КИТОБИ НАВ. Алӣ Ҷӯра:  “Тулуи  беғуруб”

 Як бағал эссеву ҳикояҳои Алӣ Ҷӯра, ки дар маҷмуаи “Тулуъи беғуруб” чоп шудааст, ба тозагӣ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳам расид. Китоб аз эссеву сафаргуфтаҳо ва чанд ҳикоя иборат аст ва дар умум дуввумин китоб баъди “Камони қомат” мебошад, ки соли 2017 нашр шуда буд.

Китоб бо сарсухани Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Кароматуллоҳи Мирзо рӯи чоп омадааст. Ва арзишмандтарин арзёбӣ аз устоди сухан аст. Тасмим гирифтем ин сарсуханро комил оварем ва худи хонандагон қазоват кунанд, ки кист Алӣ Ҷӯра ва чӣ навиштаву оянда чӣ хоҳад навишт.

ҲАМБОЛИ ОРЗУҲО

 

            Мегўянд, ки ба касе ҷон бахшид Эзид, ўро паи касбу коре офарид.  Аз тифлӣ дар дили  Алӣ меҳри навиштан, пайдо шуд, қалам гирифт, варақҳои сафедро сиёҳ мекард, ба ақидаи худаш, барои рўзномаи ноҳиявӣ «Байрақи ленинизм» («Ҳисори  шодмон» ) мақола менавишт. Боз мегўяд, ки:

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

 «Сулолаи  Дўстовҳо» ба ў мададгор шуданд. Қудрат Дўстов падару писари шуҳратмандаш Зафар. Падар муҳаррири  рўзномаи « Байрақи  ленинизм» ва баъд сарварӣ дар вазифаиҳои дигар. Донишманд, ба китоб меҳр дошта, Зафар Дўстов низ китобдўст, беш мехонда, китобҳои беҳтарини шоиру нависандагонро меҷуста. Зафар назди банда ҳам, ки директори нашриёти «Адиб» будам, барои китоб меомад. Шиносоӣ пайдо намудем, як акси ҳамроҳ гирифтаамон дар китоби «Осорнома»-ам. Зафар омўзгор, таърихнигор. Алӣ аз ў миннатдор. Вай Алиро ба роҳи эҷод талқин менамуда, маслиҳат медода, баъзе хабару мақолаҳояшро таҳрир мекард. Баъд, Алӣ ба донишгоҳ қабул гашт, рўзноманигор шуд. Вале вай Зафар Дўстовро аз хотир намебаровард. Ўро «муаллим” гуфта, эҳтиромашро ба ҷо меовард. «Тулуи беғуруб» ном гирифтани китоб ҳам аз номи эссеи ба вай бахшидаи муаллиф баромада.

               Алӣ  Ҷўра як муддат дар рўзномаи «Ҷумҳурият» низ кор карда. Дар ин ҷо Мазҳабшо  Муҳаббатшоев, Мўсои  Мавлавӣ, Хушбахт  Ҳайдаршо, Ашўр Одина, Ҳусейн  Қутбӣ,  Исо  Раҳим,  Усмон Солеҳ (равонашон шод бод)  Зиё  Абдулло,  Нуриддин  Қаршибоев,  Додоҷон  Рўзиев,  Азизи Сангин,  Фаррух  Ҳусейн,  Абдуқодири  Раҳим,  Самандари  Искандар,  Муҳаммад  Эгамзод  аз ҷумлаи ҳамкорон буданд. Онҳо дар маҷмуъ як мактаби бузурги таълимӣ дар зиндагӣ ва дар роҳи эҷод. Усмон  Солеҳ ба Алӣ Ҷура мисли бародар. Фавти чунин як бародари азиз барояш гарон. Ба ў сим мезада, соатҳо ба ҳам дар суҳбат. Пас аз марги Усмон Солеҳ рақами телефонаш монда. Рақамҳои телефоне, ки дўсташ ба он даст бурда наметавониста. Уро дар эссеаш «муштарии дастнорас» номидааст. Мутаасифона, барои банда ва барои аксари мо барин солмандон чунин муштариёни дастнорас пайдо гаштаанд. Эссею сафарномаҳои муаллифро хонда касс ҳис менамояд, ки ў ба ҳар ҳодисаю воқеа, рухдодҳои хурд низ диққат дода, онҳоро дар навиштаҳо истифода менамояд. Лаҳзае аз эссеи «Гуфтаҳои ногуфта»: назди Усмон  Солеҳ меҳмон меояд, ў ҳамкоронро як-як ба ў мешиносонад:  «-Ин кас ҳазрати Мўсо, дар паҳлуяш ҳазрати Алӣ, ана он кас ҳазрати Исо, – ба ҳуҷраи  кори рў ба рўи дараш боз нигариста, Исо Раҳими саргарми корро нишон дод. Ҳамин вақт, дари лифт кушода шудаву Эгамзод омада, – ҳазрати Муҳаммад ҳам расиданд, – лутфашро идома дода акаи Усмон».

Меҳмон ҳам, ки шўх будааст, аз лутфи Усмон Солеҳ илҳом гирифта, гуфтааст:

          -Ин ҷо ошёнаи ҳазратҳо будаасту мо бехабар. Дигар пои бетаҳорат ба ин даргоҳ намеоем».

     Дар эссеи «Рустоӣ» персонажҳо бибӣ ва набера.

        -Абдулло!

       -Лаббай, бибиҷон.

Суолу ҷавоб то охири эссе. Набера мефаҳмад, ки падари ў  писари Абдулло  Муродови номдор.  Устоди вазири  Иттиҳоди  Шуравӣ  дар намуди баскетбол. Ба  хотири бобо номи ўро Абдулло ниҳоданд. Ӯ дар бораи бобо бисёр чизҳоро фаҳмида мегирад, роҳи тайнамудаи бобо ба  набера писанд. Ӯ як паҳлавон, дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ таҳсил карда, вақте ба хондан рафтааст, бачаҳои шаҳр ўро «рустоӣ» гуфта, таъна заданд. Бобо ба мамлакатҳои  хориҷа сафар мекарда, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат намуда, ғолиб меомада, соҳиби медалҳои тило мешуда, кабўтарҳоро ў дўст медошта, оби чашма, манзараҳои зеборо ҳам. Номи бибиаш Адолат, падари бибӣ нависандаи номдор Ҳабибулло Назаров, дар гузашта раиси Суди  Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон. Набера аз забони бибӣ боз шунида, ки ҳамдеҳагон ба хотири фарзанди машҳурашон мактаби деҳаро ба номи Абдулло  Муродов гузоштаанд. Абдулло калон шавад, дар мактаби ба номи бобо мехонад.

         Дар эссеи « Рустоӣ» бо усули суолу ҷавоби бибӣ ва набера як мавзуи муҳими иҷтимоӣ, тарҷумаиҳолӣ ҳаллу фасл меёбад.

Мавзуи чанде аз эссеҳои Алӣ аз ҳаёти шахсиятҳои номдор, паҳлавонони водӣ – Бобои Абдулло, Мустафо – паҳлавони гунг ва Шералипаҳлавону  Бибишоҳпаҳлавон. Табиист, ки амали аксари паҳлавони асил мардона, тандиҳона, кинагир наоянд. Рақибро мебахшанд, агар ўро мулзам созанд, дасташро мегиранд, ба якдигар дўстони меҳрубон ҳам мешаванд. Худойназар Боқиеви паҳлавони шинохта ҳам табори онҳо. Воқеаҳои ба сари ў омада, дар масҷиди деҳаи  Хонақоҳ ба вуқуъ пайваста. Бобои  Сангини  оқсақол як ду рўзи охир кўча ба кўчаҳои деҳа гашта, садо медод: «Ҳой мардум, нафаҳмидам, нашунидам нагўед, пагоҳ саҳарии  бармаҳал ба масҷид биёед, вохўрӣ бо ҳамдеҳаамон, чемпиони ҷаҳон  Худойназар Боқиев». Аксари мардум,  ҷавонон дар ҳайрат, ки бобои Сангин чӣ мегўяд,  мегўяд, ки чемпиони маъруф  Худойназар  Боқиев ҳамдеҳаи онҳо? Ҳушёр аст ё девона? Аз куҷо вай ҳамдеҳаи мо? Вале онҳо намедонистанд, ки гапи бобои  Сангин ҷон дорад. Калонсолон медонистанд, ки Худойназар ҳамдеҳаи онҳо.  Ва ин медонистагиҳо ҳам беҳисоб монд.

Мардум намози бомдодро хонда, аз дари масҷид баромада овози гиряи кўдакро шуниданд. Аз наздик, аз саҳни масҷид. Саркану покан сўи тифл давиданд.  Кадом модари бераҳме онро дар миёни латтаҳои ҷиғда-ҷиғда печонда, ба масҷид оварда, партофта. Забон дар даҳон нагирифта, навзод ғаш мекард.  Намозгузорон ҳама дар ҳайрат, дар тааҷҷуб.  Инсонҳо чӣ  зоте, ба ҷигарбанди худ раҳм надоранд. Кўдакро ба ҷои гарм, ба ҳуҷраи масҷид дароварданд. Он рўз ҳам бори гарон ба дўши  Сангини хабарчӣ, ки ҷавон буду барои овози баландаш вайро вазифадор карда буданд.  Он рўзҳо Сангин чақону паррон.  Мисли имрўза не, ки асо бар даст, гоҳе такя ба он дар кўчаҳо гашта, мардумро ба вохўрӣ ба ҳамон тифли дар масҷид партофташуда, ба ҷаҳонпаҳлавони имрўз хабар мекард. Он рўз масҷид пур-пури одам буд. Модари тифл ёфт нашуд. Ва кассе ҳам нагуфт, ки тифлро ба фарзандӣ мегирад. Дар охир, хостори кўдак пайдо шуд. Ў подабони деҳа, ки асдан тоҷик набуд, бо завҷааш аз дари масҷид даромад. Гуфт, ки бефарзанданд, дар нохуни фарзанд зор.  Хоҳиш намуд, тифли бесоҳибро ба ў диҳанд.  Калонсолони деҳа дар шоҳидии ҳама онро ба подабон доданд, таъкид шуд, ки кўдакро хор накунад.  Баъди чанде подабон куҷо шуд?  Куҷоӣ буду куҷо рафт?  Аҳволи тифл чӣ шуд? Тақдир ўро аз куҷоҳо ба куҷо бурд?  Подабон чӣ падаре, ки онро зиёд мезада? Рўзе ў таёқро  дар сари Худойназар шикаста.  Вай бо сару рўи ғарқи хун худро ба даруни ғаллазор кашида, дигар роҳ рафта  натавониста, афтодааст.  Вақте ба ҳуш омада, чашм кушода,  дида, ки пирамарди нуроние дар болои сар.  Ў либосҳои сафед дар бар, дар даст тасбеҳ, меҳрубониаш мекард, ғамашро меҳўрд, «Бачам, ояндаи ту нек аст», гуфта нопадид гашта. Дар хона шунид, ки завҷааш подабонро сарзаниш мекард:  «Ту мардак, кори нохуб кардӣ, бачаи мардумро қариб куштӣ» . «Бачаи худам мебуд, намезадам», гуфтааст.  Гутугўи зану шавҳар ба дили  Худойназар алов андохт, ҳайратзада. Падару модари вай кӣ ? Онҳо дар куҷо? Хонанда дар бораи кӣ будани Ҷаҳонпаҳлавон, тақдири ошуфтаи вай ва ба бисёр суолҳои дигари худ аз ҳикояи « Хати тақдир» -и китоб ҷавоб меёбад.

           Як бахши маҷмуа аз ҳикояҳо иборатанд, ки паҳлуҳои мухталифи зиндагии деҳотиёнро фаро гирифтааст. Аз мутолиаи китоби « Тулуи беғуруб» -и Алӣ  Ҷўра бармеояд, ки ҳамаи нигоштаҳои  ў эссе, хотира ва ҳикояҳо бадеият ёфтаанд, моли адабиёт, хонданианд, бо обу ранг, бо забони фасеҳи фаҳмо нигошта шудаанд. Ҳар касеро дар дил орзуе. Алӣ  Ҷўраро орзуҳо  ба нависандагӣ оварда.  Дар ин роҳи мушкил ба ў барор мехоҳам.

  Кароматуллоҳи   Мирзо, 

     Нависандаи  халқии Тоҷикистон. 

Кист Алӣ  Ҷўра?

 

           1-марти соли 1963 дар рустои Тутакаи  шаҳри Ҳисор ба дунё омадааст. Баъди хатми факултаи забон ва адабиёти тоҷики  Иниститути  давлатии педагогии  шаҳри  Душанбе ба номи  Т. Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С Айнӣ) дар мактаби зодгоҳаш (солҳои 1984-1990) ба таълиму тарбияи фарзандони  ҳамдеҳгон машғул буд.

          Баъдан дар нашрияҳои «Варзиш» ( 1990-92), «Ҷумҳурият» ( 1992-97), « Тоҷикистон» (1997) ба сифати хабарнигор кор кардааст. Пас аз он дар идораи Барномаҳои иттилоотии  радиои  Тоҷикистон (1997-2003) дар вазифаҳои муҳаррир ва муовини сармуҳаррир, дар Ширкати Телевизион ва радиои « Ватан» ба ҳайси сармуҳарир фаъолият дошт.

          Ҳамзамон, солҳои 1998-2010 узви маркази матбуоти Раёсати БДА  ВКД ҶТ ва бо фармони Президенти ҶТ солҳои 2000-2005 Машваратчии халқии Суди  Олии ҶТ буд.

          Аз соли 2005 инҷониб дар нашрияи  марказии  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон «Минбари  халқ» кор мекунад. Аз моҳи марти 2014 то имрўз вазифаи муҳаррири масъули ин ҳафтаномаро ба уҳда дорад.

Барандаи  Ҷоизаи  ИЖТ ба номи  Абулқосим  Лҳутӣ (2011):

Барандаи  Ҷоизаи  «Хома» (2013):

«Аълочии  матбуоти  Тоҷикистон» (2009):

«Аълочии  фарҳанги  Тоҷикистон» (2010):

«Аълочии  Телевизион ва радиои  Тоҷикистон» (2018):

           Бо медалҳои  ҷашни «25-солагии  Қувваҳои  мусаллаҳи  ҶТ» (2018), «30-солагии  хурўҷи  неруҳои шўравӣ аз хоки  Афғонистон» (2019) ва бо фармони Президенти ҶТ бо мукофоти давлатӣ медали «Хизмати  шоиста» (2021) сарфароз  гардидааст.

         Ба мамлакатҳои  Афғонистон,  Эрон, Озорбойҷон, Покистон ва Хитой сафарҳои хизматӣ  кардааст.

Маҷмуаи аввалинаш «Камони қомат» (публисистика, Душанбе, «Руская литература» 2017) ном дорад.

« Тулуи беғуруб» китоби дуюми муаллиф аст.

Узви  Иттифоқи журналистони  Тоҷикистон (аз с .1997).

Таҳияи Ойҷонбӣ Азизова