Академик Шарифзода 700 адад китобҳояшро ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон туҳфа кардааст
Дар ин бора нимаи аввали имрўз директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол дар Конференсияи илмӣ-назариявии «Нақши академик Файзулло Шарифзода дар рушди педагогикаи миллӣ» хабар дод.
Дар Конференсияи илмӣ-назариявии мазкур, ки бо ибтикори шуъбаи шуъбаи нигоҳдории рисолаҳои илмии Китобхонаи миллӣ баргузор шуд, Файзулло Шарифзода академики академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, Маҳмадулло Лутфуллозода – академики академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, Ирина Каримова – ноиби Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, академики АТТ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, Муҳаммадовуд Саломиён, президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор, Саидамир Аминов, узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, Мирализода Абдусалом Мустафо, доктори илмҳои педагогӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Саъдуллоҷон Неъматов – доктори илмҳои педагогӣ, профессори Донишгоҳи имллии Тоҷикистон ва дигарон, ҳамчунин намояндагони ВАО ва кормандони Китобхонаи миллӣ ҳузур доштанд.
Директори китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол дар сухани муқаддимотии худ бо ёдоварӣ аз хидматҳои арзандаи Файзулло Шарифзода саҳми ӯро дар омўзиши афкори педагогии мутафаккирони тоҷику форс қобили арзишу шоситаи ситоиш хонд. Вай гуфт, устод мероси илмию адабии гузаштагониро мўшикофона, бо дарки масъулияти баланд мавриди таҳқиқи ҷиддии илмӣ қарор дода, аз ганҷинаи онҳо ба манфиати донишандўзӣ, маърифатпарварӣ, хирадмандӣ, адолатхоҳӣ, инсондўстӣ, ватанпарварӣ, ахлоқи ҳамида беҳтарин далелҳо овардааст.
Ба гуфтаи профессор Файзализода агарчӣ устод Файзулло Шарифзода дар таҳқиқи афкори педагогии мутафаккирони тоҷику форс хидматҳои воқеан шоён кардааст, вале дар осори илмии ў таҳлили афкори тарбиявии сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абўабдуллоҳи Рўдакӣ мавқеи хоса дорад. Зимни омӯзишу баррасии осори педагогии устод Рӯдакӣ Файзулло Шарифзода кӯшиш кардааст моҳияти ҳадафу ормонҳои ин мутафаккирро дар самти тарбияи инсон, ҷойгоҳи илму фарҳанг, тарбияи рӯзгори гузаштагон дар тарбияи маънавиёти шахсии инсон ошкор сохта, ба ин васила бузургию шаҳомат ва аҳамияти мероси ӯро барои тарбияи насли навраси тоҷик нишон диҳад.
Ирина Каримова дар мавзӯи “Файзулло Шарифзода – асосгузори таълими фарогир дар Тоҷикистон” суханронӣ намуда, аз ҷумла чунин гуфт: Олимони ватанӣ Лутфулло Маҳмадуллозода ва Файзулло Шарифзода ба омўзиши масъалаи мазкур машғул буда, ба мо роҳи ҳали мушкилро пешниҳод менамоянд.
Саъдуллоҷон Неъматов, доктори илмҳои педагогӣ, профессор дар мавзӯи “Муҳақиқи муаммоҳои илми инсонофар” суҳабт намуда, афзуд, ки Файзулло Шарифзода бидуни шак муҳақкиқи барҷастаи илми педагогика буда, бо асарҳои бешумораш дар соҳаи мазкур, ки бо таъбири эшон илми инсонофар мебошад, хидматҳои шоистаро ба анҷом расондааст.
Профессор Неъматов мегўяд, ба шарофати пажўҳиш ва ҷустуҷӯҳои пурарзиши хеш саҳифаҳо ва паҳлўҳои навини соҳаи таҳсилот ва таълимро таҳқиқ ва арзёбӣ кардааст. Махсусан пешниҳоди консепсияи таълими ҳамгиро, доктринаи таҳсилоти насли бомаърифати ояндасоз, гузориши масъалаҳои муҳими бунёдӣ ва амалии илми муосири педагогикаи ватанӣ, роҳҳои ҳаллу фасл ва татбиқи он дар фазои таълим иқдоми бузург дар олами омўзиш ва таълим дар муассисаҳои гуногунзинаи мактабу маориф маҳсуб меёбад.
Маврид ба таъкид аст, ки китоби Файзулло Шарифзода «Фикр карданро бояд омўхт» аз ташаккули фарҳаги зеҳнӣ ва рушди маърифати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна дар заминаи фикр кардан қисса мекунад.
Гуфтанист, ки академик Файзулло Шарифзода аз ҷумла пурмаҳсултарин пажӯҳишгарони соҳа ба шумор меравад ва асарҳои «Таълими лексика дар синфи 2» (1982), «Дарсҳои забони модарӣ дар синфи 4» (дастур барои муаллимон, 1990), «Таълими муштарак-асоси инкишоф ва тарбия» (1995), «Назария ва амалияи таълими ҳамгиро дар марҳалаи ибтидоии мактаби миёна» (1997), «Таълими ҳамгиро: проблема, таҳқиқ ва андешаҳо» (иборат аз ду қисм, солҳои 1999-2000), «Масоили актуалии педагогикаи муосир» (иборат аз ду китоб, солҳои 2009-2010), «Актуальные проблемы современной педагогики» (2 қисм, 2009, 2010), «Педагогика: назарияи инсофофар ва ҷомеаи фарҳангӣ» (2010), «Педагогикаи ҳамгиро» (2011), китоби пурарзиши «Очеркҳои афкори педагогӣ» (2005), «Педагогика (курси лексияҳо)» (2006), «Ҳакими маърифат» (2009), «Муаллим – офарандаи накўӣ ва пешравиҳо», «Учитель творец добра и прогресс» (бо ҳаммуаллифӣ, 2011), «Педагогика» (2010), «Ҳикмати афкори педагогии ниёгон» (2012), «Педагогикаи қарни XXI» (бо ҳуруфоти арабӣ, Теҳрон, 2012), «Педагогикаи умумӣ ва касбӣ» (2013), «Методикаи таълими забони модарӣ дар синфи 2» (2014) маҳсули қалами ӯянд.
Дар хотима донишманди маъруф барои саҳми арзанда дар рушди маънавиёти ҷомеа, ҳамкориҳои самарабахш ва ғанӣ гардонидани фонди Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо Сипоснома қадрдонӣ гардид.
Раҳима Бобоева, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.