ки адабиётшиносии нави марксистӣ – ленинии тоҷик нахустин қадамҳо мегузошт, метавон гуфт, ки инкишофи он ҷиҳати жанрҳо то андозае хусусияти синкретӣ дошт. Шуъбаҳову жанрҳои алоҳидаи он акнун аз ҳам ҷудо шуда, мустақилона ташаккул ёфта истода буданд ва шакли муайянеро соҳиб шудани баъзеи онҳо имрўз ҳам давом дорад. Як сабаб ҳамин буд, ки бисёр адабиётшиносони мо чи ба адабиёти классикӣ ва чи бо адабиёти советӣ (ҳатто бо танқиди ҷорӣ) баробар машғул мешуданд. Аз ин рўй  яке аз маҷмўаҳои устоди мо профессор И.С. Брангинский «Аз Авесто то Айнӣ» ном дорад.

      Баъдтар адабиётшиносоне ба майдон омаданд, ки тахассуси маҳдудтаре пайдо карданд: фақат бо як жанр ё бо  адабиёти советии тоҷик машғул шуданро беҳтар донистанд. Ин аз маҳдудияти назар не, балки аз мақсади  амиқ бурдани биниши таҳқиқӣ сар зада буд. Ин гуна «тақсимоти жанрҳо» дар байни адабиётшиносон самараҳои муҳим дод ва ба назарам, ояндаи дурахшоне дорад.

    .  Солҳои охир боз як гурўҳ ҷавонон пайдо шуда истодаанд, ки дар тадқиқи илмӣ адабиёти гузашта ва имрўзаро баробар фаро гирифтан мехоҳанд. Вале инро бозгашт ба давраҳои нахустини адабиётшиносии нави мо ҳисоб кардан лозим нест. Акнун ин кор бо мақсадҳои мураккабтар анҷом  ёфта истодаааст. Ин ҷавонон мехоҳанд, ки баъзе протсесҳои муҳиммеро, ки сар то сари таърихи адабиёти моро фаро гирифтаанд, бо инкишофи тадриҷии онҳо ба тарзи мунтазам, то ҳадди имкон яклухт аз назар гузаронанд.

     Аз ҷумлаи онҳо Абдунабӣ Сатторовро ном гирифтан мумкин аст. Мо аз ў гоҳ дар бораи афгори адабию эстетикии асрҳои Х-ХV китобе мутолиа мекунем, гоҳ дар бораи ҷавонтарин шоирони имрўз маколае мехонем.

      Ба Абдунабӣ Сатторов муяссар шуда истодааст, ки мураккабтарин масъалаҳои адабиёти классикии форсу точик ва проблемаҳои протсеси ҷории адабиро ба тарзи ҳайратангез ба ҳам наздик оварда ва алоқаманд карда, ба савияи баланди илмй, гоҳ ба савияи адабиётшиносии умумииттифоқӣ ҳал намояд. Аз ин ҷиҳат, ба назари камина, чи адабиётшиносии сирф ва чи танқиди адабии точик аз Абдунабӣ      Сатторов бисёр умедвориҳо дорад.

    Дар ин маҷмӯае, ки ҳоло дар дасти хонандаи муҳтарам аст, асосан аз шеъри ҳозираи точик ва танқиди он сухан рафтааст.

    Муаллиф баъзе масъалаҳои инкишофи назми моро аз нахустин асари он – аз “Марши ҳуррият”- и устод Айнӣ то эҷодиёти ҷавоншоирони солҳои шасту ҳафтод аз назар гузаронидан мехохад. Вай дар ин баррасӣ баъзе мушоҳидаҳои ҷолиб дорад. Чунин мушоҳидаҳои нозук ва хулосаҳои муҳим дар мақолаҳое, ки оид ба танқиди адабии тоҷик навиштааст, низ кам нестанд.

    Аксари мақолаҳои Абдунабӣ Сатторов баҳсу мунозираро бисёр дар бар гирифтааст. Ин гуна маколаҳо барои ин ки муҳимтарин масъалаҳои адабиëтро тезутундтар ба андеша гирем, яъне барои фаъол кардани афкори танқидӣ, барои суръат додан ба баъзе ҷустуҷӯйҳои эҷодии шоирон аҳаммияти муайян доранд.

  Муаллиф нахустин маҷмӯаи мақолаҳои худро «Нуқтаи пайванд» номидааст. Шояд ӯ бо орзуҳои ҷавонӣ ба ин номи китобаш чандин маънии рамзӣ доданист.

  Мо мехоҳем, ки сухани олимонаи амиқу ҳаққонии ӯ ҳамеша дирӯзу имрӯзу фардоро ба ҳам пайванд диҳад, дилҳоро ба ҳам наздик ва қарин созад, ҳамеша «нуқтаи пайванд» бошад, на боиси парокандагиву ҷудоӣ. Илму адабиëт ҳар кадоме ба тарзи худ дар натиҷаи кашфи ҳақиқат иқтидори инсонро афзоиш медиҳад, ба дилҳо фараҳ мебахшад, ба замири дили мардум тухми неки ва дўстӣ мекорад.

Умедворем, ки ин китоби Абдунабӣ Сатторов ҳам дар ҳамин роҳ хизмат хоҳад кард.

 Муҳаммадҷон Шукуров.

 Таҳияи Гулрӯ Исмоилова